ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » АНҶОМИ САФАРИ ДАВЛАТИИ ҚОСИМ- ЖОМАРТ ТОКАЕВ ДАР ТОҶИКИСТОН

АНҶОМИ САФАРИ ДАВЛАТИИ ҚОСИМ- ЖОМАРТ ТОКАЕВ ДАР ТОҶИКИСТОН

26 август 2024, Душанбе
1
0
23-юми август сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон дар Тоҷикистон ба анҷом расид. 
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо арзи эҳтироми хос Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим- Жомарт Токаевро гусел карданд. Президенти кишвари дӯст муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев бо изҳори сипос аз меҳмоннавозии Сарвари дав¬лат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва таассуроти нек аз ин сафари боба¬рор аз шаҳри Душанбе ба Ватан баргаштанд. 
Ёдовар бояд шуд, ки 22-23-юми август Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев бо сафари давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доштанд. 
Дар доираи сафар меҳмони олиқадр бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дигар шахсони воломақоми Тоҷикистон вохӯриҳои муассир анҷом доданд. 
Аз рӯйи натиҷаи сафари давлатӣ 16 санади нави ҳамкорӣ, аз ҷумла санади муҳиму таърихӣ – Аҳднома дар бораи муносибатҳои ҳампаймонӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон, ба имзо расид, ки омили муҳиму таконбахши таҳкиму тавсеаи муносибатҳои дӯстӣ ва ша¬рикии стратегии ду кишвар гардид. 
Баргузории Рӯзҳои фарҳанги Қазоқистон дар Тоҷикистон ва анҷумани пурмаҳсули сармоягузорону соҳибкорони ду кишвар, низ аз бахшҳои пурарзиши сафари давлатии муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев ба Тоҷикистон буд.
 
 
Санаи нашр: 26.08.2024 №: 163
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив