ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ДАВЛАТИ ДУНЯВӢ ДАВЛАТИ АТЕИСТӢ НЕСТ!

ДАВЛАТИ ДУНЯВӢ ДАВЛАТИ АТЕИСТӢ НЕСТ!

29 август 2024, Панҷшанбе
10
0
Мулоқоти навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар бори дигар собит намуд, ки Роҳбари давлат на танҳо ҳамчун ҳомии Конститутсия дар доираи низоми қонунгузории давлатдории дунявӣ ҳамзистиии осоиштаи пайравони дину  мазоҳиби гуногунро  таъмин намудаанд, балки фарохтар  аз он,  диди  хосаи худро ба ҳифз ва рушди фарҳанги динӣ изҳор доштанд. 
 
Аз ҷумла, таъкид намуданд, ки дунявият ҳамчун сохти давлатдорӣ дар ҳамон шакле, ки имрӯз пазируфта шудааст, дар таносуб ба меъёрҳои таърихии он куллан нав аст. Аксар вақт дунявиятро дар мазмунҳои манфӣ, ғайридинӣ ва зиддидинӣ баён мекунанд, ки ин дуруст нест. Албатта, давлати дунявӣ дар тасмимгириҳои худ аз арзишҳои динӣ дида, ба арзишҳои миллӣ ва дунявӣ бештар такя мекунад. Аммо, ҳамкориҳои он бо ниҳодҳои динӣ дар шаклҳои гуногун мавҷуданд ва ин ҳам барои худи давлат ва ҳам барои шаҳрвандони он аҳамияти иҷтимоӣ дорад. 
То имрӯз тибқи нишондиҳандаи низомҳои муносибатҳои давлатӣ-конфессионалӣ аз 197 давлат дар 120 давлат принсипи дунявӣ дар сатҳи қонунгузорӣ муқаррар шудааст, ки Тоҷикистон аз ҷумлаи онҳост.  
Дар ин росто, пеш аз ҳама, давлати дунявиро аз давлати атеистӣ бояд фарқ кард. Атеизм, як навъ эътиқоди мухолиф ба дин, яъне мавҷудияти динро ба куллӣ эътироф намекунад. Дунявияти давлат ва озодии эътиқод аз ҳамдигар ҷудонашавандаанд, яъне дин дар давлати дунявӣ мақоми хоси худро дорад ва ҳамчун ҷузъи фарҳанги миллӣ бо меъёрҳои ахлоқӣ-маънавии худ дар ҷомеа мақом ва нақш дорад. 
Дар шароити ба таври назаррас тағйирёбандаи ҷаҳони муосир вазифаи мо аз он иборат аст, ки роҳ ё усулеро мувофиқи тақозои зиндагии имрӯза роҳандозӣ кунем, ки дин ҳам бояд талаботи кунунии аҳли ҷомеаро қонеъ кунад. Ҳамзамон, давлати дунявӣ динро аз равандҳои сиёсӣ озод карда, хатари истифодаи онро аз ҷониби ҳар гуна қувваҳо барои ноил шудан ба манфиатҳои сиёсиашон коҳиш медиҳад.
Яке аз масъалаҳои муҳими ҷомеаи мусалмонӣ ин суистифодаи гурӯҳҳои ифротгароӣ аз эътиқоди мардуми мусалмон мебошад. Дар ҳоле ки дар Қуръон, дар сураи Бақара ояти 195 омадааст: «Ва худатонро ба дасти хеш ба ҳалокат маяндозед ва некӣ кунед. Худо некукоронро дӯст дорад».
Дар раванди ҷаҳони муосир халалдор намудани ҳамзистии осоиштаи пайравони дину мазҳабҳо ба табаддулотҳо ва инқилобҳои ранга оварда мерасонад ва боиси нигаронӣ аст, ки дар паси ин инқилобҳо на манфиати дин, балки ҳадафи қудратҳои ҷаҳонӣ нуҳуфта аст. Мо бояд ҷомеаро аз таъсири ин равандҳои номатлуб ҳифз кунем.
Пешвои миллат таъкид намуданд: «Мо ба эътиқоди мардум эҳтиром қоилем ва барои адои маросими ибодат ҳамаи шароитҳоро муҳайё кардаем». Вале он зоҳирпарастӣ, сатру сиёҳпӯшӣ, ришу ҷелаку саллаи калон, ки имрӯз мардум ба он рӯ овардааст, куллан хилофи гуфтаҳои Қуръон аст. Боиси таассуф аст, ки дар асри илму техника як гурӯҳи чалласаводон аз ин истифода бурда, мардумро фиреб мекунанд ва динро ба василаи даромади маблағ табдил додаанд.
Инчунин, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз саҳифаи таърихи миллат ёдовар шуда, чунин зикр карданд: «Миллати тоҷик таърихи шашҳазорсола дорад ва инро бонуфузтарин созмонҳои байналмилалӣ, ба мисли ЮНЕСКО дар эътирофи Ҷашни байналмилалии Наврӯз собит кард. Бояд аз он ифтихор кунем, ки мо меросбари фарҳангӣ ориёӣ ва ҳиндуаврупоӣ ҳастем. Давраи қабул кардани дини Ислом ҳамагӣ 1400 сол зиёдтар таърих дорад. Вале то ислом ҳам мо соҳиби давлат, забон, фарҳанг, дин,  анъанаву маросим будем». Шояд барои араб дини Ислом ҳам арзиши динӣ ва ҳам арзи-ши миллӣ бошад, вале барои тоҷик дини Ислом, қабл аз ҳама, мояи эътиқодиву ахлоқӣ ва маънавӣ аст.  
Ба таври сунъӣ муқобилгузории арзишҳои миллӣ ба динӣ як зуҳуроти номатлуб аст. Хусусан, ҷавонон он чизеро, ки аз шабакаҳои иҷтимоӣ дар шарҳи масъалаҳои динӣ  мебинанд, онро ҳамчун ҳақиқати дин қабул доранд, ки на ҳамаи он гуфтаҳо ҳақиқати дини Ислом аст. 
Хуллас, таъкиди Пешвои миллат барои ҳифзи истиқлолият, рушди давлати дунявӣ, таҳкими институтҳои ҷомеа, таъмини ҳамзистии пайравони дину мазҳабҳо дар кишвар, аз байн бурдани ҷаҳлу хурофот, бегонапарастӣ, ҳифз ва рушди арзишҳои миллӣ муҳимтарин самтҳое ҳастанд, ки  амалӣ намудани онҳо на танҳо вазифаи ниҳодҳои давлатӣ, балки вазифаи ҳар як шаҳрванди ватандӯст мебошад. 
 
Ғуломнабӣ СОБИРОВ, роҳбари дастгоҳи раиси ВМКБ
Санаи нашр: 29.08.2024 №: 166
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив