ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ШОМИ ШАНБЕ

ШОМИ ШАНБЕ

23 август 2024, Ҷумъа
17
0
ПИРӮЗИИ ФАРРУХ АМОНАТОВ
Тибқи иттилои Агентии иттилоотии «Sports.tj», гроссмейстери маъруфи тоҷик Фаррух Амонатов дар Фестивали байналмилалии шоҳмоти «Open FIDE Rated Blitz Tournament», ки дар пойтахти Амороти Муттаҳидаи Араб – шаҳри Абу-Забӣ, доир шуд, мақоми аввалро касб намуд. 
Тавре иттилоъ дода мешавад, ҳарчанд Фаррух Амонатов дар баробари шоҳмотбози италиявӣ Лоренсо Лодичи аз 11 имтиёзи имконпазир 9,5 хол ба даст оварда бошад ҳам, вале аз рӯи нишондодҳои иловагӣ ғолиби мутлақ эълон гардид.     
 
Фароҳамовар Ш. ШАФОАТУЛЛО
 
 
 
МАРДИКОРЕ, КИ ҲАЁТИ СЕ ТИФЛРО НАҶОТ ДОД
Шахсе барои ранг кардани қаиқаш мардикореро киро кард. Мардикор вақти рангкунӣ сӯрохиеро дар қаиқ диду зуд бо ширеши махсус онро маҳкам кард. Корро ба анҷом расонду муздашро гирифта рафт. 
Рӯзи дигар соҳиби қаиқ назди он мард омада, аз маблағи дирӯза бештар доданӣ шуд. Рангмол бо тааҷҷуб гуфт: 
–  Ҷаноб, шумо ҳаққи кори маро додаед.
–  Ин барои рангмолӣ нест, балки барои маҳкам кардани сӯрохии қаиқ аст,–  иброз дошт корфармо.
–  Ин як хизмати кӯчак аст ва кирои мукофот намекунад.
– Дӯсти азиз, аз сӯрох будани қаиқ фаромӯш карда будам. Баъди рафтани шумо фарзандонам савори қаиқ шуда, ба моҳидорӣ рафтаанд. Ба хона баргашта, қаиқро наёфтам, ба изтироб афтодам, ки кӯдакон ба фалокат дучор мешаванд. Ҳамин лаҳза кӯдакон бо шодӣ баргаштанд. Бо шукргузорӣ онҳоро ба оғӯш кашидаму зуд қаиқро аз назар гузарондам. Дидам, ки сӯрохӣ маҳкам аст. Аз шумо то вопасин нафас сипосгузорам, зеро ин хизмати ба гуфтатон кӯчак ҳаёти се тифли маро наҷот дод.
 
Таҳияи Кароматулло АТО
 
 
 
«АВАТАР: РОҲИ ОБ» 
ФИЛМЕ, КИ САБАБИ МАРГ ШУД  
Марде дар шаҳри Педдапурами Ҳиндустон вақти тамошои филми «Аватар: Роҳи об» аз сактаи дил фавтид.
Таҳқиқ карданд, ки бо сабаби мураккабии сюжет ва сарнавишти печидаи қаҳрамонони филм, мард ончунон асабӣ мешавад, ки дилаш дигар онро таҳаммул карда наметавонад.
 
Таҳияи Кароматулло АТО
 
 
 
БОВАР НОКАРДАНИСТ, АММО...
ҚАҲРАМОНҲОИ ШЕКСПИР ДАР САЙЁРАИ УРАН
 
Шоир, нависанда ва яке аз бузургтарин драматургони ҷаҳон Уилям Шекспирро аксарият мешиносанд. Онҳое, ки асарҳои безаволи ӯ амсоли «Ҳамлет», «Шоҳ Лир», «Отелло» ё «Макбет»-ро мутолаа карда бошанд, нобиға будани ин шахсияти нотакрорро дар адабиёти башар тасдиқ мекунанд. Гузашта аз ин, шояд баъзеҳо медонанд, ки Шекс-пир фаъолияти меҳнатии худро дар наврасӣ ба сифати шогирди қассоб сар кардаву рӯзӣ ёфтааст. Вале ба яқин кам касоне огоҳанд, ки асарҳои Шекспир дар олами коинот низ мондагоранд. Бале бовар нокарданист, вале далел аст, ки ҳамаи радифҳои сайёраи Уран ба ифтихори қаҳрамонҳои асарҳои ӯ номгузорӣ шудаанд. Фарзи мисол, Миранда, Ариэл, Ҷулйетта, Дездемона, Белинда, Биянка, Розалинда, Оберон, Корделия, Офелия, Титания, Крессинда ва амсоли инҳо.
 
Таҳияи С. РАҲМОНЗОДА
 
 
 
БА САДОИ ДИЛИ ХУД  ГӮШ КУНЕД!
Морган Фриман, ҳунарманди шинохтаи Ҳолливуд (ИМА), барандаи ҷоизаи «Оскар», дар шинохти олами ботинии инсон ба чунин хулоса омадааст:
– Ба садои дилатон гӯш диҳед. Он беҳтарин ҳамсуҳбати шумост. Ин садо дурустиву нодурустии ҳама чизро мегӯяд. Он кумак мекунад, то бидонед, ки дӯстони ҳақиқӣ киҳоянд. Аз ин рӯ, нагузоред, ки он қурбони кашмакашиҳои рӯзгор  гардад, зеро ҳеҷ кас ва ё чизе наметавонад муайян кунад, ки мо ба чӣ ниёз дорем, ба ҷуз ҳамин садо. Ҳамеша ба садои дилатон бовар кунед. Он дар вуҷуди ҳар яки мост, аммо на ҳама гӯш меандозад. 
 
Аз русӣ тарҷумаи Меҳрангез ҚОДИРОВА
 
 
 
ЭЪТИРОФЕ, КИ МОЯИ ИФТИХОР АСТ 
 
Соли дуюм аст, ки тоҷикписарон дар озмуни бошукӯҳи «Ну-ка, все вместе!», ки дар пойтахти Россия – шаҳри Москва, баргузор мешавад, дурахши тоза ба тоза доранд. Дар ин муддат онҳо тавонистанд ҳам аз истеъдоди худ дарак диҳанду ҳам Тоҷикистонро шоиста муаррифӣ намоянд. Соли гузашта ҳунари волои Фаррух Ҳасанов ва ҷои аввалро гирифтани ӯ дар ин озмуни бонуфуз, ҳайати ҳакамонро ба ваҷд овард. Имсол бо дидани Меҳроҷ Аминов аз Душанбеву шунидани номи Тоҷикистон, Николай Басков бо хоҳиши ҳарчи зудтар шунидани суруд афзуд: «Ту аз кишвари дӯстдоштаи манӣ. Муҳаббати ман ба Шумо хеле зиёд аст. Шумо мардуми боистеъдодед». 
Таҳияи М. ҚОДИРОВА
 
 
 
НИМШӮХИВУ  НИМҶИДДӢ
АҶАБО
Аз рафти имтиҳони давлатӣ дар факултаи ҳуқуқ:
– Саволи 1. Суиистифода аз мансаб ва таъсири он ба ҷараёни ҷомеасозӣ.
– Аз ёд накардам отаҷон.
– Рафиқон, биёед шартан баҳои «аъло» монем. Ман ин сарсахтро худам дар хона  ҷиддӣ мепурсам.  
 
Аз русӣ тарҷумаи Ҳ. РАҲМОНЗОДА
 
 
 
НИМШӮХИВУ НИМҶИДДӢ
КАЛИСО ХУДАШ МЕБАХШАД
Дар калисо, як ба як бо руҳонӣ:
– Хоҳиш мекунам, дуо кунед, ки Худованд маро бубахшад.
– Чӣ гуноҳ кардӣ писарам?
– Як миллион рубл дуздидам.
– Барои он ки Худо туро бахшад, аввал бояд гуноҳатро сабуктар кунем.
– Чӣ хел сабуктар?
– Маблағро се тақсим мекунем: 500 ҳазор ҳаққи калисо, 400 ҳазор барои дуо, боқӣ ба гардани шумо.
– Тақдири ман чӣ мешавад?
– Барои дуздии 100 ҳазор худи калисо туро мебахшад писарам, кирои Худовандро ташвиш додан нест. 
 
Аз русӣ тарҷумаи Ф. РАҲМОНЗОДА
 
 
 
 
 
ҶОНАТАН ДУАЙТ ҶОНС
БЕҲТАРИН РАЗМГАРИ МУҲОРИБАҲОИ ОМЕХТА
Размгари муҳорибаҳои омехта, чемпиони  UFC  байни сангинвазнон Ҷонатан Дуайт Ҷонс (Ҷон Ҷонс, ИМА) аз ҷониби ағлаби коршиносони соҳа дар таърихи ин намуди варзиш беҳтарин размгар эътироф мегардад. 
Иттилоъ дода мешавад, ки айни замон Ҷон Ҷонс дар радабандии UFC миёни беҳтарин размгарон қатъи назар аз вазн мақоми сеюмро ишғол менамояд. 
Тайи корномаи варзишии хеш 27 ғалаба ба даст овардааст. Ҳарчанд тули фаъолияташ Ҷон Ҷонс аз рақибе шикаст нахӯрда бошад ҳам, аммо мағлубият дорад. Гап сари он аст, ки ӯ 5-уми декабри соли 2009 дар қувваозмоӣ бо Мэтт Ҳэмилл (ИМА) зарбаҳои манъбуда (бо оринҷҳо зарба задан)-ро истифода бурда, аз пирӯзӣ маҳрум гардид.
Тавре ахиран сомонаҳои интернетӣ хабар доданд, Ҷон Ҷонси 37-сола ният дорад, ки ба карйерааш хотима бахшад. 
Фароҳамсоз Ш. АБДУЛЛО
 
 
 
 
 
ҲИКМАТ
Оина беҳтарин дӯсти ман аст, зеро вақте ман мегирям, ӯ ҳаргиз намехандад. 
Чарли ЧАПЛИН, ҳунарманди Ҳолливуд
Зиндагӣ филм нест, дар он дубли дигар пешбинӣ нашудааст.
Брюс УИЛЛИС, ҳунарманди Ҳолливуд
Агар шумо ба одамон маъқул бошед, пас одами хубед, вале, агар, онҳо шуморо бад бинанд, пас беҳтаринед.
Жозе МАУРИНИО, мураббии футбол 
Таҳияи Дарвеш ҚУРБОНОВ
 
 
 
 
САВҶИ ДОЛАКИЯ – МИЛЛИАРДДОРИ САХОВАТМАНДТАРИН
Нафароне, ки дар ширкати Hare Krishna Exports  кор мекунанд, то охири ҳаёташон иди Дивалиро фаромӯш нахоҳанд кард, зеро директори он Савҷи Долакия ҳар сол дар ин ҷашни миллии ҳиндуҳо  туҳфаҳои гаронарзиш тақдим мекунад. Аз ҷумла, соли равон ӯ барои беҳтарин мутахассисонаш 400 манзили истиқоматӣ ва 1260 автомошина туҳфа кард. 
Тиҷорати корхонаи мазкур, асосан, аз ҳисоби  алмос буда, даромади калони иловагӣ дорад. Боиси тазаккур аст, ки ширкат маҳсулоташро ба 70 кишвари дунё мефурӯшад. 
 
Таҳияи Нигина РАҲМОН
 
 
 
 
НИШОНАҲОИ НОБИҒАГӢ КАДОМАНД?
 
Баъзе аз ашхоси барҷаста бо одатҳои ғайриодии хеш аз дигарон фарқ мекунанд. Масалан, физики машҳури олам, барандаи Ҷоизаи Нобел Алберт Эйнштейн вақти зиёд тани танҳо гашта, бештар шабона кор мекард. Аксари одамон инро ба ҷунунӣ ва ё одамгурезӣ нисбат медиҳанд, ки куллан хатост. Тавре ҳафтаномаи британии Daily Mail иттилоъ медиҳад, равоншиносони машҳури олам ҳафт одати аҷиби инсонҳоро қайд кардаанд, ки далели нобиғагии  онҳо мебошад:
1. Худ ба худ гап задан.
2. Дер ба хоб рафтан.
3. Орзупарвар будан.
4. Бетартибиву бенизомӣ дар ҳуҷраи хеш.
5. Бо худ саволу ҷавоб кардан.
6. Гӯшанишинӣ.
7. Китобхонӣ.
Равоншиносон бар он ақидаанд, ки агар шахсе аз наврасӣ дорои чунин хислатҳо бошад, дар оянда метавонад нобиға гардад. 
 
Фароҳамсоз Ш. ШОКИР
 
 
 
 
 
ИСТЕЪДОДИ НОДИР
Надя Рушева дар синни 5-солагӣ ба расмкашӣ шуруъ карда, бо истеъдоди нодиру фавқулодааш ҳамагонро ба ҳайрат овард. 
Мутаассифона, Надя ҳамагӣ 17 сол умр дид, вале тули ин умри кӯтоҳ ӯ тавонист  бо мусаввараҳои  «Ҷанг ва сулҳ», «Анна Каренина», «Шоҳзодаи хурдакак» ва ғайраҳо бинандаро мафтун созад. Аҷибаш ин аст, ки ин русдухтари боистеъдод, дар ин муддат аз худ зиёда аз 12 ҳазор асар ба мерос гузоштааст. 
 
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО
 
 
 
 
РУБРИКАИ “НИГОРАҲОИ МАШҲУР  АЗ ОСОРХОНАҲОИ ҶАҲОН”  
МУҶАССАМАИ ПАРФЕНОН
 
Яке аз сарватҳои асосии Осорхонаи Бритониё дар шаҳри Лондон муҷассамаи Парфенон мебошад. Пораҳои муҷассамаро Лорд Элгин дар асри XIX аз харобаҳои Парфенон ҷамъ овардааст, ки минбаъд дар ин осорхона маъбади онро бозсозӣ кардаанд. Дар ин муҷассама тамоми хусусиятҳои бадеии санъати пластикии мактаби Фидия (меъмори машҳури Юнони Қадим) мушоҳида мегардад. Девораҳои маъбад бо сутунҳои баланд сохта шуда, дар онҳо размҳои худоёни олимпӣ бо бузургҷуссаҳо, юнониён бо қабилаҳои кентаврҳою амазониҳо ва саҳнаҳои ҷанги Троя тасвир гардидаанд.
 
Таҳияи Судобаи ФАЙЗАЛӢ
 
 
 
 
ДАЛЕЛҲОИ АҶИБ ДАР БОРАИ ОЛМОН
 
3. Қисмати зиёди ронандаҳои таксӣ ва қариб тамоми кормандони амният аз нақлиёти истеҳсолнамудаи ширкати «Мерседес» истифода мебаранд. 
4. Насаби Мюллер маъруфтарин ба ҳисоб рафта, зиёда аз 320 ҳазор кас дорои чунин насаб мебошад.
5. 9-уми ноябр барои мардуми Олмон бисёр рӯзи муқаддас ба шумор меравад. Чунки 9-уми ноябри соли 1918  давлат ҷумҳурӣ эълон шуда,  соли 1989 дар ин рӯз  девори Берлин  аз байн рафтааст.
                                     
Таҳияи Матлубаи АБДУҚАҲҲОР
 
 
 
 
МАРК СПИТС  
АВВАЛИН НАФАРЕ, КИ ДАР ЯК ОЛИМПИАДА 7 МЕДАЛИ ТИЛЛО ГИРИФТ
Шиновари амрикоӣ Марк Спитс дар XX Бозиҳои олимпӣ (Мюнхен, Олмон, соли 1972) аввалин нафар шуд, ки дар як олимпиада 7 медали тилло ба даст овард. Натиҷаи ӯро соли 2008 дар Пекин (Чин) ҳамватанаш Майкл Фелпс, ки 8 медали тиллоро ба даст овард, гузашт.
 
 
ДУ ОЛИМПИАДАЕ, КИ БАЪЗЕ КИШВАРҲО БОЙКОТ ЭЪЛОН КАРДАНД 
XXII Бозиҳои олимпӣ дар Мос-кваро соли 1980 ИМА, Ҷумҳурии Федеративии Олмон, Ҷопон ва даҳҳо давлати дигар, ки зидди даромадани артиши ИҶШС бар хоки Афғонистон буданд, бойкот эълон карданд. 
Дар XXIII Бозиҳои олимпӣ (Лос-Анҷелес-1984) бо сабаби он ки, блоки кишварҳои сотсиалистӣ ба он бойкот эълон карданд, 125 чемпиони ҷаҳон иштирок накард.
 
Таҳияи У. САФАРАЛӢ
 
 
 
 
ДАРСИ МУАЛЛИМ АР БУВАД ЗАМЗАМАИ МУҲАББАТЕ…
 
Равоншиноси рус Татяна Черниговская бар он аст, ки агар муаллиме ба кӯдакон бо меҳру муҳаббат моҳияти  адабиётро фаҳмонда тавонад, меҳри китобхониро дар қалби онҳо барои ҳамеша ҷо хоҳад кард.  
– Ман баъзан ба андеша меравам: чи хушбахтист, ки нобиғагони олам китоб навиштаанд. Имрӯз аз байнамон рафта бошанд ҳам, мо ҳанӯз имкони суҳбат бо онҳоро дорем. Онҳо тавассути китобҳояшон бо мо сухан мегӯянд, ба саволҳоямон посух медиҳанд. Аҷиб аст, ки пас аз асрҳо бо банӣ-башар дар гуфтугӯянд. Ин аст зиндагии ҷовидона,– файласуфона мегӯяд ӯ. 
 
Тарҷимаи Сабо КОМРОН
 
 
 
 
10 ҚОИДАИ ОДӢ, КИ ВОЛИДОН ОНҲОРО ДУРУСТ МЕҲИСОБАНД, АММО ИН ТАВР НЕСТ 
1. “ҲАМАИ ҒИЗОИ ТАБАҚРО БИХӮРЕД”.
Ин даъвати волидон метавонад кӯдакро ба зиёдхӯрӣ одат кунонад, ки боиси касалиҳои гуногун гардад. Беҳтар аст, ки кӯдакро таълим диҳем, ки танҳо вақти гурусна мондан таом бихӯрад.
 
2. “КӮДАКОН БОЯД ҲАМЕША ИТОАТКОР БОШАНД”.
Итоаткории доимӣ метавонад эҷодкориро дар инсон пахш кунад. Муҳим аст, ки кӯдакро дар фазои озоди  ифодаи фикр ва иҷрои ягон амали муфид тарбия намоем.
 
Таҳияи Дилноз ҲУКМАТУЛЛОЕВА
 
 
 
 
ФАКТҲОИ АҶИБ  ДАР БОРАИ ПАРАНДАҲО
1. Пингвини императорӣ метавонад, ки бе мушкилӣ нуҳ ҳафта гурусна гардад.
2. Дрофаи африқоии калон (бо қади 120-сантиметра ва 19 килограмм вазн) вазнинтарин паранда ба ҳисоб меравад. 
3. Киви, шутурмурғ, додо ва пингвин парандаҳое мебошанд, ки парвоз карда наметавонанд.  
4. Тезсуръаттарин парандаи олам сапсан ба ҳисоб меравад. Суръати он 322 километр дар як соатро ташкил медиҳад.
 
Таҳияи Басона САТТОРЗОДА
 
 
10 НӮШИДАНИЕ, КИ КАСРО ҶАВОН  НИГОҲ МЕДОРАД
4. ЧОЙИ САБЗ
Он беҳтарин нӯшокиест барои пешгирии пиршавӣ, сарзании бемориҳои дилу рагҳо, зангзании дандонҳо. 
Тадқиқоти охирини олимони соҳаи тиб нишон дод, ки чойи сабз, инчунин, фаъолияти майнаи сарро беҳтар месозад, системаи дилу шарёнҳоро мустаҳакам мекунад, ба ривоҷ наёфтани маризиҳои саратон ва диабети қанди навъи дуюм мусоидат менамояд.
 
Таҳияи Барноз РАҲМОНШОЕВА
 
 
 
 
ФАКТҲОИ ҶОЛИБ АЗ ОЛАМИ ҲАЙВОНОТ
1. Бадани хорпушт қариб 10 ҳазор хор дорад.
2. Моҳии хурдтарин “Paedocypris progenetica” ном дораду дарозияш 8 мм аст.
3. Паланги сафед чашмони кабуд дорад.
 
Таҳияи Матлубаи АБДУҚАҲҲОР
 
 
 
 
АЗ ҲИКМАТҲОИ ФЁДОР ДОСТОЕВСКИЙ: 
Хотираатонро бо чизҳои нолозим пур насозед, ки шояд барои лаҳзаҳои зебо ҷой намонад. 
***
Агар инсон анҷоми кореро аз дилу ҷон хоҳад, барои он ҳатман вақт меёбад. 
***
Ҳеҷ гоҳ нафареро, ки омода аст барои шумо ҳама корро анҷом бидиҳад, маранҷонед. 
***
Зиндагиро бештар аз маънии он дӯст бояд дошт. 
Тарҷимаи Комрон САФАР
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
Санаи нашр: 23.08.2024 №: 162
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив