ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » САРМОЯИ ЗЕҲНӢ. МУҲАРРИКИ АСОСИИ РУШДИ ДАВЛАТ 

САРМОЯИ ЗЕҲНӢ. МУҲАРРИКИ АСОСИИ РУШДИ ДАВЛАТ 

23 август 2024, Ҷумъа
13
0
Дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ аз 28-уми декабри соли 2023
Хатти сабзе, ки аз умқи ҳамаи паёмҳои Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ мегузарад, ин ҳифз, тарбия ва истифодаи сармояи зеҳнии миллат аст.  Аз ҷумла, дар Паёми навбатӣ (28-уми декабри соли 2023) доир ба ин нуктаи муҳим Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид сохтанд: “Рушди муосири иқтисодиёт ва баланд бардоштани рақобатнокии он бидуни рушди сармояи инсонӣ ғайриимкон мебошад”. 
Пас, саволе бармеояд: "Сармояи инсонӣ чист ва чӣ гуна аз он бояд истифода бурд?" Барои посух метавон садҳо мисол овард, лек баҳри фаҳмо шудан ва сарфаҳм рафтан ба умқи ин маънӣ метавон таҷрибаи давлати Сингапурро ба ёд овард. Ин давлат  солҳои 50-уми асри ХХ яке аз давлатҳои қафомондаи Осиёи Ҷанубу Шарқӣ ба шумор мерафт. Дар натиҷаи ислоҳот, қабули усули нави таълим, гузариш дар таълим ва коргузорӣ ба забони англисӣ (чун забони дуюми давлатӣ), решакан сохтани коррупсия, воридсозии технологияи навтарин, дар муҳлати кӯтоҳ ҷаҳиши иқтисодӣ намуда, ба даҳгонаи давлатҳои рушдкардаи олам ворид шуд. Давлате, ки ягон захираи табиии зеризаминӣ надорад, ҳатто оби нӯшоиро  аз хориҷ ворид месозад, бо истифодаи сармояи зеҳнӣ-ақлонии наслҳои ҷавон дар радифи давлатҳои босуръат рушдкунандаи саноатӣ ҷо гирифт. Бо истифодаи неруи зеҳнӣ, ақлонӣ, хирад, дониш, маърифат, ихтироъкорӣ ва садҳо зеҳниятҳои нуҳуфтаи насли ҷавон аз давлате бо деҳаҳои иборат аз хаймаҳои бамбукӣ, ба шаҳр-мегаполиси асрорангези бисёрошёна, ки  бо тарҳи муъҷизавӣ сохта шудаанд, табдил гашт. Истифодаи неруи хиради инсонӣ, ки захираи бепоёнест, асоси ҳамаи рушд ва такомул гардид. Имрӯз Сингапур бо истифодаи навтарин технологияи полоишӣ зиёда аз 75 дарсади нафти давлатҳои халиҷи Форсро коркард ва ба навъҳо ҷудо намуда, даҳҳо номгӯи доруворӣ, маҳсулоти ороишӣ, либосворӣ, пойафзол, маснуоти рӯзгор, масолеҳи ҳавопаймою киштиҳои кайҳонӣ, мошинсозӣ, сохтмонӣ ва чандин навъи сӯзишворию равғанҳои молиданӣ ва, қиматтар аз ҳама, қисмҳои эҳтиётии компютеру дастгоҳҳои наворгирию мобилиро сохта, бо нархи баланд мефурӯшад. 
Ин ҷаҳиш танҳо тавассути рӯй овардан ба илмҳои дақиқ, дигаргун сохтани низоми таълим, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, омода кардани мутахассисони варзидаи техникию технологӣ дар донишкадаю донишгоҳҳои бонуфузи хориҷӣ амалӣ гардид. 
Тарбияи ахлоқи ҳамида, ростӣ, покӣ, ватандӯстдорӣ, ҳифзи табиат, илмомӯзӣ на танҳо шиор, балки реҷаи рӯзмарраи хурду бузург шуд. Имрӯз сармояи молиявии як барномасоз, ки тавассути сармояи зеҳнии хеш ба даст овардааст, баробар ё бештар аз даромади миллии баъзе давлатҳост. Садҳо  мисол метавон аз пайкори шахсиятсози ашхоси муваффақ ва сармоядори ҷаҳон овард, ки танҳо ба воситаи дониш, хирад, заковат, зеҳнияи баланди пӯёву ҷӯёи хеш аз фарши нотавонӣ ба арши тавоноӣ расидаанд. 
Агар олими шведӣ Алфред Нобел бо кашфи кибрит ва борут ба инсоният шоҳроҳи бузургро дар тамоми соҳаҳои ҳаёт боз намуда бошад, имрӯз сармояи боқимондаи он дар рушди илм ва ҳавасманд сохтани олимону ихтироъкорон (манзур Ҷоизаи Нобел) сарф мегардад, ки нишони  чашмаи зоянда ва мероси поянда будани дурри хиради инсонӣ аст. Дар замони рушди босуръати илмҳои техникӣ давлате пешсафи ин рақобат аст, ки аз захираҳои  илмӣ ва зеҳнӣ босамар истифода мебарад. Ҳамон ҳикмати “Илму давлат қарини ҳамдигаранд!” имрӯз арзишмандтар гардида, зеро, ҳар киро ақл нест, давлат нест. Пас, сармояи зеҳнӣ ё сармояи инсонӣ муҳимтарин сарватест, ки кафолати пешравию шукуфоии ҳар мамлакат аст. Захираҳои табиат, назири об, нафт, газ, ҷангал, ангишт, маъданҳои рангаю сиёҳ, олами набототу ҳайвонот, тамомшавандаанд, лек захираи ақлонӣ – хиради инсон, баҳрест беканор ва хазинаест бепоён ва онро ҳарчи бештар истифода барӣ ҳамон қадар афзунтар мегардад. Агар ба таърихи рушди давлатҳои абарқудрат аз даричаи хирад нигарем, аён мегардад, ки сармоягузорӣ ба  илм,  ихтироъкорӣ, кашфиёт инсонро бо киштиҳои навсохти бодбонию буғӣ, мазутию атомӣ ба шаш қитъаи олам бурд, бо кашфи чархболу ҳавопаймо, киштиҳои кайҳонӣ ба кайҳон расонд, ҳазорон чоҳи нафту газ, кони тиллою нуқра, лоҷуварду фирӯзарухомро боз намуд. Хуллас, миллатҳои бедор ва саҳархези таърихи куҳану навин калиди илмро дарёфтаву бо он соҳиби ганҷи замину осмон гардидаанд, ки шоистаи омӯзиш ва лоиқи пайравӣ ҳастанд. Дар ин радиф, метавон сирри рушди босуръати давлати Япония дар самти электроника, радиотехника, технологияи компютерӣ, нанотехнология, Олмон дар саноати мошинсозӣ, ИМА дар самти ҷалби неруи зеҳниятҳои закӣ ва нобиғаи ҷаҳонӣ, додани имкони рушд ва истифодаи он ба тамоми ширкатҳои барномасоз, дастгирию роҳандозии ташаббусҳои инноватсионӣ дар самти робототехника, филмофарӣ метавон зикр кард.  Таҷрибаи ҷаҳиши иқтисодии “палангҳои Осиё”: Сингапур, Корея, Таиланд ва Ҳонконг собит месозад, ки танҳо рӯй овардан ба илм, технология, истифодаи сармояи инсонӣ миллат ва давлатро аз қашшоқию бенавоӣ, нотавонию дастнигарӣ ба зинаи рушду такомул, рифоҳу озодӣ, тавону қудрат меорад ва поянда месозад.  
 
Аминҷон ЗАРИФӢ,
омӯзгори МДТ "Коллеҷи политехникӣ"-и 
ноҳияи Зафаробод”
Санаи нашр: 22.08.2024 №: 161
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив