ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » БА ОЗМУНИ “ДУОИ МОДАР”

БА ОЗМУНИ “ДУОИ МОДАР”

21 август 2024, Чоршанбе
11
0
ОШЁНИ МОДАР
Дигар касе намонда дар ошёни модар,
Як-як ҳама бирафтанд аз остони модар.
Шаҳбачаҳо мусофир – побанди шаҳри ғурбат,
Шаҳдухтарони шаҳрӣ – дур аз ҷаҳони модар.
Дар боми ноилоҷӣ, аз қасди интизорӣ
Нуре намонд боқӣ дар дидагони модар.
Ҳарчанд хок гаштаст овони наврасиям,
Аммо ҳамеша боқист дар ёдмони модар.
Ғамсанҷаке бисозед, эй ихтироъкорон,
То огаҳӣ биёбам аз дарди ҷони модар!
Сад бор “ду” гирифтам аз фанни “очабонӣ”,
Нагзаштам охир, эй вой, аз имтиҳони модар.
Сарҷамъ шуд парешон дар кӯчаҳои ҳиҷрон,
Холисарост имрӯз ҷамъистони модар.
 
ДИЛАМ ГУМ ЗАД
Фидои хандаҳои дилкашу зебоят, эй модар,
Дилам гум зад барои аллаи шевоят, эй модар.
Биёву мебарам як умр аз қасри зарини шаҳр
Ба он хоначаи сангию хокороят, эй модар.
Зи чиррасҳои мо созиш намудӣ бо ғаму андуҳ,
Ки нашнидам даме дар зиндагӣ овоят, эй модар.
Дареғи сангболишҳои манзилҳои хокиям,
Ки монд он ҷову ман дур аз навозишҳоят, эй модар.
Ҳанӯз он кӯдакии мо ба кунҷи хона пинҳон аст,
Миёни ҷебаки ёду дили дарёят, эй модар.
Надида хешро, моро калону раҳравон кардӣ,
Ба наҷвои “мурам дар пешаки поҳоят”, эй модар.
Илоҳо, бишканад дасти фироқу гардани қисмат,
Ки мо шаҳрӣ шудему мондем он ҷоят, эй модар. 
 
Шаҳриёр ОЛИМӢ
Санаи нашр: 20.08.2024 №: 159
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив