ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ҶИНОЯТ ВА ҶАЗО

ҶИНОЯТ ВА ҶАЗО

14 август 2024, Чоршанбе
15
0
ХАРИДУФУРӮШИ 117 САР ЧОРВОИ КАЛОН МУНҶАР БА ҚАЛЛОБӢ ШУД
Кормандони ШВКД-2 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар асоси аризаи марди 41-солаи сокини ноҳия як ҷинояти қаллобиро ошкор ва гумонбарони онро дастгир карданд.
Тавре маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ дар ин бора хабар дод, дар содир намудани ин ҷиноят се марди аз 30 то 43-солаи сокини шаҳри Бӯстон гумонбар дониста мешаванд. Онҳо моҳи апрели соли ҷорӣ бо роҳи фиреб ба боварӣ марди 41-солаи сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров даромада, аз ӯ 117 сар чорвои калони шохдорро бо арзиши умумии 2 миллиону 145 ҳазор сомон гирифта, аз баргардондани як қисми ин маблағ (228 ҳазор сомонӣ) саркашӣ кардаанд.
Ҳоло нисбат ба гумонбаршавандагон бо моддаи 247 қисми 3 Кодекси ҷиноятӣ (қаллобӣ ба миқдори калон) парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад. 
 
 
БОЗДОШТИ ДУ ҶАВОНИ РОҲЗАН
Ду ҷавони 18 ва 19-сола, ки яке сокини шаҳри Душанбе ва дигари сокини ноҳияи Панҷ гуфта мешаванд, ба гумони содир намудани ҷинояти роҳзанӣ ба ҷавобгарӣ кашида шуданд.
Дастгиршудаҳо 7-уми августи соли ҷорӣ дар кӯчаи Борбади пойтахт бо роҳи зӯроварӣ ва таҳдиди истифода аз корд телефони мобилии ноболиғи 14-соларо гирифта, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Арзиши телефони мобилӣ 7 ҳазор сомониро ташкил дода, феълан аз рӯи ин ҳодиса тафтишот оғоз шудааст.
Дар ин бора маркази матбуоти ВКД хабар дод.
 
ПАЙОМАДИ САНГИНИ ЯК МУНОҚИШАИ ЗАНУ ШАВҲАР 
Сокини шаҳри Ваҳдат, ки аз ӯ марди 39-сола ном бурда мешавад, ҳамсарашро бо корд захмӣ намуда, баъдан қасд ба ҷони худ кардааст.
Тибқи иттилои маркази матбуоти ВКД, ин моҷаро 9-уми август дар пайи рашк ва муноқишаи оилавӣ рух дода, бонуи хона бо бардоштани ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ дар беморхона бистарӣ мегардад. Марди кордбадаст бошад, бо мақсади худро аз ҷавобгарии ҷиноятӣ дур намудан бо истифода аз сӯзишвории бензин худро оташ мезанад, ки ин ҳолат аз ҷониби кормандони милитсия муайян гардида, гумонбар тавассути нақлиёти "Ёрии таъҷилӣ" ба беморхона интиқол дода мешавад.
Манбаъ хабар медиҳад, ки ҳоло вазъи саломатии ҳар ду вазнин буда, оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад. 
 
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи “Ҷумҳурият” 
Санаи нашр: 14.08.2024 №: 155
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив