ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ҶИНОЯТ ВА ҶАЗО

ҶИНОЯТ ВА ҶАЗО

29 август 2024, Панҷшанбе
13
0
Марде, ки пули корхонаро ба кисаи худ зад, ба ҷазои қонун гирифтор шуд
Намояндаи тиҷоратии бахши яклухт дар ҶДММ “Таджеро”, ки аз ӯ марди 32-сола (сокини шаҳри Душанбе) ном бурда мешавад, бо гумони азонихудкунӣ ё исрофкорӣ аз ҷониби кормандони милитсия дастгир шуд.
Бино ба иттилои маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ, 20-уми августи соли 2024, зимни санҷиши аудиторӣ ошкор гардидааст, ки гумонбаршаванда маблағҳои маҳсулоти корхонаро аз мағозаҳои хӯроквории минтақааш ба маблағи 57 ҳазору 9 сомонӣ ҷамъоварӣ намуда, вале ба хазинаи корхона насупурдааст. Ӯ ин маблағҳоро ба манфиати шахсии худ сарф кардааст, ки айни ҳол нисбат ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.
 
 
Авбошӣ дар ҳолати мастӣ
Дар шаҳри Хуҷанд марди 62-солаеро дастгир карданд, ки дар ҳолати мастӣ ба як сокини ҳамин шаҳр ҷароҳати ҷисмонӣ расондааст.
Тибқи иттилои маркази матбуоти ВКД, ҳоло марди сархуш (сокини шаҳри Бӯстон) ба гумони содир намудани ҷинояти авбошӣ дар боздошт қарор дошта, 21-уми август дар назди ошхонаи “Рустамҷон”, воқеъ дар маҳаллаи 20-уми шаҳри Хуҷанд даст ба чунин кирдор задааст.
 
 
Боздошти ғоратгаре, ки қаблан бо ҷурми қаллобӣ суд шудааст
Марди 29-солаи сокини шаҳри Исфара, ки қаблан бо моддаи 247 қисми 2 (қаллобӣ) Кодекси ҷиноятӣ суд шудааст, дигарбора ба гумони содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ боздошт гардид.
Сомонаи ВКД хабар дод, ки ин мард 18-уми августи соли ҷорӣ ҳангоми дар бозори марказии шаҳри Исфара қарор доштанаш бо роҳи ошкоро аз ҷайби марди 68-солаи сокини ҳамин шаҳр ҳазор сомониро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
 
 
Фарҷоми амали дуздӣ ё ҷавобгарӣ барои 25 ҳазор сомонӣ
Аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ алайҳи як зани 27-солаи сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов бо моддаи 244 қисми 2 Кодекси ҷиноятӣ (дуздие, ки бо роҳи ғайриқонунӣ дохил шудан ба манзил содир шудааст) парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардид.
Тавре маркази матбуоти ВКД хабар дод, ин зан, ки ба содир намудани ҷинояти дуздӣ гумонбар мешавад, 21-уми август бо роҳи пинҳонӣ вориди як манзили истиқоматӣ шуда, аз он ҷо 25 ҳазор сомониро дуздидааст.
 
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи “Ҷумҳурият” 
Санаи нашр: 29.08.2024 №: 166
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив