ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » БА ОЗМУНИ “ДУОИ МОДАР”

БА ОЗМУНИ “ДУОИ МОДАР”

12 август 2024, Душанбе
17
0
 
ХОЛАИ АФСОНАГӮЕ, КИ БА АФСОНА ПАЙВАСТ 
Фотима Ғуломова парвардаи муҳиту фазои фарҳангу маърифат мебошад. Қиблагоҳи хонаводаашон оқои Ҳасан Ғулом аз ҳамсангарону ҳамқисматони устод Абулқосим Лоҳутӣ буд, ки баъди ба кишвари шуравӣ омадан, дар бунёди сохтори нав, таъсис ва рушди мактабу маориф, хоҷагиҳои дастаҷамъона (колхозҳо) ва пешрафти маънавиёту фарҳанги ҷомеаи навин хизматҳои арзишманде кардааст. Дар ин хонаводаи маърифатбунёд ҳунарпешаҳои саршиноси театру синамои тоҷик Фотима, Соҷида ва Исфандиёр Ғуломовҳо ба дунё омада, ба камол расиданд. Ҳарсеи онҳо хатмкардагони Донишкадаи давлатии санъати театрии ба номи А. В. Луначарский (ГИТИС)-и шаҳри Маскав мебошанд.
Фотимаю Соҷида дастпарварони студияи дуюми тоҷикии ин боргоҳи ҳунар буданд, ки аз қофиласолорони театри шуравӣ Б.Н. Бибибов ва О.И. Пижова (шогирдони падари театри рус К.С. Станиславский) сабақи ҳунар омӯхта, дар театри тоҷик марҳалаи ҷадиди ҳақиқатнигориро асос гузоштаанд. Фотима Ғуломова чун ҳунарпешаи хушзавқу соҳибмаърифат, бешак аз пешоҳангони ин таҳаввулоту бозсозии театри миллии мо буд. Ӯ дар рушди санъати театрии тоҷик ҳамчун ҳунарпеша, устоду мураббии шогирдони ин боргоҳи ҳунару зебоӣ ва дромнавису  таҳиягари намоишҳо саҳми зиёде гузоштааст. 
Ман ҳанӯз дар айёми кӯдакиву наврасиҳоям бо садои нарму лаҳни ширини Фотима Ғуломова аз тариқи барномаи “Хоби ширин, хурдтаракон”-и Радиои тоҷик ошно будам. Ин овози хушу гуворо тавассути афсонаҳои шавқангез ба дили кӯчаки наврасон меҳри халқу Ватан, меҳри фарҳангу адаб, завқи китобу китобхонӣ, эҳсоси худшиносиву ифтихор, ҷасорату диловарӣ, некиву накукорӣ, дӯстиву хайрхоҳӣ барин арзишҳои волои инсониро ангеза мебахшид. 
Солҳои донишҷӯӣ Фотима Ғуломова ба гурӯҳи мо аз фанни нутқи саҳна ба таври инфиродӣ сабақ меомӯхт. Дар рӯбарӯи худ дидани холаи афсонагӯ, шунидани ҳамон садои ошно бароям аз хушбахттарин лаҳзаҳои умр буд. Ҳатто, боварам намеомад, ки ин ҳамон холаи ширинсухан аст, ки бо афсонаҳои ҷолибу шавқовари худ дар қалби ман айёми наврасиҳо меҳри ҳунару завқи суханвариро бедор кардааст. Меҳрубониву шафқат, ҳалимиву хоксории устодро аз пиндорам бештар дарёфтам.
Бо даъвату роҳнамоии устодон ба хотири андӯхтани дарсу таҷрибаи амалӣ зуд-зуд ба тамошои намоишҳои театр мерафтем. Намоишҳое, ки Фотима Ғуломова дар онҳо нақш мебозид, ба мисли “Ҷон, модаракон“, “Бунафша – духтари деҳ”, “Бой ва хизматгор”, “Ҳуррият”, “Муфаттиш”, “Ҳайвонотхонаи шишагин” ва ғайра аз диданитарин намоишҳои Театри давлатии академии драмаи ба номи А. Лоҳутӣ буданд. Қаҳрамонҳои саҳнавии ӯ бо ҷазабаи ҳунар, бо садои нарму гуворо, бо рангу тобишҳои мухталифи маҳорату истеъдод, бо табииву самимӣ буданашон дар хотирҳо нақш мебастанд. Хусусан, намоиши ”Ҷон, модаракон” ва саҳнаҳоеро, ки апаи Фотима, Убайдулло Раҷабов ва Мушаррафа Қосимова иҷро мекарданд, гаштаву баргашта тамошо менамудем.
Баъди хатми Донишкадаи давлатии санъат (ҳоло ДДФСТ ба номи М. Турсунзода) низ, ман дар ҳалқаи ҳунармандони бузурги Театри ба номи Лоҳутӣ аз меҳри модаронаи апаи Фотима пайваста бархӯрдор будам. То ҳадде хоксору заминӣ ва мушфиқу меҳрубон буд, ки мо дар ҳузуру суҳбатҳояш худро чун дар ҳалқаи ҳамсолону ҳамболонамон ҳис мекардем. Дар душвориҳои роҳи эҷодӣ ва дар гирудори рӯзгори нобасомон низ, гармии дилу меҳру шафқати модаронаи апаи Фотима барин бонувони покдилу поксиришт ҳамеша илҳомбахшу неруи калбҳои мо ҷавонон буданд.
Фотима Ғуломова дар зиндагӣ ва дар роҳи эҷод ба бисёр душвориву бухлу ҳасад ва кину нотавонбиниҳо дучор омада бошад ҳам, ба ҳамаи он мардона тоб овардааст. Ба ҳама зиштиву ноҷӯриҳо бо иродаву таҳаммул, бо дили поку содагии хоси худ, бо азму нияти неку наҷиби хеш посух додааст. Паҳнои истеъдоду маҳорати Фотима Ғуломова хеле васеъву доманадор – фарогири лирикаву мазҳакаи нозук, драмаву фоҷиаи пурэҳтирос буд. Дар нақшҳои Любочка (“Камбағалӣ айб нест”-и Н. Островский), Шоҳдухтар («Шоҳ – гавазн »-и К. Готси), Нигина (“Рӯдакӣ”-и С. Улуғзода), Умеда («Ҷон, модаракон»-и А. Қаҳҳор), Бунафша (“Бунафша – духтари деҳ”-и М. Иброҳимов), Рина («Худораҳматӣ»-и Б. Нушич) ва ғайра нафосату назокати занона, ишқу зебоӣ ва лирикаи баланди пуртароватро дармеёбем. Дар симои Гурдофарид (“Рустам ва Суҳроб”-и Ғ. Абдулло) Фотима Ғуломова зебоиву латофати занонаро бо ҷасорату диловарӣ, матонату мардонагӣ хеле ҳунармандона омезиш ва пайванд дода буд. Хонзодаи ӯ аз “Бой ва хизматгор”-и Ҳ.Ҳ. Ниёзӣ занест бо виқору кибру ғурур, ки муҳит ва гузашти айём ӯро бераҳму бешафқат ва золиму сангдил гардондааст. Ҳирсу худхоҳӣ ва дурӯягиву маккориро дар симову рафтори зан Фотима Ғуломова дар образи Гонерил (“Шоҳ Лир”-и В.Шекспир) хеле равшану табиӣ таҷассум карда буд. Ҳамин гуна зани сабукмағзу сабукфикр худхоҳу хаёлпарастро ҳунарпеша дар симои қаҳрамонаш Анна Андреевна («Муфаттиш»-и Н.В. Гогол) басо пуробуранг ва бо танзу зарофати латифу сабук офаридааст.
Баъдан, бо тақозои синну сол ва таҷрибаи бойи ҳунарварӣ, Фотима Ғуломова дар саҳнаи театр ва синамо чандин нақшҳои ҷолиб офарида, образи зан-модар, хосса модари тоҷикро бо ҳама ормонҳо ва хислату хуссусиятҳои миллӣ таҷассум намуд. Модари аламдор аз намоиши “Омӯрзиш”-и Б. Абдураззоқов аз ҷумлаи беҳтарин нақши занона дар иҷрои ӯ шинохта шудааст. Ба ин намоиш ва хусусан нақши бозидаи Фотима Ғуломова, тамошогарон ва театршиносони варзидаи Россия ва Фаронса баҳои баланд додаанд. Мақолаи театршиноси маъруфи рус Римма Кречетова дар хусуси намоиши «Омӯрзиш» ва нақши бозидаи Фотима Ғуломова дар маҷаллаи “Иные берега” («Соҳилҳои дигар») далели ин гуфтаҳост. Дидани наворе, ки дар Порис ба ҳунару истеъдоди Фотима Ғуломова тамошогарони хушзавқу бофарҳанги фаронсавӣ дақиқаҳои тулонӣ кафкӯбӣ мекарданд, бароямон чӣ қадар ҳаяҷонбахшу ифтихорангез буд.
Вақте ман эҳсосоту бардошти пурифтихори хешро аз тамошои он навор ба апаи Фотима иброз медоштам, ӯ бо меҳру хоксории ба худ хос гуфт:  “Ин хизмати муаллиф ва коргардони намоиш аст”.
Апаи Фотимаву Хайрӣ Назарова мисли апаву хоҳар ба ҳамдигар меҳрубону мушфиқ буданд. Ҳар субҳи рӯзи сешанбе дар оғози ҳафтаи кории театр, вақте ки онҳо ба ҷамъомади ҳайати эҷодӣ меомаданд, фазои толори актёронро сафову нури хосса, анвори муҳаббату фарҳанги асил фаро мегирифт. Имрӯз ҷойи ин ҳунармандони мумтозу модарони нуронӣ холист.
 
Ортиқ ҚОДИРОВ,
Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон
Санаи нашр: 12.08.2024 №: 153
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив