ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ХУДШИНОС БОШЕМ!

ХУДШИНОС БОШЕМ!

16 август 2024, Ҷумъа
16
0
Вақте ҳамсояам бегонапарастӣ карду аҷнабиёни ба гузаштагони мо зулмкардаро машъал нишон дода, маро аз гӯру қиёмат тарсондан хост, бо мулоиматӣ пурсидамаш: “Тоҷикон”-ро хондаӣ?” Музтар шуда, “Ҳанӯз нахондам”, – гуфт. Аҷаб! Аз тақсими китоб ба ҳар оила ду сол гузаштаву то имрӯз ин хазинаи таърихиро накушода бошад, пас аз ӯ чиро метавон интизор дошт.  
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо умеде ба тамоми хонаводаи тоҷик “Тоҷикон”-ро туҳфа кард, ки онро хонанду аз таърихи худ огоҳ шаванд, фаҳманд, ки тоҷикон бо чи заҳматҳову хориҳо давлат сохтанд, дар тули мавҷудияти хеш даҳҳо бор ба обу оташ афтоданд, нобиғаҳо офариданд, худро бо адабиёту фарҳанг, бо маънавиёти олӣ машҳури олам карданд, ба дигар қавму халқиятҳо дарси ибрат шуданд. Аллома Бобоҷон Ғафуров даҳсолаҳо дар бунёди “Тоҷикон” заҳмат кашид ва барои имрӯзиён шоҳасаре офарид. 
Бобоҷон Ғафуров тоҷиконро поксозӣ кард, “пок аз зангору мозӣ кард”, “пок аз оғузу тозӣ кард”, “беғубор аз турктозӣ кард”. Пешвои миллат мақсад гузошт, ки ҳамаи инро ҳамватанон фаҳманд. Ба ифодаи дигар, умед баст, ки ҳаммиллатонаш тавассути мутолааи китобҳои таърих аз бегонапарастию ифротгароӣ рӯ гардонанд. Ватанро бештар дӯст доранд, ба бузургони худ арҷ гузоранд, ба онҳо пайравӣ кунанд. 
Ҳиммати навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон – ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба тамоми хонаводаҳои Тоҷикистон туҳфа кардани “Шоҳнома”-и Абулқосим Фирдавсӣ маҳз бо ҳамон мақсадест, ки дар боло зикр намудем. Рӯшантар гӯем, Сарвари давлат дар Симпозиуми байналмилалӣ ба муносибати 115-солагии муҳаққиқи барҷаста Бобоҷон Ғафуров  дастур дод: “Ба хотири огоҳии ҳарчи бештари мардум  аз  таъриху  фарҳанг ва тамаддуни аҷдодии хеш “Шоҳнома”-и  безаволи Абулқосим Фирдавсӣ чоп ва ба тамоми мардуми кишвар дастрас карда шавад”. 
Пешвои миллат аз таърихи миллати хеш огоҳанд, медонанд, ки осори адабию таърихӣ дар ҳама давру замон муаррифгари халқҳову миллатҳост ва дар баланд бардоштани ифтихори миллӣ нақши бориз доранд. “Шоҳнома” пандномаи беназир, дастури омӯзандаи хулқу атвори ҳасана, китоби диловарию мардонагӣ мебошад. Ҳар кӣ ба “Шоҳнома” рӯ овараду онро бо ҳиссиёти амиқ мутолаа намояд, бешак, руҳи ватанпарастиаш боло меравад, ҳувияти миллиаш авҷ мегирад, ба зодбуму забону фарҳангаш бештар арҷ мегузорад. 
Мардуми ватандӯсти кишвар, хоса аҳли зиё, иқдоми навбатии Сарвари давлатро ҳамчун нишони хираду фаросати олӣ истиқбол намуданд. Инро аз матолибе, ки дар матбуоти кишвар нашр мешавад, эҳсос кардан мумкин. Вале, бояд таъкид кард, ки туҳфаҳои Пешвои миллат барои зеби ҷевон нест, барои он аст, ки хонед ва худро бишносед!
 
Ҷӯрабек МУЪМИН, сокини ноҳияи Файзобод
Санаи нашр: 16.08.2024 №: 157
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив