ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ДЕҲА ВА ДЕҲОТ. НОМҲО ТАЪРИХ МЕСОЗАНД

ДЕҲА ВА ДЕҲОТ. НОМҲО ТАЪРИХ МЕСОЗАНД

14 август 2024, Чоршанбе
11
0
Ба шарофати соҳибистиқлол гардидани кишвар, ҳамзамон, сиёсати ватандӯстонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон ба дастоварду комёбиҳои назаррас ноил гардид. Дар баробари тараққиёти босуръати  соҳаҳои ҳаётан муҳими иқтисодӣ ва иҷтимоӣ бо анҷоми корҳои ободонию созандагӣ Ватани гул-гулшукуфони мо симои худро куллан дигар намуд. 
Дар ин раванд бо дидани рушди бемайлони ҳудуди кишвар, манзараҳои  тасхиркунанда, биною иншооти замонавӣ, кӯчаю хиёбонҳои гулпӯш, накҳати форами гулу сабзаҳои диққатҷалбкунанда мебояд, ки номи деҳа, объектҳои ҷуғрофӣ ва маҳалҳои аҳолинишин низ бо ин зебоиҳо тавъам бошанд. Бо мақсади огоҳӣ пайдо намудан оид ба ҷараёни корҳо дар самти номгузорӣ ва номивазкунии маҳалҳои аҳолинишини ҳудуди кишвар масъалаи мазкурро пайгирӣ намудем. 
Тибқи протоколи ҷаласаи назди ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа аз 1-уми марти соли 2021, № 16/10-55 ҳалли масъалаҳо оид ба номивазкунии маҳалҳои аҳолинишин ба зиммаи Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор шудааст.
Тавре Шарифҷон Ҷумъазода, раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, иброз дошт, Кумита бо мақсади иҷрои вазифаҳои худ корҳоро дар самти номивазкунии маҳалҳои аҳолинишини шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар асоси ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда идома дода истодааст. Бо мақсади амалӣ намудани дастуру супоришҳо оид ба ин масъала,  аз мақомотҳои иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дархост карда шуд, ки ҳуҷҷатҳоро вобаста ба иваз намудани номҳои деҳа ва деҳот, номгузории маҳалҳои аҳолинишини навбунёдро, ки тағйир додани номҳояшон бо номҳои мутобиқ ба феҳристи номгузорӣ ва мутобиқ ба номҳои зебои тоҷикӣ ва таърихӣ зарурат доранд, инчунин, ба категорияи шаҳрак мансуб донистани деҳот, мутобиқ ба талаботи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти маъмурию ҳудудии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар мувофиқа бо Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаҳои маҷлиси вакилони халқ баррасӣ намуда, ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд.
Дар асоси маълумоти пешниҳоднамудаи раёсати кор бо мақомоти идоракунии маҳал ва раёсати маориф, фарҳанг ва иттилооти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷониби гурӯҳи кории дахлдор дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 12593 номи объекти ҷуғрофӣ ва маҳалҳои аҳолинишин баррасӣ гардид, ки аз он 7682-тоаш объекти ҷуғрофӣ ва 4911-тоаш маҳалҳои аҳолинишин мебошанд. Тибқи ин маълумот, 4833-тоаш ба гурӯҳи номҳои ивазшаванда дохил мешавад, ки 4031-тоашро объекти ҷуғрофӣ ва 802-тоашро номҳои ғайримеъёрии маҳалҳои аҳолинишин ташкил медиҳад. Аз ҷумла, дар шаҳру ноҳияҳои ВМКБ 52, вилояти Суғд 170, Хатлон 342, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 238 номи деҳа дар назар дошта шудааст. 
Мавриди зикр аст, ки то инҷониб аз тарафи Кумита зиёда аз 170 номи ғайримеъёрии маҳалҳои аҳолинишини шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ иваз карда шуд. 
Айни замон барои иваз кардани номи 524 маҳали аҳолинишини шаҳру ноҳияҳо ҳуҷҷатҳо ворид шудаанд. Ҷиҳати ҳалли ин ҳуҷҷатҳо лоиҳаи қарорҳои Ҳукумати мамлакат омода гашта, дар мувофиқасозӣ бо роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд ва қарорҳои дахлдор қабул гардиданд. Инчунин, оид ба иваз намудани номи 496 маҳалу деҳаҳои аҳолинишини вилояти Хатлон лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия шуда, дар мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдор ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.
Ба гуфтаи масъулони Кумита, номгузорӣ бо назардошти дорои маънои хуб ва зебою дилчаспи тоҷикӣ, мутобиқ ба феҳристи номгузорӣ, номҳои таърихию ба маҳали аҳолинишин мутобиқ будан интихоб карда мешавад.
 
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 14.08.2024 №: 155
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив