ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ИСТИҚЛОЛ ВА ШИНОХТИ АСОЛАТИ ТАЪРИХӢ

ИСТИҚЛОЛ ВА ШИНОХТИ АСОЛАТИ ТАЪРИХӢ

27 август 2024, Сешанбе
22
0
Масоили давлату давлатдорӣ дар таърихи халқи тоҷик решаи қадима дорад. Далели таърихи қадим доштани давлатдории моро як қатор давлатҳо, ба монанди Суғду Бохтар, Сосониён, Ашкониён, Ҳахоманишиниҳо, Кӯшониён, собит менамоянд. Авҷи аълои истиқлолу озодии халқи мо дар замони Сомониён буд, ки “давраи тиллоӣ” дар саҳифаи давлатдории мо ба ҳисоб меравад. Маҳз дар замони Сомониён ташаккули халқи тоҷик ба анҷом расида, забон ва адабиёти тоҷик рушду инкишоф ёфт. 
 
Марҳалаи нави инкишофи давлатдории тоҷикон аз ибтидои солҳои 20-уми асри XX оғоз мегардад. Таҳти таъсири Инқилоби Октябр дар Бухоро низ ҷунбишҳои сиёсӣ ба амал омаданд. Дар ин давра давлатдории халқи тоҷик чор марҳаларо дар бар мегирад.
Табиист, ки марҳалаи муосири давлатдорӣ аз қабули Эъломияи истиқлоли давлатӣ сентябри соли 1991 оғоз мегардад, ки Тоҷикистон ба сифати субъекти давлати миллӣ дар арсаи байналмилалӣ эътироф гардид. Даҳсолаи аввали даврони истиқлоли давлатии Тоҷикистон барои мардуми мо марҳалаи хеле сангин ба ҳисоб мерафт. Оғози бархурдҳои мусаллаҳона дар минтақаҳои гуногуни кишвар муҷиби буҳрони сиёсиву иқтисодӣ гардид, ки ба тамомияти арзӣ ва истиқлоли давлатӣ таҳдид менамуд. Давлати ҷавони Тоҷикистонро вазъияти мураккабу номуайн фаро гирифт ва ба навиштаи мушоҳидони давр, дар ҷомеа, махсусан дар мақомоти қонунбарор ва Ҳукумат, одамон ба се гурӯҳ ҷудо шуданд: гурӯҳи якум мехост ҳарчи бештар вазифаҳоро дар Ҳукумат ишғол намояд, гурӯҳи дуюм баҳри ғасби ҳокимият умед ба шарикони хориҷӣ дошт ва гурӯҳи сеюм мавқеи бетарафиро ишғол менамуд. Чунин мавқеъгирии масъулони давлатӣ низ яке аз сабабҳои сар задани низоъ дар кишвар ба ҳисоб мерафт.   
Дар ҳамин вазъи печида Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ саҳифаи навро дар даврони соҳибистиқлолӣ боз карда, хатари аз байн рафтани давлатро пешгирӣ намуд ва баҳри бунёди низоми нави давлату давлатдорӣ заминаи устувор ба вуҷуд овард. Сарвари тозаинтихоби давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазъияти бавуҷудомадаи он замонро хуб дарк карданд ва барои ҳалли он қадамҳои устувор ниҳоданд. Қабули Конститутсияи нав, такмили низоми идоракунии сиёсӣ, таъсиси сохторҳои комилан нави маъмурию идоракунӣ дар мамлакат роҳи ояндаи давлатдории миллиро муайян сохтанд. 
Таҷрибаи ду даҳсолаи охири даврони соҳибистиқлолӣ собит менамояд, ки низоми идоракунии давлатӣ бунёд гардида, рушду инкишофи иқтисоди миллӣ марҳала ба марҳала таъмин шуд ва некуаҳволии шаҳрвандон бамаротиб боло рафт. Аз ҷумла, сатҳи камбизоатӣ дар мамлакат аз 83 дарсади соли 1998 дар соли 2023 ба 21,2 дарсад расид. Шохаҳои ҳокимият ташаккул ва инкишоф ёфта, дар мамлакат маъракаҳои муҳими сиёсӣ – интихоботҳои президентиву парлумонӣ доир шуданд. Баргузории маъракаҳои сиёсӣ ба баланд шудани маърифати сиёсӣ-ҳуқуқии шаҳрвандон, таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ ва ваҳдати миллӣ мусоидат намуд. Дар ин масир хизматҳои беназири Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, пеш аз ҳама дар барқарор намудани суботи сиёсӣ, бунёди низоми идоракунии давлатӣ, коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ, эҳёи анъанаҳои миллӣ, таҷлили солгарди мутафаккирони халқи тоҷик, бармало равшан аст. 
Тантанаи истиқлоли давлатӣ мебошад, ки Тоҷикистон ба ҳайси кишвари ташаббускор дар арсаи байналмилалӣ эътироф гардида, рушди устувори давлат бомаром идома дорад. Истифодаи мақсадноки захираҳои табиӣ, бунёди инфрасохтори хизматрасонӣ дар миқёси кишвар бо сарварии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон худ нишонаи соҳибистиқлолист. Сохтмони НБО “Роғун”, ки иқтидори миллӣ ба ҳисоб меравад, бомаром идома ёфта истодааст. Маҳз заҳматҳои бузурги Роҳбари давлат мебошад, ки ин иншооти муҳими аср, ки барои истиқлоли  мо муҳим мебошад, амалӣ мегардад. 
Дар баробари ин, шаҳри Душанбе – қалби Тоҷикистон, пурра симои нав касб намуда, иншоотҳо бо усули меъмории милливу муосир бунёд гардиданд, ки таърихи дуру дарози миллати моро таҷассум менамояд. Бунёди Майдони Истиқлол, Наврӯзгоҳ, Қасри миллат ва таҷлили бошукӯҳи идҳои миллӣ ба монанди Наврӯз, Сада, Меҳргон, Тиргон худ нишонаи истиқлолу озодии миллати тамаддунофари мо мебошад.        
Дар ин масири таърихӣ аз ҳар як шаҳрванди кишвар тақозо мешавад, ки масъулияти баланд нишон дода, ворисони худро дар руҳияи худогоҳиву хештаншиносӣ ва ватандориву меҳанпарастӣ тарбия намоем. Дастовардҳои истиқлоли давлатиро, ки баҳри ҳастии миллат ва бақои давлат бо заҳмати зиёд ба даст омадаанд, ҳифз намуда, баҳри рушди минбаъдаи Ватани маҳбубамон  саҳми шоистаи хешро гузорем.   
 
Комилбек Амид ЁРБЕК, ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев
Санаи нашр: 27.08.2024 №: 164
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив