ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ҚОНУНҲОИ МИЛЛӢ. АЗ АҲАМИЯТИ ТАЪРИХӢ ТО МАНФИАТҲОИ ИҚТИСОДИВУ ИҶТИМОӢ

ҚОНУНҲОИ МИЛЛӢ. АЗ АҲАМИЯТИ ТАЪРИХӢ ТО МАНФИАТҲОИ ИҚТИСОДИВУ ИҶТИМОӢ

27 август 2024, Сешанбе
6
0
Дар доираи чорабиниҳо вобаста ба Соли маърифати ҳуқуқӣ кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳо бо доираҳои гуногуни аҳолӣ суҳбату мулоқотҳои судманд анҷом медиҳанд. Аз ҷумла, чунин вохӯрии судманди масъулони Агентӣ бо фаъолону сокинони ноҳияи Дӯстӣ доир гардида, шарҳу тавзеҳ ва аҳамияти татбиқи қонунҳо «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» дар меҳвари гуфтугӯҳо қарор гирифт.
 
Дар иртибот ба ин, маркази матбуоти Агентӣ хабар дод, ки зимни дидору мулоқот бо роҳбарону сокинони ҷамоатҳои ноҳияи Дӯстӣ, ҳамчунин доир ба аҳамияти сиёсиву таърихии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки соли ҷорӣ 30-юмин солгарди қабули ин санади олии ҳуқуқӣ ҷашн гирифта мешавад, суҳбатҳои ҷолибу хотирмон сурат гирифт. Таъкид гардид, ки омӯзиш, эҳтиром ва риояи меъёрҳои Конститутсия, татбиқи босамари қонунҳои миллӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ роҳи расидан ба ҳадафҳои пешбинишуда дар доираи Соли маърифати ҳуқуқиро ҳамвор намуда, ба тақвияти донишҳои ҳуқуқӣ мусоидат хоҳанд кард. Ҳамчунин, донистани талаботи қонунгузорӣ ба шаҳрвандон имкон медиҳад, ки дар ҳифзу ҳимояи ҳуқуқҳои конститутсионии худ дастболо ва аз ҳар гуна қонуншиканиҳо ҷилавгирӣ намоянд.
Намояндагони Агентӣ зимни мулоқот бо сокинони ноҳия, даъват ба амал оварданд, ки мардум ҳарчи бештар дар атрофи сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид гардида, дар татбиқи ҳадафҳои созандаи Ҳукумати ҷумҳурӣ фаъол бошанд. Зеро дар шароити мураккаби ҷаҳони имрӯза иттиҳоду ҳамбастагӣ, дарки арзишҳои милливу ватандорӣ, вусъати корҳои ободонию созандагӣ, зиракии сиёсӣ, мусаллаҳ шудан бо донишҳои ҳуқуқӣ, тақвияти эҳсоси ватандӯстии ҷавонон ва пешгирии шомилшавии онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ беш аз ҳар вақти дигар тақозо мешавад.
Дар ҷараёни вохӯрӣ аҳамияти қабули қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» дар таҳрири нав матраҳ гардида, зикр шуд, ки воқеан ин иқдом дар танзими рӯзгори мардум, аз байн бурдани хурофотпарастӣ, расму оинҳои сунъиву серхарҷ, дар руҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва фарҳангӣ тарбия намудани фарзандон нақши мунир дорад.
 
Фирӯз РАҲМОНИЁН,
«Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 27.08.2024 №: 164
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив