ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » РАШТ. АВЛАВИЯТ БА РУШДИ ИЛМУ МАОРИФ 

РАШТ. АВЛАВИЯТ БА РУШДИ ИЛМУ МАОРИФ 

27 август 2024, Сешанбе
18
0
Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ ба шарофати сиёсати хирадмандонаи роҳбарияти олии мамлакат дар гӯшаву канори гуногуни мамлакат, аз ҷумла ноҳияи Рашт, тамоми соҳаҳо, бахусус илму маориф, беш аз пеш ривоҷу равнақ меёбанд.
Тавре  мудири шуъбаи маорифи ноҳия Шаҳобуддин Бозоров иброз дошт, дар  ин давра бо дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати кишвар на танҳо мактабҳои куҳна мавриди таҷдиду навсозӣ қарор гирифтанд, балки муассисаҳои зиёди таълимии муосиру замонавӣ ба истифода дода шуданд.  
Айни замон дар ноҳияи Рашт 113 муассисаи таҳсилоти умумӣ (бисту панҷ муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ, шонздаҳ муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ, ҳафтоду як муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва Мактаб-интернати ҷумҳуриявии  кӯдакони ятим) бо фарогирии 31 ҳазору 122 хонанда фаъолият дорад. Дар онҳо 1661 омӯзгори ботаҷрибаву ҷавон, ки  480  нафараш бонувон мебошанд, ба толибилмон дарс мегӯянд.
Қобили зикр аст, ки муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия бо таҷҳизоту технологияи ҳозиразамон, аз ҷумла 1440 компютер, 185 принтер, 14  тахтаи электронӣ ва 44 видеопроектор, таъмин буда, 69 муассисаи таълимӣ ба шабакаи интернет пайваст мебошад.
Ҳамчунин, дар ноҳия се боғчаи бачагона бо теъдоди 190  нафар ва 74  маркази инкишофи кӯдакони синни томактабӣ бо фарогирии 1550 нафар  тифл фаъолият доранд. Дар баробари ин, моҳи майи соли ҷорӣ боғчаи бачагонаи хусусии “Ахтарак” бо шумораи 60 кӯдак ба кор шуруъ намуд. Дар назди боғчаи бачагонаи  шаҳраки Ғарм сохтмони  бинои иловагӣ  идома дошта, инчунин, дар ҳамкорӣ бо соҳибкорону шарикони рушд рӯзҳои наздик дар деҳаҳои Себистон ва Бедак биноҳои нав мавриди баҳрабардорӣ қарор мегиранд.
Бояд таъкид кард, ки дар ноҳияи Рашт дар баробари донишу илмандӯзии мактаббачагон ба фароғати онҳо диққати ҷиддӣ дода мешавад.  Соли ҷорӣ баҳри иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакону наврасон дар соли 2024” 150 кӯдаку наврас ба лагери беруназшаҳрӣ ҷалб шуд. Дар даври аввал (аз 18 то 30-юми июн) 60 нафар кӯдаку наврас дар лагерҳо истироҳат кард. Ҳамзамон, 10 то 20-уми июни соли ҷорӣ 4000 хонандаи синфҳои 3,4,5 ва 6 ба майдончаҳои варзишии солимгардонӣ сафарбар гашт.
Рӯзҳои 19-30-юми июн бошад, 12 кӯдаку навраси ноҳия бо роҳхати иттифоқи касабаи кормандони соҳаи маориф дар лагери беруназшаҳрии “Файзи истиқлол”-и дараи зебоманзари Варзоб фароғат намуд.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, “Ҷумҳурият” 
Санаи нашр: 27.08.2024 №: 164
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив