ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » НАШРИ КИТОБҲОИ С.ТАБАРОВ ЗАРУР АСТ

НАШРИ КИТОБҲОИ С.ТАБАРОВ ЗАРУР АСТ

21 август 2024, Чоршанбе
7
0
Устоди шодравон Соҳиб Табаров, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз соли 1953, номзади илмҳои филология аз соли 1949, нахустин дотсенти кафедраи забон ва адабиёти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз соли 1951, муаллифи беш аз 800 рисола, мақола, тақриз, эссе, дастурамалу барномаҳои таълимӣ, китобҳои дарсӣ ва зиёда аз 50 китоби илмӣ-тадқиқотӣ мебошад. Аз соли 1948  то соли 1994 устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буд ва донишу таҷрибаашро сарфи таълиму тарбияи донишҷӯён ва олимон, номзадҳову докторҳо,  узви вобаста ва узвҳои пайвастаи АМИТ намуд.
Чун мунаққиди асил нотакрор буд ва то ҳанӯз ҳам нотакрор монд. Бо Белинскийи тоҷик ном баровард.
Ҳангоми омӯзгорияш курсҳои “Матншиносӣ”, “Асосҳои танқиди адабӣ”, “Методҳои таҳлили асари бадеӣ”, “Адабиётшиносии муқоисавӣ”-ро таъсис дод. Китобҳо, барномаҳои таълимияшро навишту ба нашр расонд. Баъдҳо дигар омӯзгорон аз рӯи ин китобҳо ба донишҷӯён дарс гузаштанд ва дар оянда ҳам мегузаранд.
Аз соли 1938, ки он замон донишҷӯи Омӯзишгоҳи (ҳоло коллеҷ) омӯзгории шаҳри Кӯлоб буд, хабару мақола ва эссеҳояш дар матбуоти даврӣ нашр мешуданд. То ба охири умр ба илм содиқ монд ва аз таълифи асарҳои илмӣ –тадқиқотӣ бо вуҷуди бемориҳояш дар канор намонд.
Ҳар як китоби илмӣ - тадқиқотии ин олими забардаст бозёфти арзанда дар соҳаи адабиётшиносии тоҷик маҳсуб мешавад. Месазад, ки олимони ҷавон дар атрофи онҳо ва моҳияташон дар илми тоҷик тадқиқоти арзишмандро анҷом бидиҳанд.
Соли равон Соҳиб Табаров 100-сола мешавад ва ин сана расман таҷлил мегардад. Хуб мебуд, ки ба ин муносибат, китобҳои илмӣ – тадқиқотии устод ба табъ ва ба дасти донишҷӯён, пажӯҳишгарону ҳаводорни соҳа мерасид. Дар иҷрои ин кори нек на танҳо нашриётҳои давлатӣ саҳм гирифта метавонанд, балки нашриёти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон низ қисме аз онҳоро бояд ба табъ расонад. Чаро? Тавре зикр шуд, устод дар ин муассисаи таълимӣ аксар умри пурбаракаташро сарфи таълиму тадрис, тарбияи шогирдон ва олимон кард. Баъзе аз ин шогирдон ба пояи устодӣ расиданд ва унвонҳои баланди илмиро соҳиб гардиданд, ҳамзамон, дар ин ҷо ба донишҷӯён таълиму тарбия медиҳанд.
Бояд зикр кард, ки теъдоди ин асарҳои нашрмешуда набояд кам бошад, зеро шумораи донишандӯзон дар факултаи филологияи тоҷики ин Донишгоҳ ва дигар донишгоҳҳои кишвар, пажӯҳишгарони муассисаҳои илмӣ зиёд мебошанд.
Нашри китобҳои устод, ки ҳам зарур аст, беҳтарин туҳфа дар ин ҷашн хоҳад шуд.
 
Зебунисо ҲАМИДЗОДА, шаҳри Кӯлоб
Санаи нашр: 20.08.2024 №: 159
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив