ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ДЕҲОТ. НАҚШИ КИТОБХОНАҲО ДАР ТАРБИЯИ ҲУҚУҚИИ ҶАВОНОН

ДЕҲОТ. НАҚШИ КИТОБХОНАҲО ДАР ТАРБИЯИ ҲУҚУҚИИ ҶАВОНОН

14 август 2024, Чоршанбе
20
0
38 сол муқаддам дар Шурои диссертатсионии Донишкадаи давлатии Москва китобхонашиноси маъруфи тоҷик Ҷелмат Шерматзода таҳти унвони «Китобхонаи деҳот чун субъекти тарбияи ҳуқуқии ҷавонон» рисолаи номзадии худро дифоъ намуд. Муҳаққиқ афкори мухталифи олимони риштаҳои гуногуни илмро марбут ба ҳадафи тарбияи ҳуқуқӣ бо ҳусни зеҳн ва мулоҳиза таҳлил намуда, мафҳуми ҳадафи тарбияи ҳуқуқиро дар шакли мукаммал чунин тафсир кардааст: «Тарбияи ҳуқуқӣ таъсиррасонии муташаккил, мутассил ва боҳадаф ба шуури одамон буда, барои ташаккули ҳисси эҳтиром ба қонун, боварӣ ба одилона ва ногузир будани он, азхудкунӣ, фаъол будан дар эҷоду истифодаи қонунҳо мусоидат менамояд».  
Барои ба ҳадаф расидан Шерматзода бо истифода аз маводи зиёди чопӣ ва натиҷаи таҳқиқот нақшу мақом, ҳадафу вазоиф ва хусусиятҳои хоси кори китобхонаро дар тарбияи ҳуқуқӣ возеҳу равшан асоснок намуда, бартарии фаъолияти китобхонаро чун зоти тарбияи ҳуқуқӣ нисбат ба дигар системи воситаҳои тарбиявӣ шарҳу эзоҳ додааст. Ба ақидаи ӯ, ҷанбаи такянамоӣ ба ахлоқу одоб, истифодаи амалии қонунҳо дар фаъолияти китобхона вобаста ба тарбияи маданияти ҳуқуқӣ бартарӣ дорад. Ҷиҳати дигари фарқкунандаи фаъолияти китобхонаҳо дар он аст, ки ташриф ба он ихтиёрӣ буда, фондаш дастраси умум мебошад. Аз ин рӯ,  дар раванди тарбияи ҳуқуқӣ китобхона аз услуби маҷбуркунӣ пурра даст кашида, ба услуби боваркунонию эътимодбахшӣ такя менамояд. Дар муқоиса бо воситаҳои ахбори омма афзалияти китобхона боз дар он аст, ки баробари истифодаи чорабиниҳои оммавӣ имкони хуби кори инфиродиро доро буда, дар раванди мураккаби роҳнамоии хониш фаъолона ширкат меварзад.
Яке аз самтҳои асосии фаъолияти китобхона роҳбарии хониш мебошад. Самаранокии роҳбарии хониш, қабл аз ҳама, аз дақиқ донистани рағбатҳои хонандагон вобаста аст. Муайян намудани майлу рағбати хонандагон таҳқиқи вазъи таъмини китобхонаҳо ба адабиёти ҳуқуқӣ, омилҳои объективию субъективии таъсиррасонӣ ба ҳадаф ва сабаби хониши чунин адабиёт, омӯзиши муносибати хонандагон нисбат ба мазмуну мундариҷаи чорабиниҳои китобхона доир ба тарбияи ҳуқуқии ҷавононро тақозо намуд. 
Барои ҳаллу фасли масоили мазкур Ҷ. Шерматзода дар баробари омӯзиши адабиёти назарӣ ташкилу баргузории таҳқиқоти сотсиологиро зарур дониста, солҳои 1982-1985 роҷеъ ба хониши адабиёти ҳуқуқӣ дар китобхонаҳои деҳоти Тоҷикистон таҳқиқот доир намуд. Тавассути пурсишномаҳо ва дигар услубҳои таҳқиқотӣ фикру мулоҳизоти 1873 хонанда ва 320 китобдорро мавриди таҳлил қарор дод. Таҳқиқоти мазкур имкон дод, ки шароитҳои асосии таъсиррасонӣ ба фаъолияти мунтазами китобхонаҳои деҳот дар тарбияи ҳуқуқии ҷавонон бо назардошти гуногунии майлу рағбат ва эҳтиёҷоти хонандагон ба адабиёти ҳуқуқӣ, вазъи таъмини китобхонаҳои деҳот ба адабиёти ҳуқуқӣ, сатҳи дониши тахассусии китобдорон дар ин самт, мазмуну мундариҷаи чорабиниҳои китобхонаҳо, хусусиятҳои хосси гурӯҳҳои алоҳидаи истифодабарандагони адабиёти ҳуқуқӣ, мақсаду вазифаҳои марказҳои илмӣ-методӣ, ҳамкории китобхонаҳо бо институтҳои соҳаи ҳуқуқ муайян ва асоснок карда шаванд. 
Бори нахуст аз дидгоҳи илмӣ баррасӣ шудани шароитҳои иловагии иҷтимоӣ-психологӣ ва ташкилӣ-методии такмили фаъолияти китобхонаҳо дар тарбияи ҳуқуқӣ, муайян кардани омилҳои иҷтимоӣ-демографӣ ва инфиродӣ-психологии ташаккули рағбатҳои хониши адабиёти ҳуқуқӣ ва тибқи нишондиҳандаҳои фарҳанги иттиллотӣ ба гурӯҳҳои асосӣ ҷудо намудани хонандагон – навоварии таҳқиқот ҳисоб меёбанд. Хулоса ва тавсияҳои муҳаққиқ барои беҳтар намудани сифату самарабахшии фаъолияти тарбиявии китобхонаҳои мамлакат, таҳияю эҷоди маводи таълимию услубӣ шароит муҳайё сохта, дар таҳқиқу баррасии масоили назариявию методологии илми китобдории тоҷик чун раҳнамои бунёдӣ мавриди истифода қарор гирифтаанд. 
 
Шариф КОМИЛЗОДА, 
номзади илмҳои педагогика, дотсент
Санаи нашр: 14.08.2024 №: 155
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив