ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » Мулоқоти Си Ҷинпин бо Рамафоса

Мулоқоти Си Ҷинпин бо Рамафоса

03 сентябр 2024, Сешанбе
8
0
Синхуа. Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин бо Президенти Африқои Ҷанубӣ Сирил Рамафоса, ки барои ширкат дар Форуми ҳамкориҳои Чину Африқо ва бо сафари давлатӣ дар Чин  қарор дорад, гуфтугӯ кард.
Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷонибҳоро ба пешбурди равобити тарафайн тавассути эътимоди мутақобилаи сатҳи баланди стратегӣ даъват намуда, аҳамияти талошҳои муштаракро барои пешбурди ҳамкориҳои босифат дар доираи ташаббуси «Камарбанд ва роҳ», барои таҳкими ҳамкорӣ дар бахшҳои иқтисоди рақамӣ, зеҳни сунъӣ  ва манбаъҳои нави энергия, инчунин, ҷиҳати густариши мубодила ва ҳамкорӣ дар соҳаи рушди захираҳои инсонӣ таъкид кард.
Си Ҷинпин  гуфт, ки   кишвараш омода аст,  ба ҳамкориҳои Африқои Ҷанубӣ ва дигар кишварҳои африқоӣ ва рушди босифати он мусоидат намояд.
С. Рамафоса дар навбати худ гуфт, ки Африқои Ҷанубӣ барои Чин ҳамеша дӯсте хохад буд, ки вай ба он боварӣ ва такя карда метавонад.
 
 
Нозирони байналмилалӣ ба рафти баргузории интихоботи парлумонии Озарбойҷон баҳои баланд доданд
 
Мир 24. Ҳизби ҳокими Озарбойҷон, ки ба он Президенти ин кишвар Илҳом Алиев раҳбарӣ мекунад, аксари курсиҳои парлумонро соҳиб шудааст – 68 аз 125. Ин маълумоти Комиссияи марказии интихоботӣ дар асоси натиҷаҳои коркарди протоколҳои 91 дарсади қитъаҳои интихоботӣ мебошад. Интихоботи пеш аз муҳлат 1-уми сентябр баргузор шуд. 
Иштироки раъйдиҳандагон аз 37 дарсад гузашт. Аъзои комиссияҳои интихоботӣ варақаҳои овоздиҳиро таҳти назорати қатъии нозирони маҳаллӣ ва байналмилалӣ ҳисоб мекунанд. Онҳо изҳор доштанд, ки ягон қонуншиканӣ вуҷуд надорад ва интихобот дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор шуд.
 
 
Bloomberg: Дархости Туркия барои узвият ба БРИКС 
 
RT. Bloomberg бо такя ба манобеи худ менависад: "Туркия расман дархост кардааст, ки ба БРИКС ҳамроҳ шавад, зеро он кӯшиш мекунад, ки нуфузи ҷаҳонии худро тақвият диҳад ва равобити навро берун аз иттифоқчиёни анъанавии ғарбии худ барқарор созад". 
Қаблан, рӯзноманигор Ҳарянто Мартаҳа дар мақолае барои InfoBRICS гуфта буд, ки Туркия саъй дорад ба БРИКС ҳамроҳ шавад, зеро он аз идеяи ҷаҳони бисёрқутбӣ тарафдорӣ мекунад. 
Ҷеймс О'Брайен, муовини Котиби давлатии Амрико оид ба корҳои Аврупо ва Авруосиё, гуфт, ки қабули тасмими Туркия дар мавриди пайвастан ба Созмони ҳамкории Шанхай барои Амрико душвор хоҳад буд.
 
 
 
ҶАҲОН  ДАР ЯК САТР
RT. Бино ба маълумоти агентии  «Khaama Press», дар натиҷаи ҳамлаи террористӣ  дар ҷанубу ғарби Кобул шаш нафар ба ҳалокат расид,  13 кас ҷароҳат бардошт. Ба иттилои агентӣ, таркиш   бар асари амали як террористи маргталаб рух додааст. 
Шоҳидони ҳодиса хабар доданд, ки ҳадафи таркиш кормандони шуъбаи фармондеҳию назоратии «Толибон» буд.
Синхуа.  Дар мулоқоти Сарвазири Гурҷистон Ираклий Кобахидзе бо вазири мудофиаи Арманистон Сурен Папикян, ки  бо сафари расмии дурӯза дар Гурҷистон қарор дорад, масъалаи густариши ҳамкорӣ дар соҳаи мудофиа баррасӣ шуд. Инчунин, онҳо равобити дӯстонаи ду кишварро зикр намуда, таъкид карданд, ки Эъломияи муштарак оид ба шарикии стратегӣ барои амиқтар намудани ҳамкориҳои Гурҷистон ва Арманистон дар ҷабҳаҳои гуногун заминаи хуб фароҳам меорад. 
Sputnik.tj. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Президенти Ӯзбекистон,  Шавкат Мирзиёев, Роҳбари ин давлат, ба муносибати Рӯзи Истиқлоли давлатии Ӯзбекистон беш аз 500 нафар маҳбусро афв кард. Тибқи қарори Президенти Ӯзбекистон нафароне аз зиндон раҳо хоҳанд шуд, ки аз кардаашон сидқан пушаймонанд.
CentralAsia (CA). Ситоди генералии неруҳои мусаллаҳи Эрон гузориши ниҳоӣ дар бораи суқути чархболи Президент Иброҳим Раисӣ дар моҳи майи соли 2024-ро нашр кард. Дар ин санад сабаби аслии суқути чархбол ғайриинтизор пайдо шудани тумани ғафс, ки боиси ба кӯҳ бархӯрдани чархбол шудааст, гуфта мешавад.
 
Санаи нашр: 03.09.2024 №: 169
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив