ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ҲАМОИШИ МУҲИМИ ИЛМӢ

ҲАМОИШИ МУҲИМИ ИЛМӢ

04 сентябр 2024, Чоршанбе
3
0
Ба ифтихори 100-солагии адабиётшинос, мунаққид, омӯзгори варзидаву маъруф, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Соҳиб Табаров ҳамоиши илмӣ баргузор гардид. Ҳамоишро ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Эмомалӣ Насриддинзода ифтитоҳ бахшид. Мавсуф ёдовар шуд, ки Соҳиб Табаров аз нахустин омӯзгорони Донишгоҳ пас аз таъсисёбиаш, яъне соли 1948 буд ва то соли 1994 дар таълиму тарбияи донишҷӯён саҳми босазо гирифт. Дар ин муддат чандин курсҳо, аз ҷумла “Матншиносӣ”, “Назарияи танқиди адабӣ”, “Методи таҳлили асари бадеӣ”-ро асос гузошт ва китобҳову барномаҳои таълимиро ба табъ расонд.
Масрури Абдулло, Аламхон Кӯчарзода, Абдулҳамид Самад, Муҳаммад Ғоиб, Ато Мирхоҷа ва дигарон изҳор доштанд, ки ин пажӯҳишгару мунаққиди асил дар тарбияи олимони оянда, адибон бо ҳисси ғамхорӣ ва ба хотири рушди илми адабиётшиносӣ, адабиёти муосири тоҷик бедареғ донишу таҷрибаашро сарф кард. Инчунин, ин олиму омӯзгор аз соли 1938 дар матбуоти даврӣ фаъолона ширкат варзид. Шумораи китобҳо, барномаҳо, эссеҳо, тақризу мақолаҳои устод аз 800 зиёд мебошад, ки дар ин миён беш аз 50 китоб илмӣ, илмӣ-оммавӣ аст.
Ҳанӯз дар замони зиндагиаш Соҳиб Табаровро барои мақолаҳои танқидии боҷуръатона ва баёни ҳақиқат Белинскийи тоҷик ном мебурданд.
Ӯ ба нависандагон ва шоирони тоҷик дар мавриди бурду бохт ё худ дастоварду нуқсҳои эҷодиашон нома ирсол мекард. Ҳамчунин, ба олими шарқшиноси Чех Иржи Бечка ва дигар олимони маъруфи сатҳи ҷаҳонӣ мукотиба дошт, ки нашри онҳо ба манфиати илми адабиётшиносӣ мебошад.
Хизматҳои устоди зиндаёд Соҳиб Табаров, аз ҷумла бо унвони Ходими шоистаи илми ҶШС Тоҷикистон, ордени “Дӯстӣ” қадр шудааст. Соли 2010 ба гирифтани Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ мушарраф гардид.
Барои таҷлили 100-солагии Соҳиб Табаров дар соли 2024 амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 12-уми декабри соли 2023 ба тасвиб расида буд. Дар арафаи таҷлили ин санаи фархунда чандин китоб дар бораи фаъолияти соҳибҷашн ва низ китобҳои ӯ ба табъ расиданд.
Дар қисмати дуюми ҳамоиши илмӣ пажӯҳишгарон, адибон, устодон дар бораи кору рӯзгори ибратомӯзи Соҳиб Табаров маърузаҳо карданд, ки онҳо ҳама дар шакли маҷмуаи алоҳида ба табъ хоҳанд расид.
 
Абдулқодири РАҲИМ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 04.09.2024 №: 170
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив