ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » "ҲИДОЯТНОМА". АРЗИШИ ФАЛСАФӢ ВА ҶАҲОНШИНОСИИ ОСОРИ ШАЙХУРРАИС АБУАЛӢ ИБНИ СИНО

"ҲИДОЯТНОМА". АРЗИШИ ФАЛСАФӢ ВА ҶАҲОНШИНОСИИ ОСОРИ ШАЙХУРРАИС АБУАЛӢ ИБНИ СИНО

27 август 2024, Сешанбе
11
0
Дар остонаи Ҷашни 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон донишмандону файласуфон, фарҳангшиносону фарҳехтагон, равшанфикрону зиёиён ва ҳаводорону мухлисон дар тамоми ҷаҳон 1044-солагии зодрӯзи Шайхурраис Абуалӣ Ҳусайн ибни Абдуллоҳ ибни Сино (370 ҳ. /980-420 ҳ. /1037) - яке аз нобиғаҳои башар ва яке аз саромадони андешаи миллии тоҷиконро, ки дар тули зиёда аз 1000 сол фикру андешаи донишмандон ва алоқамандонро ба худ ҷалб сохтааст, таҷлил менамоянд. Мероси илмӣ ва фалсафии Шайхурраис махзани адонашавандаи донишу маърифатро мемонад, ки бо гузашти солҳо дурдонаҳои нав ба нави онҳо аз ганҷинаҳои китобхонаҳои ҷаҳон берун гардида, мазмуну муҳтаво ва жарфною умқаш он хирмани илму фарҳанги ин миллати озодманиш ва куҳанбунёдро беш аз пеш пурбор ва пурбаракат месозад
Шиносоӣ ба зиндагинома ва фаъолияти илмию фарҳангӣ ва шахсияти Шайхурраис Абуалӣ ибни Сино, бо вуҷуди ин ки аз даврони туфулият то имрӯз дар навиштаҳои донишмандону феҳристнигорон ва мухолифону ҳаводорон ба сурати густурда шарҳу баён ёфтааст, моро аз ин воқеият огоҳ месозад, ки ӯ ҳамчун олим ва ташвиқгари он дар таърихи башарият ҳамеша кӯшиш ба харҷ додааст, ки дар эҷод кардани осори илмӣ ва фалсафӣ ду равишро сармашқи кори эҷодии худ қарор диҳад:1) дар ҳаллу фасли матолиби илмӣ ва фалсафӣ осори худро ба ду зумраи донишмандону ҳаводорон пешкаш созад:а) ба "хоссагон" ё худ мутахассисони соҳаи мушаххаси илм; ва б) омма ё худ ба истилоҳи андешаманд "ҷумҳур". Ин хатти сурх қариб дар ҳама осори ӯ равшан ҳувайдо буда, мутафаккир ин равиш ва тариқаи илмиро то охири умри худ пайгирона идома дода, дар бисёре аз асарҳояш борҳо таъкид намудааст. Барои мисол дар ин бобат дар муқаддимаи асари машҳури хеш "Ал-Ҳикмат ал-машриқийа" чунин иброз медорад: "Мо ин китобро [яъне "Ал-Ҳикмат ал-машриқийа"-С.С.]-ро на танҳо барои хештани хеш, балки барои касоне, ки дар фалсафа дар мақому мартабаи мо қарор доранд, гирдоварӣ кардаем. Аммо таҳқиқотро барои омма, дар ин ҷода, дар "Китоб аш-шифо" ба сурати густурдаю муфассал ва бештар аз ниёзи онҳо фароҳам сохтаем" (Абуалӣ ибни Сино. Осор.Ҷилди 2, Душанбе, 2005, с. 57).
Баррасии ин гуфтаҳои Шайхурраис аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки ӯ дар омӯзиши илму фалсафа шарҳи матолибро аз осон ба душвор, аз сода ба мураккаб, аз дониста ба нодониста, аз мухтасар ба густурда ва аз муҳим ба муҳимтар ба донишмандону ҳаводорон тавсия медиҳад. Бо ин муносибати хеш ӯ аз як тараф кӯшидааст, чун ташвиқгару тарғибгари илму фалсафа матолиби илмиро содаю равон ва равшан ба ихлосмандон пешниҳод созад, аз ҷониби дигар, чун назариётчии илму фалсафа мақом ва мартабаи муҳим ва душвори ин илмро аз назари забон ва тарзи баёни матолиби илмӣ ба гунае месазад, собит созад. Ҳаққонияти ин андешаро шиносоии комил ва ҳамаҷониба ба осори мутафаккир дар таърихи илму фалсафаи ҷаҳонӣ исбот менамояд.
Чун Шайхурраис аз овони наврасӣ ба таълиф ва тадрис оғоз намуда буд, ин ҳақиқатро дарк карда буд, ки илм аз он ҷо ки хусусияти иктисобӣ дорад, онро дар як рӯзу ду рӯз ва, ҳатто, тамоми умр аз бар кардан имконнопазир аст. Шоҳиди чунин андеша назари пурумқи Шайхурраис дар асари машҳури охириумрӣ ва мукаммали фалсафии ӯ "Ал-Ишорот ва ат-танбиҳот" дар мавриди таълими илми фалсафа ва қадру манзалат ва шоистагии он барои омма мебошад. Ибни Сино мефармояд: "Эй бародар! Ман дар ин "Ишорот" бароят зубдаи ҳақро бозкушода, бо зевари сухан луқмаи ҳикматро дар даҳони ту ҷо кунонидам. Ин ганҷро аз ҷоҳилону фурӯмоягон ва аз касоне, ки аз ақлу фаросати фурӯзон, таҷрибаю малакаи фалсафӣ тиҳӣ мебошанд ва шахсоне, ки ба шӯру шар (р) ва ғавғо одат кардаанд ё аз зумраи файласуфони бедини девонасириштанд, нигоҳдор бош. Ва агар дар миёни онон нафареро низ пайдо намудӣ, ки аз нияти наку, андешаи пок бархӯрдор буда, барои дурӣ аз фитнаю васвос омода ва ба ҳақ бо чашми басират ва ризою сидқи ботин менигарад ва ту худ онро бо чашми сар мушоҳида намудаӣ, бодиққат зеҳн бинеҳ ва ба ӯ ҳар чи мепурсад, танҳо кам-кам, пора-пора ва тикка-тикка бидеҳ. Ӯро ба Худо ва имон зинҳор бидеҳ, то ин аҳдро нашиканад ва дар ин амал сайру сулукеро пеша созад, ки ту бо ӯ фармудаӣ. Агар ту ин илмро хору беқадр ва бадном сохтӣ, Худованд дар миёни ману ту гувоҳ аст. "Ва кофист, ки Худованд [миёни ману ту] шоҳид аст" (Қуръон 4:81). Аз таҳлили ин порчаи хурд, вале пурмуҳтаво аз асари Шайхурраис ду хулоса берун меояд: 1) қадру манзалат ва мартабаю ҷойгоҳи илму фалсафа дар назди андешаманд; ва 2) масъулияти шоистагии инсон ба илму фалсафа ва андозаи мартабаи илму олим ва интишори он дар миёни гурӯҳҳои мухталиф аз ақшори ҷомеа. 
Аз зумраи осори хурдҳаҷм, вале бисёр арзишманди Шайхурраис "Ҳидоятнома" ("Китоб ал-ҳидоя") мебошад. Бо назардошти аҳамият ва мақоми фалсафии асар, истилоҳоти муҳим ва пухтаи он дар низоми фалсафии Шайхурраис ва пайдо гардидани баъзе маълумотҳои нав дар ховаршиносӣ ва синошиносӣ тасмим гирифтем, роҷеъ ба сохтор, мазмуну муҳтаво, мавқеи ин асар дар байни дигар осори фалсафии ӯ, аҳамият ва истилоҳоти он дар шакли муқаддима як таҳқиқи муфассал карда бошем. Ҷойи тазаккур аст, ки ин асар соли 2005 дар зимни осори фалсафии ӯ ҳамроҳ бо чанд асарҳои дигари мутафаккир дар шакли мухтасар бе шарҳу тафсирҳо ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ аз ҷониби муаллифи ин сатрҳо тарҷума гардида, ба чоп расида буд, ҳарчанд дар синошиносӣ ин асар ҳанӯз ҳам мавриди таҳқиқи фалсафии ҳамаҷониба қарор нагирифта, то ҳол мақом ва манзалати он муайян нагардидааст. (3.Ибни Сино .Осор, 2005, Душанбе, с. 445-465).
Агар суханро аз тарҷумаи номи китоб, ки онро чаро "Ҳидоятнома", на "Китоби ҳидоя" тарҷума намудаем, чунин ҷавоб мегӯем, ки аксари осори фалсафии Шайхурраис ба забони форсӣ-тоҷикӣ аз қабили "Донишнома", "Зафарнома", "Меъроҷнома" бо ҳамин ном таълиф гардидаанд. Мо низ дар пайравӣ ба Шайхурраис тарҷумаҳои худро аз қабили "Гиёҳнома" ("Китоб ан-набот"), "Ҷонварнома" ("Китоб ал-ҳайвон") бо ҳамин шева тарҷума намуда, ин китобро низ "Ҳидоятнома" ("Китоб ал-ҳидоя") тарҷума кардаем, зеро аз назари маънои забонӣ калимаи "китоб" дар арабӣ чун масдар ва чун исм ба маънои "навиштан" ва "нома" ба кор бурда мешавад. Аз назари истилоҳӣ чунин ба назар мерасад, ки ҳадафи Ибни Сино аз ин номгузорӣ роҳнамоӣ ва ҳидояти омӯзандагон ва ҳаводорони фалсафа дар ҷодаи ин илми фарогир ва пуршараф будааст, зеро худи номи китоб дар шакли "Китоб ал-ҳидоя" ба маънои "роҳнамоӣ кардан" ва "ҳидоят намудан" дар илми фалсафа аз як тараф ва аз ҷониби дигар, "бе мураббӣ зери гардун муътабар натвон шудан" ба ин андеша далолат менамоянд.
Агар ба таърихи фалсафа назар афканем, мебинем, ки на ҳама вақт зиндагинома ва сирату сурати донишмандони файласуф, балки миқдору мансубияти асарҳои онҳо гоҳо зери шакку шубҳа қарор мегирад. Хурсандона, файласуфи мо аз чунин камбуди зиндагӣ ва шарҳи аҳвол орӣ будааст, зеро сират ва сурати андешамандро на танҳо сарчашмаҳои муътамади библиографӣ, донишмандон, ҳамасрон, рақибон ва ғайра шарҳу тавзеҳ додаанд, балки мероси мондагори ӯро шогирдони бовафояш Абуубайди Ҷузҷонӣ, Баҳманёр ибни Марзбон, Ибни Зайла, Ал-Маъсумӣ гирдоварӣ ва тарғибу ташвиқ намудаанд.
 
Аз тасодуфоти хурсандибахш барои илму фалсафаи ҷаҳонӣ ва синошиносии тоҷик ин аст, ки "Ҳидоятнома" агарчи бо адади ками дастхатҳо дар таърихи фалсафа ба ёдгор монда бошад ҳам, дастхатҳои кам ва муътамади он то замони мо расидаанд, ки намунаи онҳо дар китобхонаҳои «Айясофия» дар зери рақами 2475 ва Нури Усмония-4894 варақҳои 248Б-251Б, ки онҳоро муҳаққиқони шинохтаи осори Шайхурраис Ҷурҷ Шаҳота Қанавотӣ, Забеҳулло Сафо, Яҳёи Маҳдавӣ ва дигарон зикр кардаанд, маҳфузанд. Қариб аксари муаллифони феҳристномаҳо, аз ҷумла Ал-Қифтӣ (646 ҳ.-1248 м.) дар "Ихбор ал-уламо" ва Ибн Абӣ Усайбиа (668 ҳ.-1270м.) дар "Уюн ал-анбо" мавҷудияти ин асари мутафаккирро таъкид кардаанд. Ин асари андешамандро феҳристнигорон Ибни Халликон (681 ҳ.-1282 м.) дар  "Вафаёт ал-аъён" ва Хондамир (942 ҳ.-1532 м.) дар "Ҳабиб ас-сияр" бо маълумотҳои тоза тақвият бахшидаанд.
Он чи дар ин ҷо шоистаи таъкид мебошад, "Ҳидоятнома" бо вуҷуди дар даврони камолоти эҷодии Ибни Сино таълиф ёфтан ва аз таълифоти муҳими ӯ ба шумор рафтанаш, аз мадди назари муҳаққиқон дур мондааст. Aгар ба чунин асари муҷазу хурди Ибни Сино "Уюн ал-ҳикмат" файласуфони шинохта Фахриддини Розӣ ва Ибни Лабудӣ шарҳҳо навишта бошанд ва Абдураҳмон Бадавӣ дастхатҳои зиёди онро ишора ва таҳқиқ карда бошад, "Ҳидоятнома" аз чунин таваҷҷуҳ бархӯрдор набудааст. Ҳатто, носихон ҳам чандон онро рӯнависӣ накардаанд, ки натиҷааш дастхатҳои нодиру камшумори он ва таҳқиқоти на чандон зиёд дар таърихи фалсафа будааст. Аз ин ҷо месазад давраи таълифи он, шароит ва муҳите, ки онро иҳота намуда буд, ҳақиқати мансуб будани асар ба Ибни Сино, ҷойгоҳи ин асар дар миёни осори дигари ӯро муайян созем.
Шогирди Шайх-ур-раис Абуубайди Ҷузҷонӣ дар "Таворих аш-шайх" ном китоби худ доир ба мақсади "Ҳидоятнома" чунин иброз медорад: "Ҳидоятнома" ҳикматро дар бар гирифта, Ибни Сино онро ҳангоми маҳбусӣ дар қалъаи Фардҷон таълиф карда, байтеро аз номи Ибни Сино овардааст, ки муҳтавояш аз ин қарор мебошад:
Духулам дар яқин тавре, ки дидӣ,
Тамоми шубҳа дар тарзи хуруҷ аст.
Сарчашмаҳо ва худи мутафаккир дар муқаддимаи "Ҳидоятнома" ишорат менамояд, ки ин асарро ба бародараш Алӣ бахшида, ба ихтисор қисмҳои ҳикматро шомил аст. Ибни Сино соли 1023 дар чиҳилу чаҳорсолагӣ "Ҳидоятнома"-ро таълиф кардааст. Дар ин давра Ибни Сино на танҳо чун табиб, балки ҳамчун файласуфи камолёфта шуҳрат дошт, зеро то давраи оғози таълифи "Ҳидоятнома" дар ҷодаи фалсафа, ба воситаи асари мукаммал ва муҳими фалсафиаш "Китоб аш-шифо" таҷрибаи бой ҳосил карда буд. "Ҳидоятнома" аз ҷиҳати тартиб ва табақабандӣ мисли дигар асарҳои калонҳаҷми мутафаккир ба "Донишнома", "Ал-Ишорот ва ат-танбеҳот", "Китоб ан-наҷот", "Китоб аш-шифо" ва ғайра шабоҳат дошта, аз мантиқ оғоз ёфта, сипас табииёт ва пасон илоҳиётро шомил аст. Чунонки аз баррасии ин асар равшан мегардад, дар асар мавзуъҳои зерин мавриди таҳқиқ ва баррасии Ибни Сино қарор гирифтаанд: 1) мантиқ бо тамоми бахшҳои он: лафзҳо ва маъниҳо; мақулот; иборот, қиёс; бурҳон; ҷадал; хитоба: шеър; суфистиқо; 2) табииёт бо бахшҳои он: маонии самоъ; маонии само; маонии кавн ва фасод; осори улвия: маъданҳо; нафси наботӣ; нутқ (нафси нотиқа); 3) илоҳиёт: маъниҳои умумӣ; Аллоҳ воҷиб ал-вуҷуд; малоика: ақлҳо ва нафси самовӣ; пайванди малоика бо ҳамдигар ва олами заминӣ; маърифат; ва саодатро бидуни илми риёзиёт дар бар мегирад. Аз муқаддимаи асар маълум мегардад, ки Ибни Сино ин асарро чунонки гуфта омад, ба бародараш Алӣ бахшидааст, ки дар ин бора мегӯяд: "Бародари азиз, Алӣ! Худованд туро бо тавфиқ шод гардонда, роҳнамо ва нигаҳдор бошад, хайру осоишро насибат гардонда, қалбатро бо хирад равшан намояду бо марҳамати бепоёни худ аз офатҳои рӯзгору ҳаводиси даҳр эминат дорад. Сипас бигӯям, ки ман дар ин панднома бо алфози муҷаз ва ибораҳои равшан улуми ҳикматро бароят гирдоварӣ намудам, то ки чун онҳоро аз бар карда, пасон онҳоро фаҳм кардӣ, ранҷи омӯзиш бароят сабуку манфиат фаровон бошад. [Дар ин ҷода] аз Худованд мадад ҷустам, зеро ҳар кӣ аз Ӯ холисона мадад биҷӯяд, ӯро ба роҳи рост ҳидоят хоҳад кард." (Чунонки сарчашмаҳо ишорат мекунанд, Ибни Сино дар ҳама ҷо аз ҳамин як бародари худ, ки номаш Алӣ будааст, ёд мекунад. Ҷойи тазаккур аст, ки "Ҳидоятнома" ягона асаре нест, ки Ибни Сино ба бародараш Алӣ бахшида буд. Ӯ дар китоби дигаре бо номи "Ал-Қасида ал-муздавиҷа фӣ ал-мантиқ" чунин абётро меоварад:
Хусусан, маро зери парасторӣ 
бародарест,
Васият аз падару модар ҳангоми реҳлат.
Васият карда буданд, ҳаққи ӯро адо созам,
Ва дар роҳи дуруст раҳнамоӣ намоям.
Аё Алӣ! Илми ҳикматро аз бар бинамо,
То ки ба синни ақлу хирад расидӣ,
Он чиро аз бар кардаӣ, бо хирад ба 
кор бибарӣ,
Ва аз хайри бисёр баҳраманд гардӣ.
Ҳароина, хайри фаровон ҳикмат аст,
Неъмати он бартарин неъмат аст.
 
Дар муқаддимаи "Ҳидоятнома" гарчанде таъкид кардааст: "дар ин китоб ҷамъи илмҳои ҳукматро гирд овардаам", вале се навъи он: мантиқ ва қисматҳои он, табииёт бо ақсоми вай ва илоҳиётро зикр карда, аз риёзиёт чизе наоварда, дар охири асари мазкур мегӯяд: "фанни охир ва чаҳоруми "Ҳидоятнома". Аммо ин таъкиди мутафаккир бо ҳақиқат созгор нест, зеро дар асар на чаҳор илм, балки се фан ба истиснои риёзиёт оварда шудааст. "Ҳидоятнома" аз аввалини асарҳое нест, ки Ибни Сино дар он қисмати риёзиётро истисно карда бошад. Дар муқаддимаи "Китоб ан-наҷот" гарчанде Ибни Сино таъкид менамояд, ки риёзиётро бо қисматҳояш: ҳандаса, ҳисоб, фалак ва мусиқӣ зикр намудааст, вале дар асл ӯ танҳо мантиқ, табииёт ва илоҳиётро ишора кардаасту бас. Таҳиягари асар дар ин бора таъкид мекунад: "Муҳаққиқон бигузор бидонанд, ки сарукордоштагон бо китобҳои Шайх аз қадим риёзиёт ва қисматҳои онро партофтаанд". Муҳаққиқон сабаби чунин муносибати мутафаккирро дар ин мебинанд, ки риёзиёт илмест, ки ба вай чизе илова кардан душвор аст ва барои ҳамин Ибни Сино ба шарҳи он дар "Китоби аш-шифо" кифоят варзидааст ва чуноне мебинем, ӯ аз таҳқиқи риёзиёт дар аксари асарҳои худ "Уюн ал-ҳикмат, "ал-Ишорот ва ат-танбеҳот" ва ҳатто "ал-Ҳикмат ал-машриқия" худдорӣ кардааст. Дар ин бобат дар муқаддимаи "ал-Ҳикмат ал-машриқия" мегӯяд: "Риёзиёт илме нест, ки дар вай ихтилоф бошад ва ҳарчиро дар "Китоби аш-шифо" овардаем, бо вуҷуди такрор дар ин ҷо меоварем". Аз ин ҷо мо ба як хулосаи муҳим меоем, ки дар аксари асарҳои Ибни Сино, аз он ҷумла, дар "Ҳидоятнома" низ як илми асосии фалсафаи вай - риёзиёт ноқис аст, ки ин камбудро худи Ибни Сино низ дар боло зикр намудааст.
Мо бо ин шарҳи мухтасар дар бораи ин асари муҳими Шайхурраис, чи аз назари шарҳи матолиби фалсафӣ ва фаровонии истилоҳоти фалсафии ӯ, ки дар осори баъдинаи ӯ ба забони форсӣ-тоҷикӣ ва арабӣ дар осори файласуфони баъди Ибни Сино ба сурати фаровон истифода гардидаанд, таваққуф менамоем ва таҳқиқи ҳамаҷонибаи онро ба донишмандону соҳибназарон ҳавола мекунем.
 Дар ин ҷо ин нуқтаро таъкид кардан мехоҳам, ки тарҷума, дастрассозии мероси бузурги фалсафӣ, тиббӣ ва илмию фарҳангии мардуми тоҷик ва ба сурати махсус Ибни Сино, ки хирмани илму маърифати оламиёнро бо дастранҷи илмии худ бой ва сероб гардонидаанд, дар замони нав бояд бештар мавриди омӯзиш ва тарғибу ташвиқи донишмандон, муаллимон, аҳли фарҳанг ва дастгирии бевоситаи давлату Ҳукумат қарор гирифта, нақши онҳо дар тарбияи насли ҷавони ватанамон муассиртар карда шавад. Хурсандибахш аст, ки имрӯз дар кишварамон маҳфилҳои адабии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст...", "Шоҳномахонӣ", "Маснавихонӣ" ва дигар иқдомоти судманди маърифатӣ-фарҳангӣ рӯйи кор омада, насли наврасро ба ташвиқи илм ва шинохти осори ниёгон роҳнамоӣ карда истодаанд ва дар ин робита комилан, саривақтӣ ва айни муддао хоҳад буд, агар дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ маҳфилҳои "Синохонӣ" роҷеъ ба илмҳои табиатшиносӣ ва фалсафии осори Шайхурраис Ибни Сино низ ба забони тоҷикӣ оғоз карда шавад, зеро осори табиатшиносии ӯ аз паҳлуҳои бисёр пурбаракат ва муҳими мероси гаронбаҳои ӯ ба ҳисоб рафта, дар худшиносӣ ва худогоҳии насли навраси ватанамон нақши судманд ва арзанда хоҳад бозид.
Саидраҳмон СУЛАЙМОНОВ, 
профессори кафедраи филологияи арабии 
Донишгоҳи миллии Тоҷикистон


Санаи нашр: 27.08.2024 №: 164-165-166
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив