ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ.  ҲАЙАТИ ОЛИМПИИ ТОҶИКИСТОН БО 3 МЕДАЛ БАРМЕГАРДАД

БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ.  ҲАЙАТИ ОЛИМПИИ ТОҶИКИСТОН БО 3 МЕДАЛ БАРМЕГАРДАД

12 август 2024, Душанбе
11
0
33-юм Бозиҳои Олимпиада дар шаҳри Парижи Фаронса, ки 26-уми июл оғоз гардида буд, шаби 11-уми август бо баргузории маросими пӯшидашавӣ анҷом ёфт.
Ҳайати олимпии Тоҷикистон, ки аз 14 варзишгар иборат буд, сазовори се медали биринҷӣ гашт, ки таърихӣ аст. Қаблан дар ягон бозиҳои тобистонаи олимпӣ варзишгарони мо 3 медал нагирифта буданд. Медалҳоро Сомон Маҳмадбеков (-81 кг), Темур Раҳимов (+100 кг) дар ҷудо ва Давлат Болтаев (-92 кг) дар бокс сазовор гаштанд. Ҳамчунин, ду варзишгари дигарамон натиҷаи беҳтар нишон доданд – Виктор Рассадин (-74 кг) дар гӯштии тарзи озод ҷойи панҷум ва Эмомалӣ Нуралӣ (-66 кг) дар ҷудо ҷойи ҳафтумро касб карданд.
Ёдрас мешавем, ки медаловарони Олимпиада бо мукофоти арзишманд қадр мешаванд. Ба ҳар кадоми онҳо 200 000 сомонӣ ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 10 000 доллари ИМА аз тарафи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, инчунин манзили якҳуҷрагӣ аз тарафи МИҲД-и шаҳри Душанбе супурда хоҳанд шуд. Ҳамчунин, Давлат Болтаев аз ҳисоби Ассотсиатсияи байналмилалии бокс 25 000 доллари ИМА дарёфт хоҳад кард. Дар баробари ҳамаи ин, ин се варзишгар то охири умр ҳар моҳ дар ҳаҷми 20 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, ки феълан ба 1440 сомонӣ баробар аст, маош мегиранд.
Ҳамин тариқ, шумораи медалҳои олимпии Тоҷикистон дар замони соҳибистиқлолӣ ба 7 адад расид – 1 тилло, 1 нуқра, 5 биринҷӣ.
Дар Бозиҳои олимпии Париж-2024 варзишгарони 91 давлат сазовори медал шуданд, аз ҷумла намояндагони 63 давлат медали тилло ба даст оварданд. Дар ҷадвали ҳисоби медалҳо ИМА бо 126 медал (40 тилло, 44 нуқра, 42 биринҷӣ) садрнишин шуд. Чин бо 91 медал (40-27-24) мақоми дуюм, Ҷопон бо 45 медал (20-12-13) ҷойи сеюмро касб намуданд. Тоҷикистон бо 3 медали биринҷӣ дар ҷойи 79-ум мавқеъ ёфт.
 
МАРОСИМИ ПӮШИДАШАВӢ
Маросими пӯшидашавии Бозиҳои олимпии Париж-2024 ба фарқ аз маросими кушодашавӣ, ки дар соҳили дарёи Сена доир гашт, варзишгарону мухлисон дар варзишгоҳи “Стад де Франс” ҷамъ омаданд. Парчамбардори ҳайати олимпии Тоҷикистон Давлат Болтаев буд.
Президенти Кумитаи байналмилалии олимпӣ Томас Бах гуфт: “Бо вуҷуди ҳама ташаннуҷҳо дар ҷаҳони имрӯза, шумо, намояндагони 206 кумитаи миллии олимпӣ ва дастаи олимпии паноҳандагон ин ҷо омадед, то шаҳри Нурро аз ҳарвақта бештар дурахшонтар созед. Дар Деҳаи олимпӣ зери як бом оромона зиндагӣ кардед. Якдигарро ба оғӯш гирифтед, эҳтиром кардед, ҳатто кишварҳоятон бо сабаби ҷангу низоъ аз ҳам ҷудо бошанд ҳам. Шумо маданияти сулҳро ба вуҷуд овардед.
Мо медонем, ки Бозиҳои олимпӣ сулҳро эҷод карда наметавонанд. Аммо метавонанд фарҳанги сулҳеро ба вуҷуд оранд, ки ҷаҳонро илҳом бахшанд.
Бозиҳои олимпии Париж-2024 бозиҳои давраи нав буд. Бинобар ин, ба ҳамаи дӯстони фаронсавиамон миннатдорӣ баён мекунам”.
Дар маросим парчами олимпӣ ба раиси шаҳри Лос-Анҷелеси ИМА Карен Басс супурда шуд, ки соли 2028 мизбони 34-ум Бозиҳои олимпӣ мебошад.  
 
БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ  ПАРИЖ ДАР РАҚАМҲО
Бозиҳои олимпии Париж-2024 аввалин бозиҳо буд, ки бо баробарии пурраи гендерӣ доир гашт, зеро КБО 50 дарсади ҷойҳоро барои варзишгарони зан ва 50 дарсадро барои варзишгарони мард ҷудо кард. 
 
ВАРЗИШ
- 19 рӯзи мусобиқот;
- 32 намуди варзиш;
- 35 майдони мусобиқа;
- 1 намуди варзиш, ки бори аввал ба барномаи Бозиҳои олимпӣ ворид гашт: брейкданс;
- 329 маҷмуи медалҳо;
- 5084 медал бо истифодаи 18 грамм оҳан аз бурҷи Эйфел;
- 125 рекорди олимпӣ дар 10 намуди варзиш;
- 32 рекорди ҷаҳонӣ дар 8 намуди варзиш;
- 4 кумитаи олимпӣ аввалин медали тиллои Бозиҳои олимпиро сазовор шуд: Ботсвана, Доминикан, Гватемала, Сент-Люсия;
- Албания, Кабо-Верде, Доминикан, Сент-Люсия аввалин медали олимпӣ ба даст оварданд;
 
МУХЛИСОН
- Дар саросари Париж ва Фаронса, мухлисон майдонҳои мусобиқа ва садҳо ҷойи ҷашниро пур карданд;
- аз 10 миллион чипта зиёда аз 9,5 миллионаш фурӯхта шуд;
- 145 000 тамошогар аз тамоми ҷаҳон дар 743 минтақаи мухлисон ҷамъ омад, то варзишгаронро руҳбаланд кунанд ва фазои идона эҷод намоянд;
- қариб як миллион нафар барои тамошои ду марафони велосипедронӣ, ки 3 ва 4-уми август баргузор шуд, ба кӯчаҳо баромад;
- зиёда аз 6 миллион мухлиси хориҷӣ ба Париж омад;
- 196 ҳайати олимпӣ (96 фоиз) як варзишгари мард ва як занро ба ҳайси парчамбардор интихоб кард.
Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 12.08.2024 №: 153
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив