ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ОЗМУНҲОИ БЕҲТАРИН АКС ВА РОЛИКИ САЙЁҲИИ ДУШАНБЕ ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

ОЗМУНҲОИ БЕҲТАРИН АКС ВА РОЛИКИ САЙЁҲИИ ДУШАНБЕ ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

04 сентябр 2024, Чоршанбе
6
0
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, зимни як чорабинӣ бо иштироки намояндагони расонаҳои хабарӣ, озмунҳои акс ва ролики сайёҳии Душанберо ҷамъбаст кард.
Нахуст тариқи автобусҳои сайёҳӣ хабарнигорон ба саёҳати пойтахт баромаданд ва роҳбаладон оид ба биноҳои таърихиву муосир ва иншооти сайёҳӣ маълумот доданд.
Сипас, дар Маҷмааи Истиқлол маросими ҷоизасупории озмунҳо сурат гирифт. Муовини раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода ва муовини аввали раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Рустам Холматиён зимни суханронӣ доир ба иқтидорҳои сайёҳии пойтахт ва ҷумҳурӣ маълумот доданд. Зикр гардид, ки бо таваҷҷуҳ ва дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ ва раиси шаҳри Душанбе соҳаи сайёҳӣ сол то сол рушд мекунад. Дар баробари биноҳо ва ёдгориҳои таърихӣ, иншооти муосири бо тарҳи миллӣ сохташаванда низ таваҷҷуҳи сайёҳонро ҷалб менамояд.
Иттилоъ дода шуд, ки тибқи хулосаи ширкатҳои байналмилалӣ шаҳри Душанбе миёни 5 шаҳри амнтарини ҷаҳон ҷой дорад, ки шабона дар он бехавф мешавад сайругашт кард. 
Ба иттилои муовини аввали раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ, дар ҳафт моҳи соли равон беш аз 700 000 сайёҳ аз Тоҷикистон дидан карданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 17 дарсад зиёд аст.
Ба хотири рушди бештари соҳа, бо ташаббуси МИМҲД шаҳри Душанбе ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ, 25-27-уми сентябр дар пойтахт конфронси байналмилалӣ доир мегардад, ки дар он намояндагони ширкатҳои сайёҳӣ ва хизматрасонии кишвар ва давлатҳои хориҷӣ ширкат мекунанд.
Дар чорабинӣ ғолибони озмунҳои акс ва ролики сайёҳии Душанбе эълон ва қадр гардиданд. Ҳамин тариқ, барои акси беҳтарини сайёҳӣ Дидор Саъдуллоев ҷойи аввалро сазовор шуд. Шоҳрух Носирзода ва Фаррух Файзуллозода мақомҳои дуюму сеюмро соҳиб шуданд. Хабарнигори рӯзномаи “Ҷумҳурият” Комрон Сафаров барои иштироки фаъол бо  “Сипоснома”-и  МИМҲД Душанбе мушарраф гардид. 
Барои ролики беҳтарин миёни шахсони воқеӣ Дилбар Наҷмиддинзода ғолиб дониста шуд. Саидаҳмад Саидов ҷойи дуюм ва Фирдавс Бобоназаров ҷойи сеюмро гирифтанд. Миёни шахсони ҳуқуқӣ ТВ “Душанбе” мақоми якум, ҶДММ “Шоҳтур” мақоми дуюм ва ҶДММ “Сомон тревел” мақоми сеюмро ба даст оварданд. 
 
У. САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият” 
Санаи нашр: 04.09.2024 №: 170
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив