ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ОҒОЗИ РӮЗҲОИ СИНАМОИ ҚАЗОҚИСТОН ДАР ТОҶИКИСТОН

ОҒОЗИ РӮЗҲОИ СИНАМОИ ҚАЗОҚИСТОН ДАР ТОҶИКИСТОН

23 август 2024, Ҷумъа
9
0
Дар ҳошияи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев ба Тоҷикистон ва дар доираи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Қазоқистон дар Тоҷикистон дирӯз дар кинотеатри «Ватан» Рӯзҳои синамои Қазоқистон дар Тоҷикистон расман оғоз гардиданд.
 
Нахуст, Маҳмадсаид Шоҳиён, директори Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм», оғози Рӯзҳои синамои қазоқро шодбош гуфта, таъкид намуд, ки аз замони оғози ҳамкориҳои дипломатии Тоҷикистону Қазоқистон, ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, ҳамкориҳои мутақобилан судманд ба роҳ монда, дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ, иқтисодӣ, илмию техникӣ, фарҳангӣ ва ғайра бомуваффақият идома доранд.
– Тамошобинони тоҷик кинои қазоқро нағз дар хотир доранд ва дӯст медоранд. Ҳунарпешаҳои маъруфи мо Ато Муҳаммадҷонов, Сайидо Қурбонов, Муҳаммадалӣ Маҳмадов аз соли 1988 дар филмҳои қазоқӣ  ҳунарнамоӣ карданд. Баргузории Рӯзҳои синамои Қазоқистон дар Тоҷикистон ба рушди минбаъдаи робитаҳои судманди синамогарони ду кишвар такон хоҳад бахшид, – гуфт Маҳмадсаид Шоҳиён.
Валихон Туреханов,  сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, иброз дошт, ки баргузории Рӯзҳои синамои Қазоқистон дар Тоҷикистон барои тамоми дӯстдорони синамо рӯйдоди муҳим ва таърихӣ буда, ба таҳкими робитаҳои филмсозони ду кишвар мусоидат намуда, имкони ба роҳ мондани ҳамкориҳои нав дар соҳаи синаморо фароҳам меорад.
Мавриди зикр аст, ки дар доираи баргузории Рӯзҳои синамои Қазоқистон алоқамандону ҳаводорони синамо имкон доранд, ки филмҳои «Шамшери алмосӣ», «Дос Мукасан» ва «Амалиёти Набот»-ро дар кинотеатри «Ватан» ва кинотеатри ба номи Тоҳир Собиров тамошо намоянд. Ҳамчунин, намоиши филмҳо дар шаҳрҳои Хуҷанд, Бохтар ва Хоруғ низ, баргузор мешавад.
 
С. КОМРОН, “Ҷумҳурият”
 
 
 
СИНАМО.  БЕҲТАРИНҲО СОҲИБИ БУРСИЯ ШУДАНД
Бо мақсади тарбия ва омода намудани кадрҳои баландихтисоси соҳаи синамо, дар Донишгоҳи давлатии умумироссиягии кинематографияи ба номи С.А. Герасимов коргоҳи ҳунарпешагӣ аз Тоҷикистон таъсис дода шуд. Солҳои таҳсили 2024-2028 15 довталаб аз Тоҷикистон дар асоси бурсияҳои Агентии федералии Россия оид ба Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар коргоҳи ҳунарпешагии ДДУК маҳорати ҳунарпешагиро аз худ хоҳанд кард.  Хароҷоти таҳсил, будубош ва хобгоҳ аз ҳисоби буҷети Федератсияи Россия таъмин мешавад. 
 
Ба ин хотир, дар кинотеатри ба номи Тоҳир Собиров бо иштироки Ҳунарпешаи шоистаи Федератсияи Россия  Фарҳод Маҳмудов ва  омӯзгори Донишгоҳи давлатии умумироссиягии кинематография Людмила Чиркова нишасти матбуотӣ доир гардид. 
Тавре аз Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” хабар доданд, пас аз хатми таҳсил, ҳунарпешаҳои касбӣ ба Тоҷикистон баргашта, дар соҳаи театру синамо кору фаъолият менамоянд, ки бешубҳа ба рушди соҳа такон мебахшад.
Тибқи иттилои манбаъ, 15 нафар ба Донишгоҳ қабул гардида, аз соли нави хониш дар курси маҳорати ҳунарпешагӣ таҳти роҳбарии ҳунарманди синамо Фарҳод Маҳмудов, ки ҳамагон ӯро тавассути силсилафилми машҳури “Бригада” мешиносанд, ба таҳсил фаро гирифта мешавад.
Бояд таъкид сохт, ки ба роҳ мондани азхудкунии дигар ихтисосҳои зарурии соҳа, ба монанди коргардонӣ, наворбардорӣ, филмноманависӣ, пардозгарӣ, садобардорӣ ва равшандиҳӣ дар ин Донишгоҳ солҳои минбаъда дар назар дошта шудааст.
 
Комрон САФАР, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 22.08.2024 №: 161
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив