ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » БМТ. ТАШРИФИ ҲАЙАТИ ДЕПАРТАМЕНТИ  ХАЗИНАДОРИИ ИМА

БМТ. ТАШРИФИ ҲАЙАТИ ДЕПАРТАМЕНТИ  ХАЗИНАДОРИИ ИМА

19 август 2024, Душанбе
17
0
14-уми августи соли 2024 дар вохӯрии раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода бо ҳайати Департаменти хазинадории ИМА, таҳти роҳбарии мушовири калони Гурӯҳи хизматрасониҳои бонкию молиявии ин ташкилот хонум Паула Ҷонс масъалаҳои лоиҳаҳои муштараки татбиқшаванда ва самтҳои нави ҳамкориҳои дуҷониба мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон аз саҳми назарраси Департаменти хазинадории ИМА дар татбиқи кумакҳои техникӣ ба Бонки миллии Тоҷикистон дар самти иваз намудани низоми амалкунандаи автоматишудаи Бонки миллии Тоҷикистон (Core Banking System), татбиқи ислоҳоти соҳаи суғурта ва бунёди инфрасохтори он, беҳтар кардани раванди таҳия ва пешниҳоди ҳисоботҳои молиявии ташкилотҳои суғуртавӣ, баланд бардоштани сатҳи касбии кормандони низоми суғурта ва тарҳрезии бизнес-равандҳои БМТ (BPMN 2.0), ташкили нишондиҳандаҳои калидии хавфи амалиётӣ ёдовар шуда, ба ҳайати Департаменти хазинадории ИМА изҳори сипос намуд.
Дар идома миёни ҷонибҳо доир ба лоиҳаҳои нав дар самтҳои афзалиятноки фаъолияти Бонки миллии Тоҷикистон, аз ҷумла пешгирӣ ва бартараф намудани хавфҳои амалиётӣ, бозомӯзии кормандон ва омода намудани хавф менеҷерҳои соҳавӣ, таҳлилу баррасии маълумотҳои омории пешниҳодшавандаи низоми суғурта, дар таҷриба ҷорӣ намудани низоми муосири ҳисоботдиҳии соҳаи суғурта ва дигар масъалаҳои дахлдор табодули назар сурат гирифт.
Зикр гардид, ки дар доираи ҳамкориҳои минбаъда мутахассисони БМТ ва кормандони ташкилотҳои суғуртавӣ дар чорабиниҳо оид ба такмили ихтисос ва табодули таҷриба бештар ҷалб мегарданд. 
 
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 19.08.2024 №: 158
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив