ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ҶАВОНТАРИН КОРМАНДИ “ҶУМҲУРИЯТ”

ҶАВОНТАРИН КОРМАНДИ “ҶУМҲУРИЯТ”

28 август 2024, Чоршанбе
20
0
Бо Мамлакат, Мамлакат Зубайдова ҳамкор будану ӯро дӯст надоштану эҳтиром нагузоштан ҳеҷ мумкин набуд. Ӯ танҳо як ҳамкори одӣ ба шумор намерафт. Ҳамаро мисли хоҳару модар буд.
 
Агарчи беш аз 13 сол хонанишиниро ихтиёр кардаву давлати пирӣ меронад, зикри некиҳояш, ахлоқи накуяш доимо дар забонҳост. Ҳолиё ҳам мехоҳанд насли нав, ҳатто онҳое, ки ӯро надиданд, пайраваш бошанд.
Ҳеҷ кас дар тамоми давраи фаъолияташ овози баланди ӯро нашунидааст. Ҳеҷ кас наметавонад бигӯяд, ки матлаби навиштаашро апаи Мамлакат дер чиндааст. Шикоят ҳам накардааст. Не, одоби баландаш иҷрои ин амалро, гуфтани суханеро, ки андак дилро биранҷонад, малоли хотир намояд, иҷозат намедод.
Апаи Мамлакат таҷрибаи зиёди кору рӯзгор дошт. Бо шахсиятҳои бузургу маъруф дар идораи рӯзномаи “Ҷумҳурият” ҳамкор буд. Боиси тааҷҷуб ҳам мебошад, ки ӯ ҳеҷ муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ ва ё олии касбиро хатм накардааст. Аммо қоидаҳои имлоро, дуруст навиштани калимаҳоро хуб медонист. Агар ҳам хабарнигорон тасодуфан ё надониста хато менавиштанд, ҳатман онҳоро ислоҳ мекард. Пас аз хондани матлабҳо борҳо шунидаем, ки рӯзноманигорон бо изҳори сипос ва миннатдорӣ гуфтаанд: “Апаи Мамлакат, намегӯй, ки матлабро нахонем? Ғалатҳоро ҳам ислоҳ кардаӣ. Дигар дилпурем, ки навиштаҳоямон бехато пешниҳод мешаванду нашр мегарданд”.
Ба яке аз рӯзноманигорони варзидаву ботаҷрибаи идора гуфтаанд: “Барои чӣ дар мақолаҳоят, навиштаҳоят на вергул аст, на нуқта, на дигар аломатҳои китобатӣ?”. Дарҳол ба посух иброз доштааст: “Апаи Мамлакат ҳаст. Магар шарт аст, ки онҳоро бигузорам?”.
Ҳар корманди эҷодии рӯзнома бисёр мехост, ки матлабашро маҳз апаи Мамлакат бичинад. Ӯ, ки ҳам зуд мечинд ва ҳам беғалат.
Соли 1968, баъди хатми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, он замон, ки 17 сол дошт, барои кор ба идораи рӯзномаи “Ҷумҳурият” омад ва аз ҳамин ҷо соли 2011 ба нафақа баромад. Он вақт, албатта, ҷавонтарин корманди “Ҷумҳурият” ба шумор мерафт. Надоштани маълумоти миёнаи касбӣ ва олии касбӣ барои фаъолияташ дар он рӯзгор, инчунин, баъдҳо таъсири бад нагузошт. Чӣ гуна беғалат чоп карданро ин коргари 17-сола омӯхт, ҳанӯз ҳам муаммост. Пештар ва баъдҳо маълумоти олидорон низ ҳатман дар навиштаҳояшон ба ғалат роҳ медоданд. Апаи Мамлакат боре ҳам ба ин ҳама эътироз накардааст, аммо бо ислоҳи ғалатҳо онҳоро омӯзондааст. 
Ин зани саропо меҳру шафқат дигар духтарону занҳоеро, ки дар ин идора фаъолият доштанд, дарси зиндагӣ, муносибат, муоширатро меомӯхт. Худаш намунаи ибрат буд. Доимо сари вақт ба кор, ба идора меомад ва ба кор муносибати ҷиддӣ дошт.
Зимни насиҳат, муносибати ҷиддӣ ба кор аз рӯзгори собиқ рӯзноманигорони “Ҷумҳурият”, ки баъдҳо шоиру нависандаҳои баркамол шуданд, қиссаҳо мекард. Мегуфтем, ки хотирааш қавӣ аст ва аз он мардони асил, эҷодкорони шинохта бо як самимияту муҳаббат нақл мекунад. Бори дигар бовар ҳосил менамудем, ки “Ҷумҳурият”, дар ҳақиқат, соҳиби мактаб, мактаби бузург мебошад ва ин мактаб дар тарбияи ахлоқӣ, фарҳангӣ, маънавии ҳазорон нафар кормандону хонандагон саҳми бориз гузоштааст.
Аз расидан ба синни нафақаи апаи Мамлакат дар соли 2011 ҳамаи кормандон ғамгин шуданд. Рафтанашро аз кор, аз идора ҳеҷ кас намехост. Маъмурияти рӯзнома хоҳиш кард ва гуфт, ки тамоми имконро барояш фароҳам меорад, то фаъолияташро идома бидиҳад, аммо ӯ инро нахост. Гуфт: “Барои пешниҳод, самимияту муҳаббататон изҳори сипос мекунам, аммо шумо ҳам маро бифаҳмед; 43 сол ҳамчун мошиннавис фаъолият кардан ҳаргиз осон нест. Бояд давлати пирӣ биронам, ба тарбияи набераҳоям машғул бишавам, ба шавҳарам дар ин айём бештару беҳтар хидмат бикунам”.
Ҳамин тавр, апаи Мамлакат аз кор, аз идора рафт, аммо меҳри рӯзномаро, кормандонро, ҳамчунон бо худ нигоҳ дошт. Гоҳ-гоҳ хумори диданашон боло мегираду ба идора меояд, ба ҳуҷраи кории ҳар корманд медарояд ва аҳвол мепурсад.
Мегӯем, бо самимияту муҳаббат мегӯем: “Шукри ҳастияш. Худованд бар умраш биафзояд ва ҳамроҳи аҳли эҷод дар таҷлили 100-солагии “Ҷумҳурият” иштирок намояд”. Иштироки ӯ дар ин ҷашн на танҳо муҳим, балки зарур мебошад ва он боиси ифтихори ҳамаи мо хоҳад буд. Охир ӯ куҳансолтарин корманди ин рӯзнома аст. Алҳол мо кормандеро намедонем, ки аз соли 1968 дар ин рӯзнома фаъолият карда бошад. Ҳузури ӯ дар ҷашни рӯзнома худ боз як дарси ин мактаби бузург аст. 
 
Абдулқодири РАҲИМ,
“Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 28.08.2024 №: 165
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив