ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » IT: ИМКОНИЯТҲОИ БЕПОЁН БАРОИ ҶАВОНОН

IT: ИМКОНИЯТҲОИ БЕПОЁН БАРОИ ҶАВОНОН

21 август 2024, Чоршанбе
13
0
Соҳаи технологияҳои иттилоотӣ (IT) солҳои охир дар байни соҳаҳои сердаромад ва ояндадори ҷаҳонӣ мавқеи пешсафиро гирифтааст. Дар шароити пешрафти босуръати технологӣ талабот ба мутахассисони технологияҳои иттилоотӣ рӯз ба рӯз афзудааст. Ширкатҳо дар саросари ҷаҳон ба мутахассисоне, ки метавонанд мушкилоти мураккаби барномасозӣ, таҳлили додаҳо, киберамният ва зеҳни сунъиро ҳал кунанд, ниёз доранд. Аз ин рӯ, маоши хубро дареғ намедоранд. Ин аст, ки талабот нисбат ба мутахассисони IT дар бозори меҳнат меафзояд.
Хушбахтона, ҷавонони Тоҷикистон низ дар бахшҳои мухталифи технологияи информатсионӣ имкони ройгон таҳсил кардану соҳибкасб шуданро доранд. Платформаҳои таълимӣ, аз қабили “Ilmhona”, “Humolab”, “AI Academi”, “American Speice Dushanbe” ва амсоли инҳо курсҳои ройгони омӯзиширо пешкаш мекунанд. 
Айни замон малакаҳои IT барои мутахассисон уфуқҳои беканорро мекушоянд. Як бартарии калони соҳа ин аст, ки мутахассисони соҳаҳои гуногун ҷойи кори доимии худро тарк накарда, имкон доранд, ҳамзамон, ба таври фосилавӣ дар дилхоҳ ширкатҳои бузурги олам фаъолият намоянд. Ба ин хотир метавон гуфт, ки соҳаи IT даромади иловагӣ барои ҳар як нафар аст.
Инчунин, бо омӯзиши технологияҳои муосир шумо метавонед сифати кори худро беҳтар созед. Ин ба шумо имкон медиҳад, то аз навовариҳо ва тамоюлҳои навтарини ҷаҳон огоҳӣ пайдо намуда, дар бозори меҳнат рақобатпазир шавед. Имрӯзҳо на танҳо ширкатҳои соҳаи илму инноватсия ва технология, балки тамоми идораву корхонаҳо ба кормандони донандаи технологияҳои муосир ниёз доранд. Ҳамин тавр, бо аз худ кардани IT шумо на танҳо кори худ, балки кори дигаронро низ беҳтар мекунед. 
Биёед инро дар мисоли Тоҷикистон таҳлил мекунем. Омӯзиши IT метавонад фаъолияти ширкат ё дилхоҳ корхонаву ташкилотро тавассути ҷорӣ кардани технологияҳои муосир ва автоматизатсияи равандҳо хеле беҳтар кунад. Масалан, ҷорӣ кардани нармафзор барои идоракунии вазифаҳо, системаҳои ҳисобдорӣ ва CRM-системаҳо ба сарфаи вақт, баланд бардоштани дақиқии маълумот ва беҳтар кардани ҳамкорӣ бо мизоҷон мусоидат мекунад.
Ташкили вебсайтҳо ва барномаҳои мобилӣ ба ширкатҳо имкон медиҳад, то хизматрасониро зуд ва қулай пешниҳод кунанд. Мизоҷон метавонанд ба осонӣ маълумот гиранд, хизматҳо ё молҳоро онлайн фармоиш диҳанд. Ин таҷрибаи ширкатҳоро дар сохтану тарғиби бренд беҳтар мекунад.
Истифодаи технологияҳои рақамӣ ва таҳлили маълумот аз ҷониби шабакаҳои гуногуни интернет ба ширкатҳо дар дарки беҳтари ниёзҳои мизоҷон, пешгӯии талабот ва таҳияи стратегияҳои самараноки маркетинг ва фурӯш ёрӣ мерасонад.
Бо рушди IT ширкатҳо дар Тоҷикистон метавонанд маълумоти худро аз ҳамлаҳои киберӣ беҳтар муҳофизат кунанд. Мутахассисони амнияти киберӣ метавонанд чораҳои муҳофизатиро ҷорӣ созанд, ки бехатарии маълумоти муҳимро таъмин намуда, таҳдидҳои эҳтимолиро пешгирӣ менамояд. Аз ин рӯ, омӯзиши IT имкониятҳоро барои баланд бардоштани самаранокӣ, рақобатпазирӣ ва навоварии ширкатҳо фароҳам месозад.
Ҷанбаи дигари муҳими рушди технологияҳои иттилоотӣ дар Тоҷикистон дастгирии созмонҳои байналмилалӣ мебошад. Масалан, Сафорати ИМА дар шаҳри Душанбе ҳамасола барномаҳои “The Women” ва “Tech Girls”-ро амалӣ намуда, ба занон имкони таҷрибаомӯзиро дар Иёлоти Муттаҳида пешкаш мекунад. Ин барномаҳо на танҳо имкони андухтани таҷрибаи корӣ дар ширкатҳои пешрафта, балки татбиқи лоиҳаҳои инфиродӣ, ки бояд ба ҳалли мушкилоти мубрам равона шуда бошад, грантҳо медиҳад. Тавассути ин барномаҳо шумо на танҳо имкони ба даст овардани шуғлро ба даст меоред, балки бо фароҳам кардани ҷойҳои корӣ ба иқтисодиёти давлати худ ёрӣ мерасонед.
Ҳамин тариқ, бахши IT ба онҳое, ки барои муваффақият саъй мекунанд, дарҳои зиёд мекушояд. Музди меҳнати баланд, қобилияти кори фосилавӣ, таҳсили ройгон ва дастгирии созмонҳои байналмилалӣ - ҳамаи инҳо IT-ро ба яке аз касбҳои ҷолибтарин дар бозори меҳнат табдил додааст. 
 
Дилноз ҲУКМАТУЛЛОЕВА, 
“Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 21.08.2024 №: 160
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив