ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » Форуми сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон

Форуми сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон

23 август 2024, Ҷумъа
6
0
21-уми август дар шаҳри Душанбе аз ҷониби Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ дар ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдори Қазоқистон Форуми сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд.
Дар он беш аз 200 нафар, аз ҷумла намояндагони воломақоми ҳукуматҳои ду кишвар, соҳибкорону сармоягузорони бонуфуз, ширкату корхонаҳои соҳаҳои гуногуни фаъолияти хоҷагидории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаҳои саноат, инфрасохтор, коммуникатсия, кишоварзӣ ва хизматрасонӣ иштирок намуданд. 
 
 
Мулоқоти вазири нақлиёт бо намояндаи ФАМР 
21-уми август вазири нақлиёт Азим Иброҳим бо роҳбари бахши нақлиёти Фонди авруосиёии муътадилсозӣ ва рушд (ФАМР) Александр Рашиков вохӯрд. 
Дар мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба сохтмони 51 долони зиддитармавиро ба дарозии 5,2 ҳазор метр дар қитъаҳои осебпазири роҳҳои автомобилгарди Тоҷикистон баррасӣ карданд. 
Ёдовар мешавем, ки ҳадафи ФАМР мусоидат ба суботи иқтисодию молиявӣ дар давлатҳои иштирокчӣ ва дастгирии рушди устувори онҳо мебошад.
 
 
ТОҶИКИСТОН ВА ҚАТАР 
Густариши ҳамкорӣ байни прокуратураҳои генералӣ 
21-уми август дар шаҳри Давҳа мулоқоти сафири фавқулода ва мухтори Тоҷикистон дар Давлати Қатар Нурмурод Маҳмадалӣ бо Прокурори генералии Қатар Исо ал-Ҷуфолӣ ал-Нуаймӣ баргузор шуд. 
Вазорати корҳои хориҷӣ хабар медиҳад, ки дар рафти суҳбат масъалаҳои густаришу таҳкими ҳамкориҳо байни прокуратураҳои генералии ду давлат ва тавсеаи заминаи шартномавию ҳуқуқии муносибатҳои байнидавлатӣ дар соҳаҳои марбут ба расондани ёрии мутақобилаи ҳуқуқӣ, табодули сафарҳои соҳавӣ ва дигар мавзуъҳои мубрами робитаҳои дуҷониба мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
 
 
 
Вохӯрии Матлубахон Сатториён бо Аида Баллаева 
21-уми август дар доираи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Қазоқистон дар Тоҷикистон вазири фарҳанг Матлубахон Сатториён бо вазири фарҳанг ва иттилооти Қазоқистон Аида Баллаева мулоқот кард.
Дар он густариши робитаҳои фарҳангии ду кишвар, аз ҷумла ташкили квотаҳо ва имконияти такмили ихтисоси мутахассисони тоҷик дар соҳаҳои фарҳангу ҳунар дар муассисаҳои таълимии Қазоқистон баррасӣ шуданд. Ҷонибҳо аз ҳамкориҳои пурсамари мутақобилан судманд изҳорӣ қаноатмандӣ намуда, таъкид сохтанд, ки робитаҳо дар оянда боз ҳам тавсеа меёбанд.
 
 
Курсҳои такмили ихтисос барои масъулони мақоми низоми махфият 
Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ бо мақсади баланд бардоштани сатҳи дониши масъулони мақоми низоми махфият ва шахсони дорои рухсат ба сирри давлатӣ барои масъулони мақоми низоми махфияти Хадамоти муҳоҷират дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон курси махсуси такмили ихтисос ташкил намуд.
Мақсад аз ташкили курси мазкур, ба роҳ мондани фаъолияти якҷоя ва дастаҷамъонаи тамоми мақомоти давлатӣ дар самти риояи низоми махфият, баланд бардоштани масъулият ва сатҳи касбияти кормандони масъул дар иртибот ба иттилооти ҳифзшаванда мебошад. 
 
 
Мактаби тобистонаи «Ҳуқуқшиноси ҷавон-2024» 
Дар шаҳри Гулистон дар доираи лоиҳаи Ҳукумати Швейтсария «Дастрасӣ ба адолат» мактаби тобистонаи «Ҳуқуқшиноси ҷавон-2024» баргузор гардид. 
50 донишҷӯ аз панҷ донишгоҳи бонуфузи мамлакат дар мактаби тобистона иштирок карданд. Ҳадафи асосии ин ташаббус оммавӣ гардондани низоми ёрии ҳуқуқии ройгон дар Тоҷикистон мебошад. 
 
 
ХАТЛОН
Баргузории даври сеюми Озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” 
Гурӯҳи корӣ бо роҳбарии муовини Сарвазири мамлакат Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» шинос гардид. 
Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илм иттилоъ додааст, ки  муовини Сарвазир зимни суҳбат бо иштирокчиёни Озмун ва ҳайати ҳакамон аз ташаббусҳои беназири Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои эълон доштани силсилаозмунҳои ҷумҳуриявӣ ёдовар шуда, иброз дошт, ки ҳадаф аз баргузории онҳо баланд  бардоштани  маънавиёти  ҷомеа,  шинохти асли хеш ва дарёфти чеҳраҳои дурахшони илму маърифат аст. 
Ба масъулон дастур дода шуд, ки ҳар баромади иштирокчиён пурра ба навор гирифта шуда, ҳайати кории комиссияи аппелятсионӣ корашонро шаффоф ва боадолатона анҷом диҳанд.
Санаи нашр: 23.08.2024 №: 162
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив