ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » МУХТОР МИРЗО. ХАБАРНИГОР, РАИСИ ИТТИФОҚИ КАСАБА

МУХТОР МИРЗО. ХАБАРНИГОР, РАИСИ ИТТИФОҚИ КАСАБА

29 август 2024, Панҷшанбе
16
0
Аввалҳои моҳи августи соли равон ба идораи рӯзномаи «Ҷумҳурият» пире омад асобадаст, дар паҳлуяш ҷавонмарде низ буд, ҳамчун асокаш. Ӯро шинохтам, зеро симояш, тавре ки рӯзи ба нафақа баромаданаш нуронӣ буд, ҳамон гуна мондааст. Гарм ҳол пурсидам.
– Дастхатҳои китоби навбатиамро барои чоп овардам. Дар матбаа гуфтанд, ки чопи электрониашро биёред, баъд саҳифабандӣ мекунем, -- иброз дошт ҳангоми суҳбат Мухтор Мирзо.
 Устодро ҳамон тавре ки соли 1982 дар рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ» («Ҷумҳурият»-и имрӯза) дида будам ва минбаъд солҳои мадид ҳамкор будем, дарёфтам. Мисли пештара сахт-сахт ҳарф мезад, суханҳояш ҳама таъкид буданд. Гӯиё ҳоло ҳам бо шогирдонаш гап мезада ё дар маҷлисҳо баромад мекарда бошад. Вай сию се сол дар матбуот, дар рӯзномаҳои «Байрақи ленинизм» (ҳоло «Ҳисори шодмон»), «Тоҷикистони советӣ», «Нидои ранҷбар» кор кардааст. 
Вақте ки раиси иттифоқи касабаи рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ» буд, ёриаш ба бисёриҳо мерасид. Вай ба фарзандони кормандон барои истироҳат дар урдугоҳҳои тобистона, роҳхатҳо дастрас мекард. Журналистони куҳансолро ба санаторияҳо мефиристонд, аз ҳолашон пайваста хабар мегирифт. Як тадбири муҳимеро низ роҳандозӣ карда буд, ки махсус барои ҷавонон дар ҳалли мушкилоти молиявӣ мадад мерасонд. Вай «Хазинаи ёрӣ» ташкил карда буд. Ҳар моҳ аъзои Хазина як сӯм мепардохт ва кадом вақт ба пул зарурат пайдо намояд, аз он қарз мегирифт.  
Мухтор Мирзо дар яке аз деҳаҳои шаҳри Ҳисор умр ба сар мебарад. Хонааш ба роҳи оҳан наздик. Аз ин рӯ, ҳар субҳ тавассути қатора ба кор меомад. Соати ҳафт дар дафтари корӣ мешуд, то дигарҳо мерасиданд, ки ӯ, аллакай, чанд мавод таҳрир карда, ба мошиннависҳо пешниҳод менамуд. Мавзуи асосии мақолаҳояш тарзи зисти деҳотиён, комёбиҳои хоҷагидорон, омӯзгорону табибон буд. Бештар аз мушкилоти мардуми одӣ менавишт. Вақте ки дар Шарораи Ҳисор заминларзаи азим рӯй дод, ӯ ду сол дар ҳамин мавзеъ монд ва ҳар рӯз ба рӯзнома аз бартарафсозии оқибатҳои офати табиат гузориш омода мекард. Ӯро ҳар як сокини Шарора мешинохт, агар аз ягон чиз душворӣ мекашид, маҳз ба ӯ муроҷиат менамуд, зеро медонист, ки неруи рӯзнома ба ҳалли ҳар як мушкилӣ мерасад. Нашрияи «Тоҷикистони советӣ» дар Шарора бунгоҳи муваққатӣ ташкил карда буд, рӯзноманигорон Мухтор Мирзо, Аваз Юлдош, Аловуддин Давлатов, хабарнигор-суратгирон Алиҷон Раҷабов, Аҳлиддин Исоев, Тӯхтамурод Рӯзиев ва дигарон узви ҳамин бунгоҳ буданд ва ҳар ҳафта саҳифаи махсусро аз корҳои сомонёфта, яъне бо ҷойи зист таъмин шудани зарардидагон ба чоп омода мекарданд. Сохтмончиён ба ғайр аз хонаҳои истиқоматӣ муассисаи таълимӣ, бунгоҳи тиббӣ, мағозаву дуконҳо, роҳҳо месохтанд ва ҳамаи ин созандагиҳо тавассути рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ» тарғибу ташвиқ мегаштанд. Имрӯз Шарора ба як шаҳраки ободу зебо, дорои ҳамаи инфрасохтори иҷтимоӣ мубаддал гардидааст, ки дар ин созандагиҳо, албатта, саҳми нашрияи «Ҷумҳурият» назаррас аст.
 
Қурбон МАДАЛИЕВ, «Ҷумҳурият»   
Санаи нашр: 29.08.2024 №: 166
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив