ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » “АБАРМАРДИ РОҲИ ОМӮЗИШУ ПАЖӮҲИШ” 

“АБАРМАРДИ РОҲИ ОМӮЗИШУ ПАЖӮҲИШ” 

30 август 2024, Ҷумъа
17
0
Илм танро ба ҷойи ҷон бошад,
Сари беилм бадгумон бошад.
“Устод Табаров аз зумраи он шахсиятҳои бонуфузи фарҳангиест, ки дар як давраи басо ҳассоси таърихи халқи тоҷик ба арсаи адабиётшиносӣ ва нақди адабӣ қадам гузошта, тавассути ақли даррок, зеҳни бурро, хотираи мустаҳкам ва ҳисси баланди омӯзгорию масъулияти ватандорӣ ба шеваи хоси тадқиқи бадеӣ муваффақ гардид, ба дараҷае, ки асарҳои илмӣ, илмӣ-оммавӣ ва танқидии ин муҳаққиқи пуркору заҳматкаши тоҷик берун аз хоки Тоҷикистон низ мавриди истифодаи донишмандони шинохта қарор гирифт. Фаъолияти илмӣ-тадқиқотии муҳаққиқ ба фаъолияти омӯзгории эшон тавъам буда, барои насли имрӯзу минбаъдаи миллати тоҷик қобили омӯзиш ва баҳрабардорӣ мебошад”.
Ҳамин ду ҷумла, ки онро узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои филология, професор, устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Аламхон Кӯчарзода дар китоби тозанашраш бо номи “Абармарди роҳи омӯзишу пажӯҳиш” овардааст, тавсифи мукаммалу арзанда дар бораи устоди зиндаёд Соҳиб Табаров мебошад. Китоб дар матбааи ин Донишгоҳ ба табъ расидааст. Маврид ба зикр мебошад, ки Соҳиб Табаров, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, аз таъсиси ин муассисаи таълимӣ, яъне аз соли 1948 то соли 1994 ба донишҷӯёни он дарс гуфта, дар тарбияву роҳнамоии олимону устодони оянда саҳми зиёду фаромӯшношуданӣ дорад. Бо таълиму тарбия, таъсиси курсҳои махсус, пажӯҳишу таълифи китобҳои дарсӣ, илмӣ-оммавӣ, барномаҳои таълимӣ, эссеву дигар жанрҳои адабӣ мактаби худро бунёд гузошт.
Китоб аз 3 боб: “Зиндагии бошарафу ибратомӯз”, “Самараи умри гаронмоя”, “Рӯзнома ва осорхонаи устод” иборат мебошад.
Дар қисмати охир ё худ “Замима” “Аз дафтари “Таассуроти ақлу дил” №116,” “Инсони бузурги асри мо”, “Сухане чанд дар ҳимояи рисолаи доктории А. Кӯчаров”, “Аз соядастҳои устод Табаров”, “Китобнома” ва “Тасвирҳо ҳикоят мекунанд” ҷой дода шудаанд. Китоб бо “Санаҳои асоси ҳаёт ва фаъолияти С. Ш. Табаров” шуруъ мешавад. Тавре аз ин қисмат бармеояд, устод Соҳиб Табаров соли 1987 бо Грамотаи фахрии КМ КПСС ва Совети вазирони СССР, соли 1991 ба унвони Ходими шоистаи илми РСС Тоҷикистон, соли 1999 бо ордени Дӯстии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар унвонҳои илмиву мукофотҳо ноил гардидааст.
Қисмати охири китоб, тавре зикр шуд, фарогири суратҳои устод дар солҳои гуногуни ҳаёташ, модару бародаронаш, шогирдону дӯстону ҳаводоронаш ва дигар шахсиятҳои маъруфи кишвару хориҷ аз он мебошад.
Бо андешаи инҷониб, “Абармарди роҳи омӯзишу пажӯҳиш” беҳтарин, дақиқтарин асар дар бораи устоди соҳибмактабу зиндаёд Соҳиб Табаров мебошад.
Бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон (аз 12-уми декабри соли 2023) имсол 100-солагии ин адабиётшиноси маъруфи тоҷик, мунаққид, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Таълифу нашри китоби мазкур бахшида ба ин санаи муборак беҳтарин туҳфа мебошад.  
 
Абдулқодири РАҲИМ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 30.08.2024 №: 167
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив