ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ФУТБОЛ

ФУТБОЛ

21 август 2024, Чоршанбе
7
0
Пирӯзии дастаи наврасони Тоҷикистон (U-17) бар тими Қирғизистон
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) таҳти роҳбарии Марко Раҷини дар оғози Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) бар тими наврасони Қирғизистон бо ҳисоби 3:0 пирӯз шуд.
Голҳоро Муҳаммад Назриев, Аҳмадҷон Шоев ва Назрулло Ашӯрализода заданд.
Чемпионати CAFA бо иштироки дастаҳои футболи наврасони Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Туркманистон, Эрон ва Афғонистон дар шаҳри Душанбе ҷараён дорад.
Футболбозони навраси мо бозии навбатии худро 21-уми август бо мунтахаби Афғонистон анҷом медиҳанд. Вохӯрӣ дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе соати 21:30 оғоз меёбад.
 
 
ГӮШТӢ
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон миёни наврасон ширкат доранд
19-уми август дар шаҳри Аммони Урдун Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштӣ (тарзи озод ва юнонӣ-римӣ) миёни наврасон оғоз гашт, ки то 25-уми август идома меёбад.
Дар он 576 гӯштигир дар 30 вазн (10 вазн – тарзи озод, 10 вазн – гӯштии занон ва 10 вазн – юнонӣ-римӣ) зӯр меозмоянд. 
Федератсияи гӯштии Тоҷикистон се варзишгарро ба Аммон сафарбар намудааст: Алиризо Баҳромов (-71 кг) дар гӯштии тарзи озод, Исоҷон Нураҳмадов (-71 кг) ва Муҳаммад Султонов (-80 кг) дар гӯштии юнонӣ-римӣ.
 
 
ОЛИМПИАДАИ НАВРАСОН
Намояндагони Дакар-2026 дар Париж-2024 таҷриба андӯхтанд
Намояндагони Кумитаи тадорукоти Бозиҳои олимпии наврасон Дакар-2026 (БОН) дар Париж таҷриба андӯхтанд. Бозиҳои олимпии наврасон аз 31-уми октябр то 13-уми ноябри соли 2026 дар пойтахти Сенегал – Дакар доир мешавад.
Иброҳим Уэйд, ҳамоҳангсози кулли Кумитаи тадорукоти Дакар-2026, дар мусоҳиба бо сомонаи олимпӣ гуфт: “Ҳузур доштанамон дар Париж хеле муҳим буд. Мо тавонистем дар бисёре аз чорабиниҳо бо намояндагони Кумитаи байналмилалии олимпӣ ва Кумитаи тадорукоти Париж-2024 ширкат варзем, аз ин таҷрибаи зиёд гирифтем. Албатта, вақте ки ба Дакар бармегардем, раванди омодагӣ ба бозиҳоро вусъат хоҳем дод".
Дар Бозиҳои олимпии наврасон варзишгарони аз 14 то 18-сола иштирок мекунанд, ки як давраи омодагиашон ба бозиҳои олимпӣ мебошад. БОН бори аввал соли 2010 дар Сингапур доир гашт. Солҳои 2014 Нанҷинг (Чин), 2018 Буэнос-Айрес (Аргентина) мизбони бозиҳо буданд. IV Бозиҳои илимпии наврасон бояд дар Дакар доир мегашт, вале бо сабаби пандемияи COVID-19 ба соли 2026 гузаронда шуд. 
Дар се олимпиадаи гузашта варзишгарони навраси тоҷик ширкат кардаанд ва дар Сингапур ду медал – 1 нуқра ва як биринҷӣ ба даст овардаанд. 
Дар бораи ҳадафҳо ва меросе, ки пас аз 4-ум Бозиҳои олимпии наврасон мемонанд, сухан ронда, Уэйд гуфт, ки онҳо ба се ҷанбаи калидӣ таваҷҷуҳ мекунанд, ки на танҳо барои Сенегал, балки барои тамоми қораи Африқо нигаронда шудааст.
"Мо бо КБО дар бораи мероси бозиҳо ҳамкории зич дорем. Якум, ҷанбаи иҷтимоӣ аст, ки чӣ гуна бозиҳо метавонанд ҳуқуқҳои инсонро таҳким бахшанд ва ҳуқуқҳои иҷтимоии ҳамаи одамоне, ки дар ин раванд иштирок доранд, ҳимоят кунанд. Дуюм, устувории муҳити зист аст. Мо онро дар маркази фаъолияти худ қарор додем. Дар ниҳоят, ҷанбаи иқтисодӣ, ки чӣ гуна бояд кафолат диҳад, то ин бозиҳо ба бахши хусусии маҳаллӣ таъсири мусбат расонад”, - иброз дошт Уэйд.
 
 
БОКС
Боз панҷ федератсияи миллӣ ба World Boxing пайваст
Федератсияҳои бокси Тайпейи Чин, Покистон, Бутан, Фиҷи ва Эквадор ба ташкилоти нав – Созмони ҷаҳонии бокс (World Boxing) шомил шуданд. Ҳамин тариқ, шумораи аъзои ин созмон ба 42 расид, ки панҷ қитъаро намояндагӣ мекунанд.
World Boxing, як Созмони байналмилалии бокси ҳаваскор, соли гузашта пас аз ташаннуҷ ёфтани равобити Кумитаи байналмилалии олимпӣ (КБО) ва Ассотсиатсияи байналмилалии бокс (IBA) таъсис ёфт. Ихтилоф байни ин ду ташкилот ахиран дар Бозиҳои олимпии Париж-2024 ба авҷи аъло расид.
Баҳсҳо ҷиҳати набудани шаффофияти молиявӣ ва идоракунӣ дар IBA боис гашт, ки бокс ба барномаи Бозиҳои олимпии Лос-Анҷелес-2028 ворид нагардад ва эътирофашро ҳамчун намуди олимпии варзиш аз даст диҳад.
Аз ин рӯ, аъзои World Boxing як раванди қатъии дархостро барои нишон додани шаффофият дар раванди интихоботи худ, ҳалли сохтории баҳсҳо ва сиёсати функсионалии зидди допинг ва ғайраро барои баррасӣ во  мегузоранд.
 
Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 20.08.2024 №: 159
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив