ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » МО НИЗ БЕ ЁДИ Ӯ НЕСТЕМ

МО НИЗ БЕ ЁДИ Ӯ НЕСТЕМ

26 август 2024, Душанбе
14
0
Бо ин марди шариф ва ҷанговари матин, иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Мирзо Бекматов ҳанӯз аз овони ҷавонӣ ғоибона ошноӣ доштам. Қиссаҳои зиёде дар бораи фаъолияти корӣ ва зиндагиномааш шунида будам. Бо падарарусам, иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Одина Гадоӣ дӯстӣ доштанд. Ҳар ду ҳам хушқаду қомат, зебо, меҳнатдӯст, ростқавл, ватандӯст ва ҷавонмарди воқеӣ буданд. Мирзо Бекматовро хурду калон мешинохт ва эҳтиром мекард. Дар давраи роҳбариаш мудом дасти ниёзмандонро мегирифт. Дар байни роҳбарони сатҳи вилоят ва ҷумҳурӣ кам роҳбареро вохӯрдаам, ки ба адабиёт ва санъат, алалхусус ба санъати театрӣ, таваҷҷуҳ дошта бошад. Саропо марди фарҳангӣ буд. Ҳар нафар мехост бо ӯ аз наздик шинос шавад. Табиист, ки ин орзуро ман низ дар дил мепарваридам.
Соли 1972 ба Театри мусиқӣ-драмавии шаҳри Кӯлоб ба ҳайси актёр-овозхон ба кор рафтам. Баъди як муддати фаъолият дар Театр, би¬нобар набудани саркоргардон иҷборан ин масъ¬улиятро ба зиммаам гузоштанд. Барои Театри Кӯлоб солҳои вазнине буд. Кадрҳо намераси¬данд. Алалхусус, актрисаҳо, камёб буданд. Би¬нои Театр барои таҳияи намоишномаҳои нав мувофиқ набуд. Барои аз ин варта баровардани Театр кори зиёдеро бояд анҷом медодам. Яке аз рӯзҳо ҳангоми тамрин гуфтанд, ки Мирзо Бекма¬тов ба Театр омадааст ва шуморо мепурсад. Аз ин хабар хушҳол гардида, тамринро қатъ кардам ва ба ҳуҷраи директор наздаш рафтам. Самимо¬на бо ҳам вохӯрӣ кардем. Баъди ҳолпурсӣ гуфт: “Ҳамном, ман шодам аз он, ки ин масъулияти вазнинро ба зимма гирифтӣ. Вазорати фарҳанг чанд мута¬хассисро ба Кӯлоб ба ҳайси саркоргардон равон мекард, вале пас як-яку ним сол пар¬тофта мерафтанд. Ту фар¬занди ҳамин сарзамин ҳастӣ. Бояд нисбати зодгоҳ дилсӯзтар бошӣ, Театрро аз ин вазъия¬ти ногувор берун барор. Дар бораи барномаҳои консертӣ ҳоҷати гап нест, вале асарҳои саҳнавӣ заруранд. Фаъолияти гурӯҳи драмавиро, ки аз кор мондааст, эҳё намо...”. 
Ҳангоми сухан карданаш оид ба театри касбӣ кас гумон мекард, ки ӯ мутахассиси ҳамин соҳа аст. 
- Кӯшиш мекунам, - гуфтам дар ҷавоб. 
Ӯ суханашро идома дод: 
- Мо бо нависанда М.Рабиев як драма на¬вишта будем, бо номи “Комбриг Томин” ва онро саркоргардони пештараи Театр таҳия намуда буд, вале росташро гӯям, ба ман чандон писанд наомад. Образи асосии асар Комбриг Томин хеле суст буд. Инчунин, образҳои дигари асар низ кушо¬да нашуда буданд. Оё мумкин нест, ки дар қатори дигар спектаклҳо онро низ аз нав зинда гардонӣ? Хизмати Комбриг Томин барои барқарор кардани Ҳукумати Шуравӣ дар Тоҷикистон, алалхусус дар Кӯлоб, беандоза зиёд аст. 
- Солҳои шуравӣ чунин асарҳо бисёр муҳим ва писандида буданд. Ман низ дар андешаи он будам, ки, пеш аз ҳама, асарҳои дар реперту¬ари Театрбударо аз нав зинда гардонам. Дар нақшаам асарҳои “Робияи Балхӣ”-и А. Атобоев, “Се нафар хушдор”- А.Баҳорӣ ва “Комбриг Томин” низ буд. Мирзо Бекматов аз шунидани ҳисоботу нақшаи фаъолиятам хеле шод шуд. “Кори хуб мекунӣ, Мирзо” - гуфт. 
Бо ҳамин шиносоии мо аз наздик шуруъ гардид. Баъдан ҳангоми кор болои асари “Ком¬бриг Томин” бо ҳамдигар зуд-зуд вомехӯрдем. Нақши Комбриг Томинро Салим Муқимов иҷро мекард. Ман кӯшиш менамудам, ки дар офа¬ридани нақшҳо ва ороиши саҳна низ тағйироти зиёд ворид кунам. Барои ҳамин аз ҳузури Мир¬зо Бекматов ҳамчун яке аз муаллифон истифо¬да менамудам. Ӯ ҳар як пешниҳодро самимона мепазируфт. Вақтҳои дар вазифаҳои мудири шуъбаи фарҳанги собиқ вилояти Кӯлоб ва коти¬би аввали Кумитаи ҳизбии Кӯлоб кор карданаш аз ӯ қиссаҳои зиёд шунида будам. Дар таъси¬си Театри мусиқӣ-драмавии шаҳри Кӯлоб низ саҳми босазо доштааст. Шояд ҳамин дилбаста¬гии ӯ ба санъат буд, ки барои навиштани аса¬ри саҳнавӣ, ки кори хеле душвор аст, камари ҳиммат баст. 
Охирҳои соли 1976 сафари ҳунарии мо бо чанд намоишномаи театрӣ ва барномаҳои консертӣ ба шаҳри Душанбе оғоз гардид. Дар байни ин асарҳо “Комбриг Томин” ҷои сазоворро ишғол мекард. Моро ҳаводорони санъат ва зиёи¬ёни пойтахти ҷумҳурӣ бо хушнудӣ пазируфтанд. “Комбриг Томин” низ дар иҷрои ҳунарманди вар¬зида Салим Муқимов сазовори баҳои баланди мухлисон ва мутахассисони театр гардид. Баъди анҷоми сафари ҳунарӣ ҳукумати шаҳри Душанбе ва Вазорати фарҳанг беҳтарин ҳунармандонро бо ифтихорномаҳо қадр кард, ки дар байни онҳо Салим Муқимов низ буд. 
Баъди ба Кӯлоб баргаштан, дар бинои Теа¬три мусиқӣ-драмавӣ ин намоиш баргузор гардид. Бо анҷоми намоиш Мирзо Бекматовро ба саҳна хондам. Тамошобинон ӯро бо кафкӯбиҳои зиёд истиқбол карданд. 
- Дар ҳамаи ин муваффақиятҳо, - гуфт ӯ, - хизмати ана ҳамин бача хеле зиёд аст - ва дасти маро фишурда, бо забони русӣ гуфт: “Вот так и продалжай!” (Ҳамин тавр корро идома бидеҳ). 
Мирзо Бекматов дар зиндагии худ ҳаргиз бе¬кор набуд. Дар ҳаёти ҷамъиятии шаҳру вилоят фаъолона иштирок мекард. Солиёни дароз ба ҳайси раиси Шурои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳри Кӯлоб адои хизмат кард. 
Ӯ умри дарозу бобаракат дид. Дар ободо¬нии шаҳри Кӯлоб, дар равнақу ривоҷи фарҳанги кишвар, дар тарбияи кадрҳои соҳаҳои муҳими хоҷагии халқ хизмати бузург намуд. 
Имрӯз ин марди матин, ҷасур, иштирок¬чии ҶБВ, шахсияти фарҳангӣ ва фарҳангдӯст, роҳбари софдилу поквиҷдон дар байни мо нест, вале номаш ҳанӯз ҳам вирди забонҳост. Мо низ бе ёди ӯ нестем. 
 
Мирзоватан МИРОВ, 
Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, 
барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон 
ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ
Санаи нашр: 26.08.2024 №: 163
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив