ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » Нашри китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён» дар Корея 

Нашри китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён» дар Корея 

27 август 2024, Сешанбе
10
0
Дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея муаррифии китоби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён» (ба забони кореягӣ) баргузор гардид.
Вазорати корҳои хориҷӣ хабар медиҳад, ки дар рӯнамоӣ намояндагони мақомоти фарҳангӣ ва воситаҳои ахбори оммаи Корея ва шаҳрвандону донишҷӯёни тоҷик иштирок намуданд.
 
 
 
Ҷаласаи Шурои намояндагони доимии давлатҳои ИДМ 
Дар қароргоҳи ИДМ дар Минск ҷаласаи навбатии Шурои намояндагони доимии ваколатдори давлатҳои аъзои Иттиҳод дар мақомоти ойинномавӣ ва дигар мақомоти Иттиҳод доир шуд. 
Маркази матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ хабар медиҳад, ки дар чорабинӣ рӯзномаи ҷаласаи навбатии Шурои сарварони ҳукуматҳои Иттиҳод, ки қарор аст 7-8-уми ноябр дар Федератсияи Россия баргузор шавад, таҳия ва номзадии сарвари ҳайати мушоҳидон аз ИДМ барои иштирок дар Палатаи қонунбарори Олий Мажлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон мувофиқа шуд.
 
 
Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Ахмет Гурбанов
24-уми август вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин муовини вазири корҳои хориҷии Туркманистон Ахмет Гурбановро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масъалаҳои муҳим вобаста ба таъмиқи муносибатҳои шарики стратегии Тоҷикистону Туркманистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
 
 
Ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва идоракунии ҳарбӣ 
Дар Сарпрокуратураи ҳарбии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва идоракунии ҳарбӣ баргузор гашт.
Дар Вазорати мудофиа ба хабарнигори мо иттилоъ доданд, ки дар он вазъи содиршавӣ, пешгирӣ, ошкоркунӣ ва амалияи тафтишотӣ-судӣ бо ҷиноятҳои азонихудкунӣ ё исрофкорӣ баррасӣ шуд. 
Масъулони сохторҳои ҳарбӣ муваззаф шуданд, ки талаботи қонунҳоро бечунучаро риоя намоянд. 
 
 
Муаррифии ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон дар Ҳафтаи ҷаҳонии об 
25-уми август дар пойтахти Шоҳигарии Шведсия – Стокҳолм, Ҳафтаи ҷаҳонии об ифтитоҳ гардид.
Хадамоти матбуоти Вазорати энергетика ва захираҳои об иттилоъ додааст, ки  дар он гӯшаи намоишӣ ташкил шуда, ташаббусҳои глобалии мамлакат, таҷрибаи Тоҷикистон дар ислоҳоти соҳаи об ва захираҳои бойи гидроэнергетикии кишвар муаррифӣ шуданд.
 
 
Ёрии шарикони рушд дар рафъи оқибатҳои офати табиӣ 
Таҳти сарпарастии Вазорати нақлиёт ва бо ширкати Бонки осиёии рушд дар шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии Гурӯҳи кории  Кумитаи  ҳамоҳангсози донорҳo баргузор гардид.
Тавре ба хабарнигори “Ҷумҳурият” аз Вазорати нақлиёт иттилоъ доданд, зимни ҷаласа масъалаи рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ, барқарорсозии роҳу пулҳои осебдида ва роҳҳои пешгирӣ аз офатҳо баррасӣ шуд. 
Санаи нашр: 27.08.2024 №: 164
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив