ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » Вохӯрии вазири корҳои хориҷӣ бо cафири ИМА

Вохӯрии вазири корҳои хориҷӣ бо cафири ИМА

12 август 2024, Душанбе
25
0
Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин cафири фавқулода ва мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мануэл Микаллерро ба ҳузур пазируфт.
Зимни суҳбат ҷонибҳо перомуни ҳолати кунунӣ ва дурнамои густариши ҳамкорӣ байни Тоҷикистону ИМА ва масъалаҳои дигари мавриди таваҷҷуҳи тарафайн табодули афкор намуданд. Дар ин бора ба мо аз хадамоти матбуоти Вазорат иттилоъ доданд. 
 
 
 
Вазири корҳои дохилӣ дар ҷаласаи Шурои вазирони корҳои дохилии 
давлатҳои аъзои ИДМ 
9-уми август дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус ҷаласаи навбатии Шурои вазирони корҳои дохилии давлатҳои аъзои ИДМ баргузор гардид, ки дар он вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода иштирок кард. 
АМИТ «Ховар» иттилоъ додааст, ки дар ҷаласа масъалаҳои ҳамкории афзалиятноки вазоратҳои корҳои дохилии давлатҳои аъзои ИДМ ва ҷараёни иҷрои Барномаи чорабиниҳои муштараки мубориза бар зидди ҷинояткорӣ барои солҳои 2024-2028, татбиқ ва аҳамияти муқаррароти Созишномаи ҳамкории давлатҳои аъзои ИДМ  дар мубориза бар зидди ҷиноятҳо дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
 
 
Мулоқоти вазири кишоварзӣ бо роҳбари намояндагии ФАО дар Тоҷикистон
Вазири кишоварзӣ Қурбон Ҳакимзода бо роҳбари намояндагии ФАО Агаси Арутюнян вохӯрд.
Дар  рафти  суҳбат ҷонибҳо раванди татбиқи ҳамкориҳои судмандро ҷиҳати амалисозии босамари Нақшаи миллии сармоягузорӣ, муборизаи минтақавӣ бар зидди малах ва таҳияи лоиҳаҳои нав дар соҳаҳои рақамикунонӣ, таъсис ва рушди марказҳои мухобиротию машваратӣ ба фермерон, таҳкими занҷираи тухмипарварӣ дар кишвар мавриди таваҷҷуҳи тарафайн қарор гирифт. Дар ин бора маркази матбуот ва иттилооти Вазорат хабар додааст. 
 
 
Густариши ҳамкориҳо байни Тоҷикистон ва Корея дар соҳаҳои тиҷорату саноат 
9-уми август вохӯрии сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея Салоҳиддин Киром бо директори кулли раёсати муносибатҳои тиҷорати байналмилалии Вазорати тиҷорат, саноат ва энергетикаи Ҷумҳурии Корея Ким Ҷонг Чул доир гардид.
АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкориро байни ду давлат дар соҳаҳои тиҷорату саноат баррасӣ намуданд.
 
 
Мизи мудаввар оид ба муаррифии лоиҳаи нав 
Вобаста ба муаррифии "Лоиҳаи навсозии ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ" бо иштироки муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Қиёмиддин Давлатзода, директорони иҷроияи лоиҳаи мазкур, кормандони масъули вазоратҳои меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, гурӯҳи татбиқи лоиҳаҳои амалишаванда мизи мудаввар баргузор гашт.
Зимни муаррифии лоиҳа зикр шуд, ки он аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ маблағгузорӣ гардида, то моҳи июли соли 2027 идома меёбад ва ҳамаи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳуриро фаро мегирад. Дар доираи лоиҳаи мазкур рақамикунонии самтҳои бозори меҳнат ва ҳифзи иҷтимоӣ, дастгирии шахсони бекор, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатии ба Ватан баргашта, пешбурди фаъолияти даромаднок (стартап) ва баланд бардоштани савияи касбии онҳо дар назар аст.
 
 
Намояндагони бахши сайёҳӣ бо таҷрибаи ширкатҳои Гурҷистон 
шинос гардиданд
Дар шаҳри Тбилиси вохӯрии намояндагони Тоҷикистон бо ҳайати Идораи миллии сайёҳии Гурҷистон ва бахши хусусии ин ҷумҳурӣ баргузор гашт. 
Дар Кумитаи рушди сайёҳӣ ба мо тавзеҳ доданд, ки дар вохӯрӣ масъалаи тамоюли рушди саноати сайёҳӣ ва ҳамкории дуҷониба дар соҳа байни ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Гурҷистон баррасӣ шуд. Сафари омӯзишиву  табодули таҷриба дар доираи лоиҳаи «Рушди иқтисодиёти деҳот» ва ба хотири омӯзиш ва таҷриба андӯхтани кормандони соҳаи сайёҳии мамлакат ташкил гардид.
 
 
Даври сеюми Фестивали «Таомҳои миллӣ» ва Озмуни «Зеби дастархон» 
10-уми август дар боғи «Ирам»-и шаҳри Душанбе даври сеюми Фестивали «Таомҳои миллӣ» ва Озмуни нон ва маҳсулоти нонӣ таҳти унвони «Зеби дастархон» ҷамъбаст гашт.
Ҳадафи баргузор намудани чунин фестивалҳо ҳифз ва нигоҳдошти беҳтарин анъана ва суннатҳои миллӣ, тарбияи эҳсоси худшиносӣ ва меҳнатдӯстӣ, баланд бардоштани маърифати оиладории занону духтарон, муаррифии занони ҳунарманду кадбонуҳои соҳибистеъдод мебошад. АМИТ «Ховар» иттилоъ додааст, ки дар доираи чорабинии мазкур бонувон дастархон ороста, дар он навъҳои гуногуни таомҳоро бо маҳорати хосса оро доданд. 
 
 
Ҷаласаи ҳакамони Озмуни байналмилалии «Санъати китоб» 
Дар шаҳри Душанбе ҷаласаи XXI ҳакамони Озмуни байналмилалии «Санъати китоб»-и давлатҳои аъзои ИДМ баргузор шуд.
Аз Вазорати фарҳанг ба мо иттилоъ доданд, ки Озмун аз 10 номинатсия иборат буда, ноширон маҳсули корашонро вобаста ба он пешниҳод намудаанд. Мақсади асосии намоиш дарёфти лоиҳа ва дастовардҳои беҳтарин дар соҳаи табъу нашр ва тарғиби он мебошад.
Санаи нашр: 12.08.2024 №: 153
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив