ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » “ТАРОНАҲОИ ШАРҚ”. САНЪАТКОРОНИ ТОҶИК БА САМАРҚАНД МЕРАВАНД

“ТАРОНАҲОИ ШАРҚ”. САНЪАТКОРОНИ ТОҶИК БА САМАРҚАНД МЕРАВАНД

21 август 2024, Чоршанбе
29
0
Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон Озодбек Назарбеков зимни як нишасти матбуотӣ аз тавсеаи равобити фарҳангии кишвараш бо Тоҷикистони ҳамҷавор ибрози қаноатмандӣ намуд. Вай гуфт, ин равобит сол аз сол тавсеа ёфта, тамоми ҷанбаҳои соҳаи мазкурро фаро мегирад.
– Президенти мамлакат муҳтарам Шавкат Мирзиёев мо – роҳбарони ниҳодҳои давлатиро, муваззаф намудааст, ки, пеш аз ҳама, бо ҳамсояҳо ҳамкориҳоро мустаҳкам намоем. Барои ҳамин, бидуни муболиға метавон гуфт, ки дар панҷ соли ахир тавсеаи ҳамкориҳои фарҳангӣ байни Ӯзбекистон ва Тоҷикистон нуқтаи хеле баландро фатҳ кардааст, ки қаблан назирашро надида будем, – изҳор намуд О. Назарбеков. 
Таъкид шуд, ки баъди сафари Президенти Ӯзбекистон ба Тоҷикистон дар моҳи апрели соли равон ин равобит бештар густариш пайдо намуд. Баргузории Рӯзҳои кинои Ӯзбекистон дар Тоҷикистон дар ҳошияи ин сафар ва дар кинотеатрҳои шаҳри Душанбе ва коху қасрҳои фарҳанги шаҳрҳои Ҳисор, Ваҳдат ва ноҳияи Варзоб ба намоиш гузоштани филмҳои ҳунарии «Абдулло Орифов», «Судя», «Таҳаввулот» ва «Зинда бод ҳамсар!» қобили зикр мебошад.
Ба наздикӣ ба наворбардории филми таърихии “Ҷомӣ ва Навоӣ” оғоз бахшида мешавад. Озодбек Назарбеков гуфт, баъди барқарор гардидани робитаҳо дастаҳои ҳунарӣ ва овозхонҳои маъруфи Ӯзбекистон ва Тоҷикистон дар қаламрави ҳамдигар барномаҳои консертӣ намоиш медиҳанд ва ин раванд низ густариш меёбад.
Дар нишасти матбуотӣ аз иштироки муваффақонаи аҳли санъати Тоҷикистон дар Ҷашнвораҳои байналмилалии “Баҳори Бойсун-2024” ва “Санъати мақом-2024” дар ноҳияи Зомини вилояти Ҷиззах ёдоварӣ шуд. Дар ин ду ҷашнвора намояндаҳои Тоҷикистон аз рӯи якчанд номинатсия санъати худро намоиш доданд ва ба гирифтани ҷойҳои ифтихорӣ ноил гаштанд. 
Дар Ҷашнвораи байналмилалии “Таронаҳои Шарқ” дар Самарқанд, ки рӯзҳои 26-30-юми августи соли равон баргузор хоҳад шуд, аз 70 кишвари дунё овозхону навозандагон ва меҳмонон ширкат хоҳанд кард. Озодбек Назарбеков дар ин робита гуфт, ки чун анъана, аз Тоҷикистони ҳамҷавор намояндагони соҳаи санъат ширкат меварзанд.
 
Мирасрор АҲРОРОВ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 20.08.2024 №: 159
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив