ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. АЗ ТАШАББУСИ ТОҶИКИСТОН ТО БА НАФЪИ БАШАР

ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. АЗ ТАШАББУСИ ТОҶИКИСТОН ТО БА НАФЪИ БАШАР

29 август 2024, Панҷшанбе
32
0
 
Обшавии пиряхҳо, ки аз проблемаи умдаи ҷаҳони муосир аст, ба Тоҷикистон низ таҳдид мекунад. Қисми зиёди пиряхҳои минтақаи Осиёи Марказӣ дар қаламрави он ҷойгиранд ва тайи солҳои охир зиёда аз 1000-тои он об шудааст. Бо назардошти муҳимияти ин масъала, панҷ сол қалб дар назди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Маркази омӯзиши пиряхҳо ба фаъолият оғоз кард ва айни замон дар ин самт тадқиқоти бунёдӣ мебарад. Суҳбати мо бо корманди Марказ, академики МАНЭБ Абдулҳамид Қаюмов перомуни ҳолати кунунии пиряхҳои кишвар ва вазъи ҷаҳон сурат гирифт, ки манзуратон мегардад.
 
ОБШАВИИ ПИРЯХҲО
Аз вазъи ҷаҳон то Тоҷикистон 
– Устоди  гиромӣ, фарзияҳо дар мавриди сабабҳои обшавии пиряхҳо гуногунанд. Шумо чӣ назар доред? 
– Ба як факт таваҷҷуҳ кунед: дар Антарктида ҳарорати миёнаи ҳаво – 55 дараҷа аст, лекин ях об мешавад, чаро? Зеро пирях ҳам ҷисми зинда аст ва хоҳу нохоҳ об мешавад. Обшавии пиряхҳо, асосан, аз радиатсияи Офтоб вобастагӣ дорад. Инчунин, зиёд шудани партовҳои газҳои гулхонаӣ обшавии пиряхҳоро дар тамоми ҷаҳон тезондааст. Сабаби гармшавии иқлим низ ҳамин партовҳоянд. 
Аммо, ин ҷо омилҳои табиӣ ҳам ҳастанд: партовҳои вулқонҳо, гази метан, ки аз уқёнусҳо хориҷ мешаванд. Масалан, тамоми газҳои гулхонаии заводу фабрикаҳоро ҷамъ кунем, ба як қисми партови уқёнусҳо баробар намешавад. Як вулқони калон ҳамаи инро мепӯшонад. 
Ҳоло шадидан зиёд шудани ҳарорати ҳаво ба назар мерасад. Иқлиме, ки садсолаҳо дар як ҳолат буд, имрӯз бо таъсири инсоният ва раванди табиӣ дигаргун шудааст. Инсон ба табиат маҳз тавассути партовҳои газҳои гулхонаӣ таъсир мерасонад. Ин дигаргунии биологӣ ва касалиҳои гуногунро бар ҷой мегузорад, ки барои бартараф намудани онҳо боз солҳои зиёд лозим меояд. Тазоди табиат ин аст, ки ҳарорати ҳаво пиряхҳоро об мекунаду обшавии пиряхҳо боз боиси баландшавии ҳарорат мегардад. 
 
– Бармегардем  ба пиряхҳои Тоҷикистон. Вазъи кунунӣ ва омӯзиши онҳо чӣ гуна аст ва Маркази омӯзиши пиряхҳо то имрӯз ба чӣ дастовардҳо ноил гашт? 
– Пиряхҳои Тоҷикистон барои омӯхтан хеле мувофиқанд ва муътадилию дигаргунии ҳаво дар Осиёи Марказӣ аз вазъи пиряхҳои мо вобастагӣ дорад. Аз ин рӯ, пиряхҳои Тоҷикистонро метавон озмоишгоҳи ҳаво дар Осиёи Миёна гуфт. Айни замон пиряхҳо дар Аврупо ва Амрикои Ҷанубӣ шадидан об шуда истодаанд. Дар Тоҷикистон низ обшавӣ ба назар мерасад, лекин пиряхҳои кишвар нисбатан устувортаранд. Масалан, пиряхи Ҳимолой сол ба сол калон шуда истодааст, ки ин ҳолатро “феномени Қароқурум” меноманд. Умуман, дар ҳудуди Тоҷикистон обшавии пиряхҳо гуногунанд. Дар Помири Шарқӣ устувортар, дар болооби дарёҳои Зарафшону Варзоб, ки ҳаҷман хурданд, коҳишёбӣ бештар. 
Қаблан фикр мекарданд, ки пиряхҳои Тоҷикистон як хел об мешаванд, аммо мо собит кардем, ки чунин нест. Алҳол 6 стансияи пиряхшиносӣ дорем дар баландии аз 3500 то қариби 5000 метр аз сатҳи баҳр. Онҳо бо навтарин таҷҳизот муҷаҳҳазанд: ба тариқи автоматӣ миқдори боришот, обшавии пирях ва фуромадани тармаро сабт мекунанд, ки мо аз рӯи ин нишондодҳо таҳлил мегузаронем. Ин стансияҳо дар Зулмарди Помири Шарқӣ, болооби дарёҳои Ғунд, Сурхоб, Хингоб, Зарафшон ва Варзоб ҷойгиранд. Ба ғайр аз он ки доимо амал мекунанд, дар арсаи байналмилалӣ нодиртарин низ ба ҳисоб мераванд. Ин стансияҳоро мешавад аз дасторвардҳои даврони истиқлол ном бурд. Барои муқоиса, дар замони шуравӣ ҳамагӣ як стансияи баландкӯҳӣ буд: дар пиряхи Федченко бо номи Горбунов, дар баландии 4200 метр аз сатҳи баҳр. 
 
ПЕШВОИ МИЛЛАТ МАКТАБИ ПИРЯХШИНОСИИ ТОҶИКИСТОНРО ЭҲЁ КАРДАНД
– Воқеан, ифтитоҳи  ин Марказ ташаббуси наҷиб ва қобили пайравии Пешвои миллат буд, ки ҷаҳониён хуб пазируфтанд. Дар бобати ҳамкориҳои байналмилалӣ суханро идома медодед... 
– Таъсиси Маркази омӯзиши пиряхҳо дар Тоҷикистон бо ташаббуси Ҷаноби Олӣ саҳифаи наверо дар илми пиряхшиносии олам боз кард. Ба ин васила, Сарвари давлат ба ҷомеаи ҷаҳон нишон доданд, ки омӯзиши пиряхҳо имконпазир аст ва бояд тамоми сайёра дар ин самт талош кунад. Барои он ки баъди солҳои 90-уми асри гузашта чи дар Тоҷикистон ва чи дар ҷаҳон омӯзиши пиряхҳо қариб, ки аз байн рафта буд. Комерсализатсия, яъне тиҷоратӣ кардани илм, ба вуҷуд омаду тадқиқоти бунёдӣ аз байн рафт. Алҳол маълумоти илмӣ оид ба пиряхҳо дар дунё аз 15-20 фоиз зиёд нестанд. Инҳо ҳам далелҳоеанд, ки бо тариқи камералӣ, яъне дар утоқи корӣ ё моҳвораӣ, ба даст омадаанд. 
Соли 1994 дар Тоҷикистон стансияи Горбунов баста шуд ва мо сар аз ин сол маълумоти илмӣ надорем. Бо ташаббуси Пешвои миллат эълон гардидани соли 2025 – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ҷомеаи ҷаҳонро ҳушдор дод, ки бояд омӯзиши пиряхҳоро якҷоя ба роҳ монем, зеро барои пажӯҳиш маблағҳои зиёд лозиманд ва кишваре ба танҳоӣ аз уҳдаи ин намебарояд.  Ман ду маротиба дар экспедитсияи Антарктида иштирок кардаам. Масрафи якрӯзаи як киштӣ 40 ҳазор доллари ИМА аст, ки якбора панҷ киштӣ меравад. Ва ё барои омадурафти як чархболе, ки ба стансияи Горбунов парвоз мекунад, ба ҳисоби миёна 24 ҳазор доллар лозим аст. 
Албатта, стансияҳои пиряхшиносии Тоҷикистон бо дастгирӣ ва маблағгузории шарикони хориҷӣ бунёд гардиданд ва ташаббуси навбатӣ вобаста ба ҳифзи пиряхҳо таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонро ба пиряхҳои Тоҷикистон дучанд кардааст. Ба қарибӣ боз аз Институти Фрибурги Швейтсария ва Академияи илмҳои Бавария пажӯҳандаҳо ташриф меоранд. 
– Яъне, шумо  дар зарфи солҳои на он қадар зиёди мавҷудиятатон собит кардед, ки бори як гӯшаи илми ҷаҳонии пиряхшиносиро мекашед? 
– Чунин гӯем ҳам, муболиға намешавад. Имрӯз Маркази моро дар дунё эътироф мекунанд ва он ба системаи ягонаи ҷаҳонии мониторинги пиряхҳо воқеъ дар Швейтсария шомил аст. Инчунин, Марказ узви Созмони  ҷаҳонии обуҳавошиносӣ оид ба криосфера мебошад.
Мо ҳозир мувозинати пиряхҳоро меомӯзем. Як бахши дигар тадқиқоти изотопии пиряхҳост. Ин имконият медиҳад, ки молекулаи обро бисанҷем. Бо ин роҳ муайян мекунем, ки барф имсола аст ё порина. Солшумории пиряхҳоро бо истифода аз радиоизотопҳои тритий ва карбон-14 ба роҳ монданием. Барои мисол, пирях аз байн рафта истодааст. Аниқ кардан даркор, ки давраи ҳастии он ба охир расида истодааст ё бо таъсири антропогенӣ об мешавад. Ба воситаи спектрографҳо ҳолати химиявии пиряхро меомӯзем. Ин гуна тадқиқот дар олам хеле муҳим ва ангуштшуморанд. 
Мо имрӯз бо бовари комил гуфта метавонем, ки бо эҳтимоми Ҷаноби Олӣ мактаби пиряхшиносии Тоҷикистонро эҳё намудем. Вақте Марказ таъсис ёфт, мутахассис ҳам надоштем. Ман ягона нафаре будам, ки пиряхҳоро меомӯхтам ва дар экспедитсияҳо иштирок мекардам. Бо шарофати сиёсати имрӯзаи Роҳбари давлат, ҷавононро барои омӯзиш ба дигар давлатҳо фиристодем. Имрӯз онҳо мутахассисони сатҳи байналмилалианд. Ин ба мо имкон дод, ки ҳамагӣ дар панҷ сол бо истифода аз усулҳои муосир, Феҳрист-атласи пиряхҳои Федченко, Кофарниҳон ва Зарафшонро тайёр кунем, ҳарчанд тибқи талаботи илми ҷаҳонӣ, барои хулосаи аввалияи тадқиқоти глитсеологӣ камаш даҳ сол лозим аст. Феҳристи маҷмуавиеро омода сохтем, ки ҳолати пиряхҳои ҷумҳуриро дақиқ муайян мекунад. Супориши аввали Пешвои миллат ҳам ҳамин буд. 
 
ДУ ТАШАББУСИ СОЗАНДАИ ТОҶИКИСТОН  
– Тибқи маълумотҳо, 2,5 дарсади оби сайёра нӯшоист, ки манбаи 98 фоизи онҳо пиряхҳоянд. Яъне, обшавии пиряхҳо дар оянда боиси норасоии оби ошомиданӣ мегардад?
– Ба тариқи куллӣ гӯем, об дар ҷаҳон на зиёд мешавад на кам. Пас, ҳангоми тағйирёбии иқлим чӣ ҳодиса рӯй медиҳад, ки норасоии об ба вуҷуд меояд? Ин аз тақсимоти боришот дар баъзе минтақаҳо ва шиддатнокии он вобаста аст. Мисол, боришот ҳоло хеле шиддатнок шуда истодааст ва агар мо пештар давоми як рӯз ё як соат чӣ қадар боридани онро муайян мекардем, ҳоло талаб мешавад, боридани боронро дар зарфи як сония дақиқ намоем. Ғайр аз нобаробарии боришот, инчунин, истеъмоли об зиёд шудааст. Барои он ки шумораи аҳолӣ  афзуда истодааст. Акнун саволе ба миён меояд, ки чаро масъалаи пиряхҳо хеле шадид шуд? Барои он ки агар рӯдҳо, обанбору ҳамаи обҳои нӯшоиро ҷамъ кунем, ҳамагӣ як миллион километри мураббаъро ташкил медиҳад. Ҳаҷми пиряхҳо бошад, 24 миллион километри мураббаъ аст. Захира кардани об тариқи ҳавзҳо ғайриимкон аст. Аз ин лиҳоз, ҷомеаи ҷаҳон рӯ овардааст ба пиряхҳо, ки манбаи оби тозаанд. 
Ин ҷиҳатҳоро ба инобат гирифта, метавон гуфт, ки ташаббуси навбатии Президенти мамлакат оид ба эълон кардани Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, давоми мантиқии Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” аст. 
– Мувофиқи  маълумоти баъзе коршиносон, пиряхҳо то соли 2050 аз байн мераванд. Обшавии шадиди онҳо боиси серобии дарёҳову сар задани обхезиҳо мегардад. Умуман, то охири аср вазъи ногуворе пешгӯӣ мешавад. Воқеан, инсониятро хатар интизор аст?   
– Ин пешгӯӣ аст, албатта, аммо табиат боз қонунҳои худро дорад. Таҳлилҳои саҳроие, ки мегузаронем, ба назарияи боло мухолифанд. Миёнаҳои солҳои 80-уми асри гузашта дар китобе хонда будам, ки то соли 2000-ум пиряхҳои Антарктида то Африқо омада мерасанд, аммо чунин нашуд. 
Ҳоло, ба туфайли ташаббуси Пешвои миллат, таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳон ба ин самти илм хеле афзудааст ва бовари комил дорем, ки бо омӯхтани вазъ роҳҳои ҳифзи пиряхҳо пайдо хоҳанд гашт. 
Агар солҳои 30-40-уми асри гузашта иқтисодиёти ҷаҳон аз нафту газу канданиҳое мисоли ангиштсанг вобастагӣ дошт, ҳоло об ҷои онҳоро гирифтааст. Ояндасозии ҷаҳон аз рӯи захираҳои об пешгӯӣ мешавад. Аз ин рӯ, ташаббусҳои Тоҷикистон созандаанд ва ҷомеаи ҷаҳон низ инро ба хубӣ дарк кардаву гарм пазируфтааст.  
– Сипос барои суҳбат.
 
Меҳрангез ҚОДИРОВА, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 29.08.2024 №: 166
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив