ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » БА ОЗМУНИ ДУОИ МОДАР

БА ОЗМУНИ ДУОИ МОДАР

04 сентябр 2024, Чоршанбе
11
0
«МУҲРИ МАХФӢ» ДАР НОМАҲОИ МОДАРИ МАН
Ҳамин ки ҳамсинфам Толиб аз кисааш халтачаи хурди латтагии ба сурати лӯлапеч дӯхташударо бароварда, сӯям дароз кард, зуд онро шинохтам. Лӯлапеч аз боқимондаи матоъҳое буд, ки модар барои деворҳои хонаамон ба шакли хонаҳои шоҳмот медӯхт ва ба девор меовехт. Ҳар бор, ки касе ба шаҳр меомад, модар ба ман мактуб навишта дар чунин матоъпораҳо медӯхт ва бо ин кораш гӯё ба он "муҳри махфӣ" мезад, то ки шахси хатбаранда онро кушода нахонад. 
 
Мактубро аз дасти Толиб гирифтаму ҳолу аҳволи аҳли хонадонро пурсидам: «Ҳама сиҳату саломат, салом гуфтанд», – гуфту хандида илова кард: "Модарат гила мекунанд, ки ту фақат ба падарат мактуб менависӣ, ба он кас не"…
Баробари ба хона расидан номаро кушодаму ба хондан сар кардам:
"Писаракам, ту дар ун шаҳрҳо чӣ ҳол дошта бошӣ? Ҳар бор, ки дастархон кушоям, пеши назарам даррав ту меоӣ. Ба назарам чунин менамояд, ки ту гушна ҳастию азоб мекашӣ, ҷойи туро дар сари дастархон холӣ мебинаму иштиҳоям худ ба худ баста мегардад. Баҳона карда, ба берун мебарояму то холӣ шудани дилам гиря мекунам…".  
Ман ҳолати модарро, ки ҳамроҳи падар маро ба шаҳр гусел мекард, ба ёд овардам: модар гирён ва овозаш ҳам ҳини хайру хуш паст мешуд, ман танҳо пичир-пичири садо, оби чашм ва паридани лабҳои ӯро мушоҳида мекардам. Ӯ оҳиста аз пеши ман дур мешуд ва ашкони хешро пинҳон мекард, зеро аз сиёсати падарам, ки «чаро бачаро зиқ мекунӣ?» – мегуфтанд, метарсид. Аз мушоҳидаи вазъи модар ман хеле дилтанг мешудам, ба шаҳр баргаштан намехостам, оромии як гӯшаи кӯҳистонро беҳтар аз шаҳр медонистам. Вале чӣ илоҷ... 
Модар, пас аз он ки маро бо гиря гусел мекард, малул мешуд, намехост, ки дар ин бора фикр карда, ғами ӯро хурам, бинобар ин кӯшиш мекард, ки дар мактуби навбатии худ бо ягон роҳе маро хотирҷамъ созад:
“Ассалому алайкум писари аз чашм дуру ба дил наздикам, шумо нағз гаштаед? Илоҳо нағз бошед, хок дар дастатон зар шавад, саратон дардро набинад, нон дар даҳонатон асал гардад, бо сари баланду димоғи чоқ гардед…”.  
Ман интизорӣ ва шодии модарро, ки аз дастрас шудан ва хондани номаҳоям ҳосил мегардид, ба андозаи зарурӣ тасаввур карда наметавонистам. Модарам менавишт: 
«Ассалому алайкум ҷигарбанди модар! Ин салом, ки аз дили пурҷӯшу хурӯши модар садо медиҳад, ба фарзанди аз чашм дуру ба дил наздики ман аст. Хайр азизи модар, Шумо нағз ҳастед? Илоҳо саратон дардро набинад, ҳамеша сарбаланд бошед, камию бадия набинед. Аз даргоҳи Худо шабу рӯз талабам ҳамин аст… Ман барои Шумо бисёр хавотир шудам, биллоҳ, шабҳо хоб надорам. Хати Шумо омаду ман гӯё аз модар нав таваллуд шудам…».
Дар овони донишҷӯӣ бисёр иттифоқ меафтод, ки  ман дар рӯзи гуфтаи худ ба деҳа омада наметавонистам ва модарам ҳазломезу гилаолуд мегуфт: 
«Рост гуфтаанд, ки дили оча ба бача, дили бача ба кӯча. Ту акнун калон шудӣ, парончак шуди-дия, дилат дарё шуда рафтаст, набошад ин қадар дер-дер намеомадӣ! Ман чанд рӯз аст, ки рӯз мешумурам, ки кай ту меоӣ, аз интизорӣ кӯки чашмонам канда шуду аз ту дарак нашуд, як мошин «ғиррӣ» кунад, давида мебароям, ки шояд омада бошӣ. Ду рӯз боз чашми хурсандиям мепарид, хаёлам, ки касе меомада бошад, хайрият, ки омадӣ, писарам. Сиҳату саломат ҳастӣ, чаро ин қадар хароб шудаӣ? Шояд дар ун мамлакатҳои дур гушнаву ташна монда бошӣ? Ҳа ҳамин тавр гӯй, ту азоб кашӣ ҳам, ба мо гап намезанӣ, чанд бор падаратро гуфтам, ки давида раведу бачаро хабар гирифта биёед, нарафтанд. Мард–дия, дил калон, "ҳа, меравам" гуфтанду нарафтанд. Худам мард набошам, ки мошина савор шаваму як сари қадам рафта, туро дар мактабат дида, гашта биёям. Ҳа, осон нест дар шаҳр зиндагӣ кардан…». Модар  ҳамеша бо дилсӯзиву парешонӣ дар бораи ман гап мезад, аммо ман ҳарчанд мекӯшидам, ки шаҳрро биҳишт нишон диҳам, модарам қабул намекард: "Шаҳр шудан қатӣ, он ҷо ҳама чизро кошта намондаанд, ту азоб мекашию аммо гап намезанӣ. Ҳа, ҳамаи кор азоб дорад, медонам". 
Модар ҳамеша аз ман хоҳиш мекард, ки зуд-зуд нома нависам, зеро «ман номаҳои туро гирифта, худро нав аз модар ба дунё омада тасаввур мекунам. Ман модар дошта бошам қариб ҳар рӯз хат мекунам, ки зиқ нашавад», - мегуфт ӯ. Ман ҳам мекӯшидам, ки ин хоҳиши модарро ҳамеша иҷро кунам, бо вуҷуди ин, модарам дар номаҳои худ аз ман гила мекард, ки дер-дер менависам.  Ҳатто ҳангоми дар деҳа буданам доим ба ман таъкид мекард: «Ту зуд-зуд ба ман навис, агар ман номаҳои туро гирам, чашмонам равшан мешаванд, худамро солиму бардам ҳис мекунам, мисли кӯдаки нав аз модар ба дунё омада худамро хушбахт эҳсос мекунам». Худаш аз рӯи ҳамин дастур кор мекард. Ҳанӯз ман ба шаҳр нарасида, модарам бо аввалин каси ба шаҳр меомада, номаи хешро равон мекард: 
«Писарам, нури чашми модар, қуввати ҷисму ҷонам, Шумо нағз рафтед? Дар роҳ хунук нахӯрдед? Чаро хат накардед…? Гилагузорӣ – дия, писари азизам, ҳамин сол азоб кашидед… 
Илоҳо дар пеши потон мурам, камию бадия набинед, барои Шумо шукри аз ҳад зиёд шавад. Ман Шуморо бисёр азоб кашида калон кардам, дасти танҳо, пуштора об меовардам, дилам намешуд дар замин монам...». 
Модар рост мегуфт. Ӯ ба тарбияи фарзанд диққати ҷиддӣ медод. Ҳатто намегузошт, ки касе рӯи фарзанди ӯро бинад: «Чашми мардум ганда, чашм мерасад», – мегуфт.  Агар раваду падарам аз сафар новақт оянд, моро ба падар нишон намедод, хоҳиш мекард, ки аввал шустушӯ кунанд: 
«Шумо рӯйи ҳар хел одамҳоро дида омадед, аз миёни одамони зиёде гузаштед, бачаҳо яра мебароранд, касал мешаванд», – гӯён моро пинҳон мекард. Падарам табассум мекарданд, вале ба ин гапҳои модарам аксуламал нишон намедоданд. Ҳамсояҳо ҳам ин хислати модарамро медонистанд, бинобар ин баъзан аз ман хоҳиш мекарданд, ки бо ягон роҳе додарчаамро ба онҳо нишон диҳам. 
– Ман аз дур додаратро дидам, хушрӯяк будааст, онро як бор аз тиреза ба ман нишон деҳ, – мегуфт ҳамсоядухтар Барно. 
Азбаски модарам ба «чашмзахм» сахт эътиқод дошт, ҳамеша моро огоҳ мекард, ки ҳамроҳи бародарам якҷоя мактаб наравем. Агар мо эътироз мекардем, ҳаросон мешуд ва бо ҳамон мулоиматию оромӣ мегуфт: «Медонӣ, азизҷон, Яъқуб пайғамбар ҳам вақти ба Миср фиристодани фарзандҳояшон аз онҳо хоҳиш карда буд, ки аз як дарвоза вориди шаҳр нашаванд, шумо бошед, ба ин бовар намекунед». 
Хонаи мо бо вуҷуди модар ҳамеша таровату баракати фаровон дошт. Ман хонаамонро бе вуҷуди модарам тасаввур карда наметавонистам. Раваду аз мактаб биёям, ки модар нест, ба хона намедаромадам, ба назарам хона сарду торику холӣ менамуд. Интизор мешудам, ҳамин ки модар меомад, хонаамон гӯё равшан, гарм, пурнур мегашт.
Модарам зани суннатӣ аст, роҷеъ ба хурдтарин чиз ҳам нуқтаи назари хешро дорад. Боре ба деҳа рафтам ва як субҳ ҷомачаи хурдеро дар мехи зери айвон овезон дидам. Азбаски дар хонаи мо кӯдаки хурдсоле набуд, ман ҳайрон шуда, аз модарам пурсидам, ки «ин ҷомачаи кӣ?». Модарам бо ҳамон оромии ба худ хос гуфт: «Ин чапончаро дар ҳангоми семоҳа будани Сулаймон дӯхта будам». Ман онро ба даст гирифта, тамошо кардам, кӯдакии бародари хурдиам Сулаймон ба ёдам омад. Ҳоло Сулаймон 25 сол дорад. Маълум мешавад, ки модарам онро 25 сол боз нигоҳ медоштааст. Ман бо тааҷҷуб пурсидам: «Инро аз куҷо ёфтӣ, модар?». «Ман либосҳои ҳамаи шуморо нигоҳ доштаам», – ҷавоб дод модарам.
Ман медонистам, ки модарам ҳатто тамоми ҷиҳозеро, ки ба замони кӯдакии мо – фарзандон тааллуқ дорад, эҳтиёт мекард, ба замин намепартофт. Гумон мекард, ки агар онҳоро ба замин партояд, касал мешавем. Дилаш намешуд, ки онро ба оташ андозад, онҳоро баста, дар баландиҳо нигоҳ медошт, бо ин сабаб то имрӯз ҷомача, куртача ва кулоҳҳои кӯдаконаи мо дар хонаамон вуҷуд доранд. «Наход, ҳоло ҳам онҳоро эҳтиёт кунӣ, модар?» – мепурсад бо ханда хоҳарам Туҳфа. Онҳоро чӣ кор мекунӣ? 
– Ман то зинда ҳастам, онҳоро нигоҳ медорам, баъди сари ман худатон медонед, – ҷавоб медиҳад модарам. 
Дар ёд дорам, ки боре бо модар тавассути телефон гап задам. Он вақтҳо ба тозагӣ хати телефон ба деҳа кашида шуда буд.  Модарам як бор садо баланд карду дигар гап назад. Ман ҳис кардам, ки дили  вай пур шуд. Садои гиряро шунидам ва донистам, ки аз шиддати гиря модарам натавонист бо ман гап занад. Дили ман ҳам пур шуд. Баъдтар, ки бо модарам мустақим дар ин мавзуъ суҳбат карда, сабаби сухан нагуфтанашро пурсидам, кутоҳакак чунин ҷавоб дод: "Овозат мусофир барин буд". Ман завқ кардам аз ин сухан, «магар овоз ҳам мусофир мешавад?». Вале ба зудӣ дарк кардам, ки дар зери ин суханҳои модари дунёнадидаам чи қадар меҳру муҳаббат, дилсӯзӣ, хавфу ҳарос, парешонӣ, бедорхобӣ, сари ҷогаҳ нишаста, дар бораи фарзанд андешиданҳо, сари дастурхон ҷойи фарзандро холӣ дида дарун-дарун гиристан ва билохира, чизе нахӯрда, хуфтани модарон нуҳуфтааст... 
Бале, дунёи ормон ва андешаҳои модарон хоси худи онҳост…
 
Тоҷибой СУЛТОНӢ, доктори илмҳои филология, профессор
Санаи нашр: 04.09.2024 №: 170
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив