ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ПЕШВОИ МИЛЛАТ БОЗ СЕ МУАССИСАИ ТАЪЛИМИРО ДАР ПОЙТАХТ ИФТИТОҲ НАМУДАНД

ПЕШВОИ МИЛЛАТ БОЗ СЕ МУАССИСАИ ТАЪЛИМИРО ДАР ПОЙТАХТ ИФТИТОҲ НАМУДАНД

28 август 2024, Чоршанбе
11
0
 
Ифтитоҳи МТМУ №14 дар ноҳияи Фирдавсӣ
27-уми август бо иштироки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14 мавриди истифода қарор гирифт. 
Акнун, фарзандони сокинони маҳаллаҳои ноҳияи Фирдавсӣ дар мактаби ҳозиразамон, ки аз панҷ бинои сеошёна ва 58 синфхонаи кушоду барҳаво иборат мебошад, соли нави хонишро оғоз менамоянд.
Иншооти соҳаи маориф ва илм, ки барои 2 ҳазору 400 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст, дар доираи сиёсати маорифпарваронаи роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат баҳри дар шароити муосир ба таҳсил ва илмомӯзӣ фаро гирифтани ҷавонону наврасон бунёд ёфт.
Фармоишгари иншоот Муассисаи давлатии «Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ»-и  Дастгоҳи  иҷроияи  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  буда,  сохтмони он аз тарафи мутахассисону кормандони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “БДМ” ва “Самар-ДСМ” дар муҳлати муайян ба анҷом расид. 
Масоҳати замини Муассиса беш аз ду гектар буда, майдони зери сохтмон 9 ҳазору 468 метри мураббаъро дар бар мегирад.
Ҳар синфхонаи таълимӣ бо мизу курсии нав ва дигар аёниятҳои хониш муҷаҳҳаз буда, барои тарбияи хонандагон беш аз 70 омӯзгори соҳибтахассус ба кор ҷалб шудаанд. 
Синфхонаҳои компютерӣ дорои 80 компютери муосир ва дигар таҷҳизоти заруриянд.
Хонандагон метавонанд дар синфхонаҳои фаннии кимиёву физика ва биология бо озмоишгоҳ, синфхонаҳои таълими меҳнат барои духтарон ва писарон илмҳои дақиқу ҳунарҳои гуногунро аз бар намоянд. 
Иншооти мазкур, ҳамчунин, дорои маҷлисгоҳ бо 500 ҷойи нишаст, китобхона бо 120 ҷой, китобхонаи электронӣ бо 50 ҷойи нишаст, ошхона барои зиёда аз 280 нафар, синфхонаи инкишофи кӯдакон, ҳуҷраи тиббӣ ва синфхонаи омодагии дифои ҳарбӣ аст.
Маҷлисгоҳи мактаб кушоду барҳаво буда, барои гузаронидани чорабиниҳои сиёсӣ-тарбиявӣ ва фарҳангӣ-фароғатӣ мувофиқ мебошад. 
Инчунин, барои ҷалби ҷавонону наврасон ба варзиш ва солимгардонӣ дар дохили муассиса як толор ва дар берун ду майдончаи варзишии барҳаво сохта шуд, ки ба талаботи замон ҷавобгӯ ҳастанд.   
Ифтитоҳи МТМУ №14, агар аз як тараф, дар самти баланд бардоштани савияи дониши муҳассилин саҳм гузорад, аз дигар ҷониб, баҳри таъсиси ҷойҳои нави кор мусоидат намуд, зеро бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани он беш аз 130 ҷойи нави кор фароҳам омад. 
Ҳуҷраҳои кории омӯзгорон, синфхонаҳои таълимӣ ва дигар иншооти ёрирасони Муассиса ба системаи ягонаи гармидиҳӣ пайваст мебошад. 
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, зимни шиносоӣ бо шароити фароҳамгардида дар мактаби замонавии навбунёд, ба масъулон ҷиҳати дар руҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ тарбия намудани насли ҷавону наврас ва иштироки фаъолонаи онҳо дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ дастуру маслиҳатҳои муфид доданд. 
Ифтитоҳи чунин Муассисаи зебову дорои шароити муосири таълиму тарбия дар арафаи соли нави таҳсили 2024-2025 туҳфаи арзишманди Ҳукумати мамлакат ба фарзандони сокинони ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе арзёбӣ гардид.
 
Дар ноҳияи Сино МТМУ №15 ба истифода дода шуд
27-уми август Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Маяковскийи ноҳияи Синои пойтахт бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15-ро ба истифода доданд.
МТМУ №15 ба истиқболи Ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо тарҳи зебо ва мувофиқ ба стандартҳои байналмилалӣ бунёд шуда, дар арафаи соли нави хониш туҳфаи арзанда барои омӯзгорону хонандагони ин Муассиса арзёбӣ шуд.
Иншоот бо дастгирии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Баҳриддин Ҷӯрахонов дар масоҳати 11 ҳазор метри мураббаъ бунёд гардида, барои 2600 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст.   
Ин чорумин таълимгоҳ аст, ки бо иқдоми соҳибкори ватанӣ Баҳриддин Ҷӯрахонов ба истифода дода шуд. Соҳибкор боз уҳдадор гардид, ки як муассисаи нави таълимиро дар пойтахт бо фарогирии 4800 хонанда дар ду баст бунёд намояд.
Сохтмони иншоот аз ҷониби ҶДММ «Моҳир семент» бо ҷалби зиёда аз 100 нафар коргару мутахассиси маҳаллӣ дар муҳлати беш аз 1,5 сол бо сифати баланд ба анҷом расид.
Бино аз чор ошёна ва таҳхона иборат буда, дорои 57 синфхонаи замонавӣ ва озмоишгоҳҳои муосири фаннӣ мебошад.
Ҳамаи синфхонаҳои таълимӣ, аз ҷумла химия, биология, физика, география, математика, асосҳои кор бо компютер, омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва ҳунаромӯзӣ, бо технология ва воситаҳои муосир муҷаҳҳазанд.
Ду синфхонаи ҳунаромӯзӣ барои соҳибкасб намудани духтарону писарон бо дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ таъмин аст.
Дар ин боргоҳи илму маърифат 67 омӯзгор ба таълиму тарбияи хонандагон машғул буда, раванди таълим ба воситаи 82 камераи мушоҳидавӣ, ки дар синфхонаҳо васлу насб шудаанд, назорат мешавад.
Мактаб, ҳамчунин, дорои ҳуҷраҳои корӣ барои омӯзгорон, китобхонаи анъанавӣ ва электронӣ, нуқтаи хизматрасонии тиббӣ, ошхона бо 250 ҷойи нишаст, маҷлисгоҳ бо 440 курсӣ ва толори варзиш барои футбол, волейбол ва баскетбол мебошад.
Дар ҳудуди Муассиса дар масоҳати 1196 метри мураббаъ майдончаи варзиш бунёд ёфт, ки дорои шароити мусоиди машқу тамрин аст.
Аснои шиносоӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои иҷрошуда баҳои баланд дода, ҳайати омӯзгоронро ба боз ҳам баланд бардоштани савияи дониши хонандагон ҳидоят карданд.
Таъкид гардид, ки ба истифода додани чунин таълимгоҳи дорои шароиту имконоти муосири таҳсил, аз ҷумла таъминот бо технологияи инноватсионӣ ва ба роҳ мондани роҳу усулҳои пешрафтаи тадрис, бешубҳа ба болоравии сатҳи донишомӯзӣ ва тавсеаи ҷаҳонбинии хонандагон мусоидат намуда, ҷиҳати рушди қобилияти зеҳнӣ ва навоварии насли наврас замина мегузорад.
Минбаъд низ дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Душанбе сохтмону баистифодадиҳии мактабҳои нав ва биноҳои иловагӣ дар назар аст, ки ин раванд сатҳи таълиму тарбия ва шароити илмомӯзиро боз ҳам беҳтар хоҳад кард.
Ёдовар мешавем, ки танҳо дар ин рӯз бо иштироки  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар пойтахти кишвар се муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 7 ҳазору 400 хонанда дар ду баст мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, 400 ҷойи кори нав муҳайё шуд.
 
МД «Мактаби бачагонаи санъат ба номи Одина Ҳошим» бунёд ёфт 
Дар доираи сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сол ба сол бунёди иншооти фарҳангӣ, махсусан таълимгоҳҳо, зиёд гардида, амалӣ кардани чунин тадбир дар рушди мусиқии тоҷик, баланд бардоштани сатҳи маърифату фарҳанги аҳолӣ ва ҳисси миллии шаҳрвандон нақши арзанда мегузорад. 
Мавриди зикр аст, ки сохтмони Мактаби бачагонаи санъат ба номи Одина Ҳошим моҳи марти соли 2023 оғоз гардида, фармоишгар Муассисаи давлатии «Раёсати сохтмони асосӣ»-и шаҳри Душанбе, паймонкор ҶДММ «СТС ИНШООТ» мебошанд ва корҳои лоиҳакашӣ аз ҷониби ҶДММ «Муҳандис-лоиҳакаш» сурат гирифт.
Ба бунёди иншооти мазкур 136 нафар мутахассиси маҳаллӣ ҷалб гардида, сохтмон бо истифода аз масолеҳи баландсифати ватанӣ ба сомон расид.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, ба масъулон дастур доданд, ки барои дар ояндаи наздик ба роҳ мондани омӯзиши ҳунарҳои ҳайкалтарошӣ, кулолгарӣ, гулдӯзӣ ва кандакорӣ тадбирҳои ҷиддӣ андешанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба омӯзгорон ва масъулони соҳа дастур доданд, ки ба наврасону ҷавонон ҳамаи нозукиҳои фарҳангу санъатро омӯзонанд, то онҳо тавонанд муаррифгари шоистаи санъати мусиқии тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ бошанд.
Ҳамчунин, дастур дода шуд, ки наврасону ҷавонони дорои ҳунару истеъдод аз дигар муассисаҳо ба омӯзиш дар ин муассиса ҷалб шаванд, то аз беҳтарин шароиту имкониятҳои дар ин ҷо фароҳамшуда васеъ истифода баранд. 
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин, дар барномаи консертии доирнамудаи тарбиятгирандагони Мактаби бачагонаи санъат ба номи Одина Ҳошим иштирок намуданд.
Барномаи рангини фарҳангӣ, ки бо истифода аз созҳои мусиқии милливу муосир, оҳангу сурудҳои ватандӯстонаву муаррифгари фарҳанги волои миллати тоҷик пешкаш гардид, хеле ҷолибу диданӣ арзёбӣ шуд.
Санаи нашр: 28.08.2024 №: 165
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив