ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » СӢ ФАРЗАНДИ ЯК МОДАР

СӢ ФАРЗАНДИ ЯК МОДАР

13 август 2024, Сешанбе
20
0
 
Ӯ, Моҳшариф Фидоева сӣ фарзанд дошт: 27 писару 3 духтар ва танҳо дар як ҷо, дар Мактаб-интернати №2-и ба номи А. Деҳотии (ҳоло “Сарпараст”) шаҳри Кӯлоб. Дар хона, ҷойи зисташ чанд фарзанди дигар дошт, намедонистем ва то ҳанӯз ҳам намедонем, агарчи аз ин миён беш аз 50 сол гузаштааст.
 
Оре, ӯ мураббии мо набуд, модари мо буд, агарчи ҳеҷ гоҳ ба забон вожаи “модар”-ро нисбаташ намеовардем, аз он рӯ, ки модари мо аз дунё реҳлат карда буд. Намехостем ҷасади беҷони модарамонро пеши рӯ биёрем ва мураббиамонро баробар бо мурдагон биҳисобем.
Модари мо, модари сӣ фарзанд, ба зоҳир зебо набуд, аммо дилаш, ботинаш чунон зебо буд, ки тасаввураш шояд барои дигарон маҳол бошад.
Бо диданаш табассум ба лаби мо медавид, шод мешудем. Шукр мегуфтем, ки омадааст. Кораш дар навбати аввал ҳар рӯз аз соати 6-и саҳар то 9 оғоз меёфт. Моро аз хоб бо лутфу меҳрубонӣ, бо вожаи “бачаҳоям” бедор мекард ва ба варзишгоҳу макони дастурӯшӯӣ мебурд. Пеш аз ин назорат мебурд, ки оё сачоқ, хамираи дандоншӯӣ, шоткаҳоямонро бо худ гирифтаем ё не. “Саросема нашавед, фурсат дорем”, - мегуфт. Овозаш, лаҳни гуфтораш ба гӯш басо форам мерасид.
Боз қаторамон намуда, ба ошхона мебурд. Хӯроки ҳар нафари моро медид ва мутмаин мешуд, ки чизе аз ғизоҳо кам нест, оромиш пайдо мекард. Мо ин ҳамаро медидем, вале он замон мисли имрӯз ба кораш, ғамхориаш, самимияташ, меҳрубониаш пай намебурдем. Аз ҳама бадаш ин буд, ки изҳори сипос намекардем.
Ба хобгоҳ бармегаштем. Либосҳои мактабиамонро ба бар менамудем. Медид, ки оё куртаву шими ҳамаи мо уту карда шудааст ё не. Боре куртаву шим ва галстуки се ҳамсинфамон уту нокарда буд. Худаш онҳоро уту кард ва мисли модар пӯшондашон. Сарзаниш накард. Ҳама аз ин амал шарм доштем ва минбаъд ба либосҳоямон махсус аҳамият медодем, то мураббиамонро наранҷонему кораш нафармоем. Ҳарчанд, ӯ одати ранҷиш надошт.
Пеш аз садои занги мактаб, соати 9 моро вориди синфхона мекард ва баъд ба хонааш мерафт. Бо анҷоми дарсҳо ин мураббиамон боз меомад. Истиқболи мо аз ӯ ҳамеша гарму самимӣ буд. Ҳоли ҳар кадомамонро мепурсид. Баъд аз хӯрдани ғизои нисфирӯзӣ моро андак ба бозӣ, фароғат ҷалб мекард. Аз соати 14, нисфирӯзӣ то 16 вақти тайёр кардани дарсҳо барои фардо буд. Ёриашро дар ин маврид ҳам эҳсос мекардем.
Ӯ ҳамеша, ғайримуқаррарӣ, на мисли дигар мураббиҳо, пижаке ба бар дошт. Дар ҷайбҳояш дар нимрӯз тину сӯм (ҳоло дираму сомонӣ), меовард. Дар дафтарчааш номҳои касонеро, ки тин ё сӯм медод, менавишт. Ҳар нафаре аз мо, агар барои ҳоҷате зарурӣ маблағашро пурра ё миқдоре аз онро мепурсид, медод. Баъзе хонандагон аз лутфу меҳрубониаш истифода мекарданд ва дар рости номашон мисли хатти ӯ маблағи муайнро менавиштанд. Мураббиямон ё худ модарамон гӯё ба ин аҳамият намедод. Як рӯз аз рӯйи дилсӯзӣ ба навъе хабар кашидам ва ҳақиқати ҳолро баён доштам. Маро бо диққат гӯш кард. Дар ин лаҳза дидам, ки чашмонаш пур аз об шуданд. Ман андешидам ва дарунӣ аз худ пурсидам: “Оё модарамро боре бо чашмони пуроб дидаам?”. Посух наёфтам, чун надида будам.
Мураббӣ дар посух ба ин “хабаркашиам” изҳор дошт: “Медонам, ҳамаро медонам, аммо дилам намешавад, ки амалашонро пеши рӯяшон биёрам ва бигӯям дигар ин корро накунед. Шумо ятимед ва ҳам хурд. Агар ятим намешудед, ба ин даргоҳ ҳеҷ кадоматонро намеоварданд. Ба пул муҳтоҷед, ниёз доред ва ҳам ҳанӯз хурдсолед, ки ин корро мекунед. Фардо, ки калон шудед, амалҳоятон пеши рӯ меояд ва пушаймон мешаведу шарм медоред. Мехоҳед омада узр пурседу маблағҳои ноҳақ гирифтаатонро баргардонед, аммо шояд он вақт ман аз дунё реҳлат карда бошам. Медонам, дар ин маврид, ки маро намеёбед, бештар ранҷ мебаред ва гиря гулугиратон мешавад. Хоҳиш мекунам, худро сарзаниш накунед, ман ҳамаро бахшидаам, аз касе норозӣ нестам ва намешавам. Ин қадар кофист, ки ёдам кунед ва дар ҳаққам дуои хайр хонед. Ман кӯшиш кардаам ва мекунам, ки ин сӣ нафарро камтар аз фарзандонам намедонам”.
Дар ҳақиқат, баъдҳо ҳамсинфонам аз он амалҳояшон пушаймон шуда буданд ва бо чашмони пуроб мегуфтанд, дигар модарамон нест, аз ӯ узр пурсида наметавонем. Розием, даҳҳо, садҳо баробар он пулҳоро баргардонем. Ман ба онҳо суханони модарамонро гуфтам ва андак тасалло ёфтанд.
Модари меҳрубони мо дигар дар ин дунё нест, зинда нест, аммо дар дили мо, хотираҳои мо – 30 нафар ятим зинда аст. Ҳамеша пеши рӯяш меорем ва мегӯям: “Мураббии азиз, Моҳшариф Фидоева, дар он айём, айёми кӯдакӣ, ки мо ба навозишу меҳрубонии модар бисёр ниёз доштем, ба мо модарӣ кардӣ. Осон набуд сӣ нафарро чун фарзанд баробар дӯст доштан ва дасти навозиш ба сар бурдан. Ҳамчунон ки натавонистем ба модари худ, оне ки моро зода буд, фарзандвор хизмат бикунем, ба Шумо низ хизмат намудан дар насибамон набудааст.
Модари азизи мо, агар саҷдаву таъзим ҷоиз буд, ҳароина пеши поятон ва худи Шумо саҷдаву таъзим мекардем. Ба ростӣ, дасту пойҳоятонро фарзандвор мебӯсидем ва изҳори сипос менамудем”.
Абдулқодири РАҲИМ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 13.08.2024 №: 154
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив