ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ФУТБОЛ 

ФУТБОЛ 

26 август 2024, Душанбе
4
0
Ҷойи сеюм дар Чемпионати CAFA 
Дастаи мунтахаби футболи наврасони Тоҷикистон (U-17) таҳти роҳбарии Марко Раҷини дар Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) миёни наврасон, ки 17- 24-уми август дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, ҷойи сеюмро гирифт. 
Футболбозони навраси мо барои медали биринҷӣ тими Эронро шикаст доданд. Зӯрозмоии дастаҳо шоми 23-юми август дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ доир гашт. Вақти асосии вохӯрӣ мусовӣ – 1:1 анҷом ёфт. Дар зарбаҳои пеналтӣ футболбозони дастаи Тоҷикистон маҳорати баланд нишон доданд. Ҳисоб 4 бар 2 шуд. Дарвозабони мо Абубакр Раҳмонқулов ду зарбаи пенолтии ҳарифонро баргардонд. 
Тими наврасони Афғонистон дар финал бар дастаи Ӯзбекистон бо ҳисоби 1:0 ғалаба кард. 
 
Бозиҳои даври чорякфинали Ҷоми Тоҷикистон 
Дар бозиҳои аввали даври чорякфинали Ҷоми Тоҷикистон-2024, ки 23-25-уми август доир гаштанд, «Шодмон»-и Ҳисор аз «Регар-ТадАЗ», КМВА аз «Равшан»-и Кӯлоб бо ҳисоби 0:1 ши¬каст хӯрданд, «Истиқлол»-и Душанбе бар «Ис¬таравшан» пирӯз шуд (2:1). Вохӯрии дигар миёни дастаҳои «Вахш»-и Бохтар ва «Хуҷанд» мусовӣ (1:1) анҷом ёфт. 
Зӯрозмоиҳои ҷавобӣ 30-31-уми август баргузор мешаванд. Аз рӯйи натиҷаҳои онҳо ҷуфтҳои даври нимфинал муайян мегарданд. 
 
МУҲОРИБАҲОИ ОМЕХТА 
Пирӯзии размгарони тоҷик дар Лас Вегас ва Алмаато 
Размгари тоҷик Самандар Муродов дар мусобиқаи “Road to UFC” (Роҳ ба UFC) бо Ҷонатан Пирсмаи амрикоӣ набард кард. Зӯрозмоии онҳо дар шаҳри Лас Вегаси ИМА баргузор шуда, се раунд идома ёфт. 
Самандар Муродов пас аз ин ғалаба имкон дорад, ки ба UFC шомил гардад. 
Дар мусобиқаи дигар, ки дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон бо номи “Ок¬тагон-62” доир гашт, вар¬зишгари мо Қамариддин Ҳасанов бар намоян¬даи Ӯзбекистон Мансур Атаҷонов дастболо шуд. 
 
Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 26.08.2024 №: 163
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив