ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » БА ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ВАССОФИ ВАТАН»

БА ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ВАССОФИ ВАТАН»

15 август 2024, Панҷшанбе
23
0
ДУРУД, ЭЙ КӮҲСОРИ САР БА АФЛОК...
Табиист, ки ҳар як чизи зебо, дилкаш, назаррас  боиси таваҷҷуҳ ва назари ҳамагон мегардад. Махсусан, манзараҳои табиати афсунгари Тоҷикистон боиси илҳоми аҳли адаб мегарданд. Шоирон зебоиҳои диёрро гаштаю баргашта васфу тараннум менамоянд. 
Бо ибтикор ва ҳидоятҳои созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои соҳибистиқлолӣ кишвари мо ба таври шоиста рӯ ба рушду нумӯ оварда, ба зебоиҳояш ҳусн болои ҳусн зам гардид. Ҳамаи ин, албатта, аз назари эҷодкорон, адибон, рӯзноманигорон дур намонд. 
Чунончи, дар маҷмуаи  шоири шаҳир, вассофи сулҳу дӯстӣ Аскар Ҳаким бо номи «Ба саломи шукуфаҳо»  дар бисёр шеърҳояш, аз қабили «Тоҷикистон», «Шеъри Ватан», «Падруди Варзоб» ва ғайра васфи табиати зебои Ватан тараннум шудааст. Дар «Шеъри Ватан» Аскар Ҳаким сурудааст:
Шод бош эй Ҳисори шодмон дар рӯзгор,
Бо ғазалҳои равону чашмаҳои кӯҳсор.
Накҳати ашъори Турсунзода дорад шеъри ман,
Сарзамини Тоҷикистон мекунад бӯйи Ҳисор.
Низом Қосим низ аз зумраи он  шоиронест, ки бо Ватану номдорони кишвар ва қаҳрамонони он, ки имрӯзҳо ба аёдат, зиёрату диди онҳо ҳазорҳо меҳмонон, сайёҳон аз тамоми гӯшаву канори дунё меоянд, дар китобаш «Хомасӯзон» шеър, тарона, сурудҳои ҷолиби диққате дорад. Ӯ дар бораи НБО «Роғун» дар «Қасидаи Роғун»-аш гуфтааст:
Дуруд, эй кӯҳсори сар ба афлок,
Эй мазҳари обҳои пок!
Дуруд, эй олиҳаи об,
Аноҳитои рӯшантар аз Офтоб!
Шоир дар ашъораш оид ба ободию зебоӣ, дилҷӯиҳои Ватан, диёри зебоманзараш сухан меронад. Дар шеъри  «Чашмаи иқбол» мегӯяд:
Тоҷикистон, чашмаҳоят чашмаи иқбол бод,
Мурғи бахтат ҷовидон хушпару хушбол бод.
Роҳҳоят тахт боду раҳнамоятбахт бод,
Дӯстонат шод боду душманонат лол бод!
«Хок агар ба захм дармон аст». Чунин ном дорад яке аз асарҳои Камол Насрулло. Дар ин маҷмуа 200 шеъри ба мавзуъҳои гуногун бахшидаи адиб ҷо дода шудааст. «Тоҷикистон, ориёно ориён», «Мулки ҷонон», «Симои Ватан», «Ёди Ватан», «Суруди Душанбе», «Саразм», «Исфара», «Кӯлоб», «Истаравшан-замини поки Суғд», «Шаҳри азизон»  шеърҳоеанд, ки ба Меҳан, табиати нотакрори диёр бахшида шудаанд.
Дигар адибе, ки дар васфи Ватан панҷа нарм намудааст, Саидҷон Ҳакимзода аст. Ӯ дар мадҳи ҳар як сангу гиёҳ, чанору туғ, меҳргиёҳи диёри зебояш навиштаҳои пур аз меҳру муҳаббат дорад. Шоир дар шеъри «Кӯлоб» ин гуна мисраъҳо дорад:
Зарбахш замини кишт дорад,
Гӯё ба бағал биҳишт дорад.
Шукронаи хоки киштбобаш!
Шеъри «Аҷаб шаҳри дилороӣ, Душанбе» ба кӣ шинос нест? Суруди он ба тамоми баҳру бар паҳн гардидааст, ба қалами мубораки устод Боқӣ Раҳимзода тааллуқ дорад. Дар шеъри дигараш бо исми «Норак муборак!» устод бори дигар аз бузургию ҳашамати ин сохтмони аср ва нодири ҷаҳон башорат медиҳад:
Зи Норак Тоҷикистон нур гирад,
Фаровон пахтаву ангур гирад.
Бубинам Данғара ё ин ки Ёвон,
Кадомаш ҳосили зӯр гирад.
Дар эҷодиёти дигар адибон, аз қабили Бозор Собир, Зулфия Атоӣ, Хосият Вализода, Абдусалом Деҳотӣ, Ҳабибулло Файзулло, Мирсаид Миршакар, Салими Хатлонӣ, Саидалӣ Вализода, Қутбӣ  Киром, Ашӯр Сафар, Фарзона низ аз зебоии деҳа, зодгоҳашон, диёрашон, ҳавои хушу марғуб, манзараҳои нотакрор ба оламиён мужда медиҳанд.
  Муҳаммад Ғоиб шеъре дорад бо номи «Зарафшон». Дар он гуфтааст:
То Бухорои шариф оби Зарафшон меравад,
Тоҷике гӯё суроғи Оли Сомон меравад.
Меравад сӯи Бухоро ҳамраҳаш зар мебарад,
Бар сари хоки азизон хоки кишвар мебарад.
Дар шеъри «Диёри ман» бошад фармудааст:
… Як умр чу Хатлонат,
Бо нону намак бошам.
Машҳур ба эҳсонат,
Дар зери фалак бошам.
Бо Вахшу Зарафшонат,
Чу фасли хазон гардам.
Бо санги Бадахшонат,
Бо нону намак гардам.
Ӯ ин мавзуъро дар шеърҳои дигараш, аз қабили «Деҳаи Матрук», «Тоҷикистон», «Ватан», «Мову Ватан», «Накҳати Ватан» пайгирӣ намудааст.
Ба андешаи инҷониб, саҳми адибони диёрамон дар муаррифии Тоҷикистони диданӣ дар ҷалби сайёҳон ва дӯстдорони табиат, хеле шоиста, арзанда ва боиси ифтихори ватандорӣ аст.
Нурулло ҲАСАНОВ, рӯзноманигор
Санаи нашр: 15.08.2024 №: 156
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив