ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ

РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ

30 август 2024, Ҷумъа
5
0
Аз Аҳмадшоҳи Маҳмадшоҳ кам ёд меоранд ва ё намеоранд. Албатта, онҳое, ки ӯро кам мешиносанд ва ё намедонанд.
Ин рӯзноманигору нависанда арзандаи ёдоварии ҳамешагӣ ва сазовори суханони нек ва баҳои баланд аст.
 Надидаам, шоҳид нашудаам, ки бо касе баҳс бикунад, кӯшиш намояд, то худро ҳақ бишуморад. Агар аз ӯ чизҳои надонистаро мепурсиданд, посух медод посухи зебо, дуруст ва қаноаткунанда. Он гоҳ саволдиҳанда дармеёфт, ки рӯ ба рӯяш як нафари огоҳ, донишманд нишастааст.
Ҳеҷ гоҳ барои шуҳрати сохта талош намеварзид. Кор мекард, заҳмат мекашид, содиқона, аз рӯи виҷдон рисолаташро анҷом медод.
Аксар вақт хомӯш буд. Чун сабаби онро мепурсиданд, бо лутфи зебову ширин изҳор медошт:
“Чу коре бе фузули ман барояд, 
Маро дар вай сухан гуфтан нашояд.
Вале бинам, ки нобинову чоҳ аст,
Агар хомӯш биншинам, гуноҳ аст.
Ҳама донандаи кори худанд ва ниёз ба маслиҳати ман надоранд”.
Ман бо ӯ охири солҳои 70-уми асри гузашта, дар рӯзномаи ноҳиявии “Ҳақиқат” (ҳоло “Насими айём”)-и ноҳияи Рӯдакӣ, он замон, ки донишҷӯи Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявӣ будам, шинос шудам. Бинои Коллеҷ дар назди бинои рӯзнома буд. Чун донист, ки донишҷӯам, маро ба шогирдӣ пазируфт. Навиштаҳоямро таҳрир мекард, баъзе аз онҳоро пурра аз сар менавишт ва мегуфт, ки бояд ба чи чиз бештар аҳамият бидиҳам, чи тавр бинависам. Талқинам ҳам мекард, ки бештар нависам. Барои ин супоришам медод, ки дар кадом мавзуъҳо бинависам. Мегуфт, ки бояд ба навиштани чорабиниҳои гузарондаи Коллеҷ маҳдуд нашавам. Пешниҳодҳояш, дастгириҳояш ҷуръатам мебахшид ва доираи навиштаҳоямро васеъ менамудам. Барои ин ба хоҷигиҳо мерафтам, бо одамон, сарварони хоҷагиҳои ноҳия ҳамсуҳбат мешудам. Дар оғоз, чун бисёр ҷавон будам, 16 сол доштам, боварам намекарданд, ки суҳбат анҷом додаву навишта метавонам. Пас аз он ки суҳбатҳоям, мақолаҳоям дар рӯзнома нашр мешуд, дар тааҷҷуб меафтоданд. Ҳеҷ кадоми онҳо, агар имрӯз зинда бошанд, шояд то ҳанӯз ҳам надонанд, ки дар ин ҳама саҳми Аҳмадшоҳи Маҳмадшоҳ буд.
Ҳанӯз аз хотирам нарафтааст, ки он замон қасидаи “Луҷатул-асрор”-и Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва чанд шеъри Муҳаммад Иқболро аз ёд карда ва шарҳу тавзеҳҳояшонро аз ин устоди зиндаёд пурсида будам. Шарҳу тавзеҳ медод ва мегуфт, ки бо ин шавқу рағбат бояд донишомӯзи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бишавам. Ҳамин як сухан роҳнамои зиндагиям шуд ва таҳсилро дар факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон идома додам. 
Донишҷӯи соли дуюм будам, ки муждаам доданд: “Шеърат дар “Комсомоли Тоҷикистон" ҳоло (“Ҷавонони Тоҷикистон”) ба табъ расидааст. Бовар накардам ва ҳам пиндоштам, ки ба ҷид намегӯянд. Аммо чун рӯзномаро нишон доданду шеърамро дидам, дар тааҷҷуб афтодам. Аз хотирам баромада буд, ки онро чанд сол пештар ба ин идора фиристода будам. Ба худ гуфтам: “Кист ин ғамхор, ки шеърамро чоп кардааст?” Посух меҷустам, аммо намеёфтам. Як рӯз, ки ба ин идора рафтам, дидам устод Аҳмадшоҳи Маҳмадшоҳ дар ҳуҷраи корӣ нишастааст. Дарёфтам ва ҳам гуфтаанд, ки дар нашри шеърам ӯ саҳм дорад.
Аҳмадшоҳи Маҳмадшоҳ аз даврони донишҷӯӣ эҷод менамуд. Китобҳояш бо номҳои “Гап байни худамон”, “Каҷ дору марез”, “Зинда будан кам аст”, “Арус аз Тошканд”, “Дарро задам, девор кафид”, “Аз гаҳвора то ситора” нашр шудаанд. Дар тарҷума низ маҳорати зиёд дошт ва тарҷумаи асарҳои як қатор адибони ҷаҳон ба қалами ӯ мебошад.
Аз соли 1990 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.
Соли 2004 дилаш аз тапидан бозмонд.
Аз ӯ ёд накардан, сухани нек дар ҳаққаш нагуфтан, хосса барои мани шогирдаш гуноҳ аст.   
Абдулқодири РАҲИМ,
“Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 30.08.2024 №: 167
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив