ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ТОҶИКИСТОН ВА ҚАЗОҚИСТОН. ДАР МУНОСИБАТҲОИ ДӮСТОНА УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ ФАТҲ МЕШАВАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ҚАЗОҚИСТОН. ДАР МУНОСИБАТҲОИ ДӮСТОНА УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ ФАТҲ МЕШАВАНД

21 август 2024, Чоршанбе
23
0
 
Аз оғози соҳиб гаштан ба истиқлоли давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ташаккул ва татбиқи сиёсати хориҷӣ, ки меҳвари онро сиёсати «дарҳои кушода» ташкил медиҳад, таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, бо соири кишварҳои ҷаҳон робитаҳои неку ҳасана барқарор кард. Зимнан, кишвари мо бар пояи Консепсияи сиёсати хориҷии худ муносибат бо давлатҳои ҳамсоя ва минтақаро афзал шумурда, ҳамгироии густардаи минтақавиро василаи муҳимтарини ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, ҳифзи муҳити зист ва таъмини амнияту субот дар Осиёи Марказӣ медонад. 
Дар баробари рушду тавсеаи робитаҳои судманд ва посухгӯ ба манофеи миллӣ бо дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тақвияти ҳамкориҳо бо Ҷумҳурии Қазоқистон, ки дар минтақа дорои зарфиятҳои хос аст, афзалият медиҳад. Ин дар ҳолест, ки аз оғози муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Қазоқистон (7-уми январи соли 1993) 31 сол сипарӣ гардида, феълан муносибатҳои дуҷониба дар соҳаҳои сиёсӣ, ҳарбӣ, тиҷоративу иқтисодӣ, илмию техникӣ, фарҳангӣ ва ғайра сатҳу сифати нав касб менамоянд. Ҳоло пояи қарордодиву ҳуқуқии муносибатҳои ду мамлакат хеле қавӣ гашта, заминаи шартномавӣ-ҳуқуқии муносибатҳои Тоҷикистону Қазоқистонро беш аз 100 созишномаи байнидавлатӣ, байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ ташкил медиҳанд.
Аз ибтидо пойдевори муносибатҳо бо назардошти манфиатҳои ҳар ду кишвар асос ёфта, хусусияти хоси ҳамкориҳои дуҷониба ин эътимоди мутақобила, мувофиқати том ё наздикии мавқеи ду ҷумҳурӣ оид ба масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ мебошад. Тамосҳои сиёсии Тоҷикистону Қазоқистон бо мулоқотҳои сершумори расмӣ ва кории президентҳо, аъзои ҳукуматҳо пурра гардида, усул ва ҷараёни инкишофи муносибатҳои дуҷонибаро муайян ва таҳким бахшидаанд.
Агар ба таърих ва заминаҳои рушди муносибатҳои ду кишвари дӯст мурур кунем, нақши сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон қобили зикр аст, зеро дар ҷараёни ин сафар санади бунёдӣ – Аҳднома дар бораи асосҳои муносибатҳо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон ба имзо расид. Муҳимтарин ҳуҷҷати дигар, имзои Созишнома дар бораи шарикии стратегӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон аз 14-уми сентябри соли 2015 мебошад, ки дар он принсипҳои асосии муносибатҳои дуҷониба:  эҳтироми мутақобили истиқлол ва соҳибихтиёрии давлатӣ, баробарҳуқуқӣ, адами дахолат ба корҳои дохилии якдигар ва саъйи тарафайн ба роҳандозии робитаҳои мутақобилан судманди шарикии иқтисодӣ муайян шудаанд.
Ҳамчунин, 19–20-уми майи соли 2021 бо даъвати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев ба кишвари мо анҷом пазируфт, ки он ба густариши ҳамкориҳои стратегии ду мамлакати бародар такони нав бахшид. Дар ҷараёни ин сафар сарварони давлатҳо ба мувофиқа расиданд, ки истеҳсолоти муштараки ашёи хомро то маҳсулоти ниҳоӣ дар заминаи корхонаҳои соҳавӣ, аз ҷумла дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ таъсис диҳанд.
Вобаста ба нақш ва аҳамияти сафарҳои расмию давлатии роҳбарони ду кишвар дар таҳкими муносибатҳои байнидавлатӣ метавон аз сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон дар таърихи 3–4-уми майи соли 2023 ёдовар шуд, ки бо даъвати Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев анҷом пазируфта, басо муҳим ва самарабахш буд. Пазироӣ дар сатҳи олӣ ва сарфароз гардондани Пешвои муаззами миллат бо мукофоти давлатии Ҷумҳурии Қазоқистон – ордени «Алтин Қирон» дар доираи сафари давлатӣ аз ҷумлаи иқдомоте буд, ки нишони эҳтиром ба нақши Сарвари давлати мо дар рушди муносибатҳои байнидавлатӣ, тақвияти ҳамгироӣ ва ҳамсоядории нек аст. Дар маросими тақдими ин нишони олӣ Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев бо ишораи возеҳ ба ин нукта хизматҳои шоёни Пешвои миллати моро дар таҳкиму тавсеаи муносибатҳои дӯстӣ, ҳамкориҳои судманди Тоҷикистону Қазоқистон, ки пайваста рушд доранд, таъкид кард: «Мо муколамаи наздик ва эътимодбахши сиёсиро дар ҳамаи сатҳу доираҳо тақвият мебахшем. Ҳамкориҳои муштаракро дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва ҳавзаи Осиёи Марказӣ пайваста густариш медиҳем. Боиси хушнудист, ки ҳоло робитаҳои байнидавлатии мо ба сатҳи иттифоқӣ расидаанд, ки Шумо дар бунёди чунин муносиботи намунавӣ миёни ду кишвар нақши арзанда доред».
Дар  маросими  тақдими  ин  мукофоти олӣ дар «Акорда» – қароргоҳи Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон дар шаҳри Остона Сарвари давлати мо бо сипос аз иқдоми олии Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон мукофотро ба тамоми мардуми Тоҷикистон мансуб донистанд. Он замон сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон аз нутқи Сарвари давлати мо чунин иқтибос оварда буд: «Ман ин мукофотро ҳамчун баҳои баланд ба саҳми тамоми мардуми Тоҷикистон дар рушду таҳкими муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон медонам. Итминон дорам, ки мо минбаъд низ, дар заминаи манфиатҳои ду ҷониб барои тавсеаи шарикии стратегии Тоҷикистону Қазоқистон талошу иқдомотеро амалӣ хоҳем кард, ки ба нафъи ду халқи бародар хизмат расонанд».
Ҳоло коршиносону таҳлилгарон ба равобити дӯстонаи Тоҷикистону Қазоқистон баҳои мусбат дода, дурнамои муносибатҳоро дар заминаи ҳамҷаворӣ ва ҳамкории иттифоқӣ нек арзёбӣ мекунанд. Аз ҷумла, Ҷамшед Солиҳов, муовини сардори раёсати тадқиқоти масъалаҳои рушди соҳавии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мегӯяд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Қазоқистон дар ҳамаи сатҳҳо ҳамеша муколамаи муфид ва эътимодбахши сиёсию иқтисодии байнидавлатиро нигоҳ дошта, дар чаҳорчӯби муҳимтарин созмонҳои байналмилалӣ ҳамкории пурсамар доранд ва дар таҳкими ҳамкории ҳамаҷониба дар Осиёи Марказӣ саҳми муштарак мегузоранд. Бо ибтикороти роҳбарони ҳар ду кишвари дӯст робитаҳои байнидавлатӣ ба дараҷаи ҳамкории иттифоқӣ расида, дар рушди муносибатҳои дӯстона заминаи мусоид фароҳам омадааст.
Қобили зикр аст, ки дар баробари ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодиву тиҷоратӣ байни ду давлат ба густариши муносибатҳои фарҳангию гуманитарӣ ҳам таваҷҷуҳи хос зоҳир мегардад. Баргузории ҳамоишҳои фарҳангии муштарак бо иштироки ходимони фарҳанг ва ҳунари ду ҷониб ба анъанаи нек табдил ёфтааст. Дар ин росто, мунтазам баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон муҳим арзёбӣ мешавад. Гузашта аз ин, шаҳрвандони ду кишвар имкон доранд, дар муассисаҳои таҳсилоти олии давлатҳои ҳамдигар дар асоси квота таҳсил кунанд.
Тибқи иттилои Вазорати корҳои хориҷии мамлакат, 22–23-юми август бо даъвати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев бо сафари давлатӣ вориди Тоҷикистон мешавад. Дар доираи ин сафар музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қазоқистон дар шакли маҳдуд ва васеъ бо шумули ҳайатҳои ҳукуматӣ сурат хоҳад гирифт.
Ба гуфтаи манбаъ, дар чаҳорчӯби сафари давлатӣ дар пойтахти Тоҷикистон чорабиниҳои дуҷонибаи канорӣ, аз қабили форуми тиҷоратӣ, конфронси олимон, форуми занон, форуми ҷавонон, рӯзҳои синамои қазоқ, намоишгоҳи санъати тасвирӣ ва ҳунарҳои мардумии Қазоқистон, маросими ифтитоҳи нимпайкараи Абай Қунанбоев дар шаҳри Душанбе, инчунин, консертҳо дар шаҳрҳои Бохтар ва Хуҷанд баргузор мегарданд.
 
Фирӯз РАҲМОНИЁН, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 21.08.2024 №: 160
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив