ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ИСТИҚБОЛИ БОШУКӮҲИ ҶОИЗАДОРОНИ ОЛИМПӢ – ОМИЛИ РУШДИ ВАРЗИШ

ИСТИҚБОЛИ БОШУКӮҲИ ҶОИЗАДОРОНИ ОЛИМПӢ – ОМИЛИ РУШДИ ВАРЗИШ

16 август 2024, Ҷумъа
14
0
33-юмин Бозиҳои олимпӣ, ки дар пойтахти Фаронса – шаҳри Париж ҷараён дошту миллионҳо дӯстдорони варзиш шоҳиди зӯрозмоиҳои гуногун гаштанд, ба охир расид. 
Мо – дӯстдорони варзиши кишвар низ, бо иштиёқи бузургу пур аз эҳсос аз ин мусобиқаҳо баҳраманд шуда, ба баромади фиристодаҳои ҷумҳурии азизамон мухлисӣ кардем. Се нафар – Сомон Маҳмадбеков, Темур Раҳимов ва Давлат Болтаев ба гирифтани медалҳои биринҷӣ мушарраф гаштанд. Ин дастоварди ҳайати олимпии мо нисбат ба бозиҳои қаблии олимпӣ беҳтар аст. Албатта, дил мехост, ки сафи варзишгарони мо зиёдтар бошаду онҳо медали тилло ҳам оранд, аммо иқрор бояд шуд, ки барандаи медали тиллои олимпӣ шудан кори саҳл нест, варзишгароне дастболо хоҳанд шуд, ки маҳорату малакаи ғанӣ доранд.
Имрӯз, маҳз ба шарофати соҳибистиқлолӣ варзишгарони тоҷик  дар ҳама мусобиқаҳои бонуфузи байналмилалӣ фаъолона ширкат ва давлату миллатро муаррифӣ мекунанд. Муҳимтар аз ҳама, худи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дӯстдори варзиш ҳастанд ва ҷиҳати ривоҷу равнақи соҳа таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд. Дар ду-се соли охир дар пойтахти кишвар чорабиниҳои бузурги варзишӣ доир шуданд, ки бешубҳа, такконест ба рушду нумӯи варзиш. Дар мулоқот бо варзишгарони кишвар аз 20-уми декабри соли 2010 Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки варзиш беҳтарин омили муаррифгари давлату миллат аст, аз ин рӯ, Ҳукумат ва давлати Тоҷикистон пайваста талош хоҳад кард, то ҳама намудҳои варзиш дар ҷумҳурӣ ривоҷу равнақ ёбанд. 
Истиқболи самимонаи ҷоизадорони Бозиҳои олимпӣ аз ҷониби  Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва супурдани мукофоти давлатӣ, мукофотпуливу электромобилҳо ҳаяҷонбахшу хотирмон буд. Ин боис мегардад, ки минбаъд ҳазорон наврасу ҷавон ба варзиш рӯй оварда, сафи чемпиону ҷоизадорони чорабиниҳои бузурги варзишӣ афзояд.
 
Ҷовиди АШТӢ, “Ҷумҳурият” 
Санаи нашр: 16.08.2024 №: 157
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив