ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » МАШВАРАТИ АВГУСТИИ ОМӮЗГОРОНИ ХАТЛОН. “ПАРЧАМИ САЙЁРИ ҒОЛИБ” НАСИБИ НОҲИЯИ ДАНҒАРА ШУД

МАШВАРАТИ АВГУСТИИ ОМӮЗГОРОНИ ХАТЛОН. “ПАРЧАМИ САЙЁРИ ҒОЛИБ” НАСИБИ НОҲИЯИ ДАНҒАРА ШУД

28 август 2024, Чоршанбе
19
0
26-уми август дар Кохи фарҳанги шаҳри Бохтар машварати августии омӯзгорони вилояти Хатлон баргузор гардид. 
 
Раиси вилоят Давлаталӣ Саид ва иштирокчиёни машварат нахуст аз намоиши дастовардҳои соҳаи маориф ва ҳунарҳои дастии толибилмоне, ки шомили маҳфилҳо ва марказҳои ҳунаромӯзианд, дидан намуданд. Раиси вилоят ба хонандагони фаъоли муассисаҳои таълимӣ барои дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ сазовори медал шудан, инчунин ба онҳое, ки ихтироот ва маҳсули дастранҷашонро ба намоиш гузошта буданд, таҳсину офарин хонд.
Дар ҳамоиши тантанавӣ Давлаталӣ Саид зимни суханронӣ аз дастовардҳои соҳаи маориф, фаъолияти пурмаҳсули омӯзгорон ёдовар шуда, онҳоро бо фарорасии соли нави таҳсил шодбош гуфт. Зикр гардид, ки дар сиёсати имрӯзаи давлату Ҳукумати Ҷумурии Тоҷикистон соҳаи илму маориф нақши калидӣ ва афзалиятнок маҳсуб ёфта, раванди ҷаҳонишавии таҳсилот ва маърифатнокии илмию техникӣ аз арзишҳое мебошанд, ки мавриди таваҷҷуҳи хоси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад ва имкон фароҳам намудааст, ки аҳли илму маориф бо руҳияи созандагию ободкорӣ дар рушди ҷомеаи соҳибмаърифат, тарбияи насли босаводу шарафманд ва амалӣ намудани сиёсати иҷтимоии давлат сол то сол ба дастоварду муваффақиятҳои назаррас ноил гарданд.
Гуфта шуд, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ҷиҳати таъмини рушди бонизоми соҳаҳои илму маориф тадбирҳои ҳадафмандро пайваста роҳандозӣ менамояд. 
- Сармоягузорӣ ба соҳаи маориф сармоягузорӣ ба ояндаи миллат мебошад. Вобаста ба ин, бо дарназардошти талаботи сиёсиву иҷтимоии кишвар дар солҳои соҳибистиқлолӣ мазмуну мундариҷаи китобҳои дарсӣ куллан бознигарӣ карда шуда, сатҳу сифати дониш ва шароити таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ беҳтар гардидааст. Соли таҳсили 2023-2024 дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии вилоят 867 ҳазору 185 нафар хонанда, (418 ҳазору 480 нафар духтар) ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, ки нисбат ба соли таҳсили гузашта 23 ҳазору 150 нафар хонанда зиёд аст, - гуфт раиси вилоят.
Дар ҳафт моҳи соли 2024 аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 32 иншооти соҳаи маориф бо 213 синфхона барои 10650 ҷойи нишаст дар ду баст сохта шуд. Инчунин, дар доираи барномаҳои соҳаи маориф ва нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд, таъмир ва навсозӣ дар 165 иншооти дигар идома дорад.
Раиси вилоят зимни суханронӣ зикр намуд, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон сол то сол маблағгузории соҳаи маорифи вилоят беҳтар гардида, аз ҷумла, дар панҷ соли охир 2,2 баробар зиёд гардидааст. 
Давлаталӣ Саид аз бурду бохти соҳаи маорифи вилоят низ сухан ронда, масъалаҳои марбут ба беҳбуд бахшидани сатҳи таълим, беҳтар намудани шароити корӣ барои омӯзгорони ҷавон, иҷрои барномаҳои давлатӣ, татбиқи стратегияҳо барои соли нави таҳсил муҳокима ва ба масъулон дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
 
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, 
Зокир ҲАСАН, "Ҷумҳурият"
Санаи нашр: 28.08.2024 №: 165
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив