ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ИБТИКОРИ СУТУДАНИИ САРВАРИ ДАВЛАТ. ТАЪСИСИ ШАБАКАИ ТЕЛЕВИЗИОНИИ ТАЪЛИМИ ЗАБОНҲОИ ХОРИҶӢ

ИБТИКОРИ СУТУДАНИИ САРВАРИ ДАВЛАТ. ТАЪСИСИ ШАБАКАИ ТЕЛЕВИЗИОНИИ ТАЪЛИМИ ЗАБОНҲОИ ХОРИҶӢ

04 сентябр 2024, Чоршанбе
14
0
Ман борҳо гуфтаам ва ҳоло бори дигар таъкид менамоям, ки ҳар як шахс ва дар навбати аввал ҷавонон, бояд ғайр аз забони давлатӣ ду забони хориҷиро дар сатҳи забони модарӣ донанд, зеро ин тақозои замони муосир мебошад.
Эмомалӣ Раҳмон
 
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ дар МТМУ № 19-и шаҳри Душанбе ба сохтору мақомоти дахлдор дастур доданд, ки доир ба таъсиси шабакаи алоҳидаи телевизионии таълими забонҳои хориҷӣ (махсус барои кӯдакон) тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Ҳамзамон, бо назардошти тағйирёбии фазои сиёсиву иҷтимоии ҷаҳон ва бедор намудану тақвият бахшидани ҳисси миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ифтихори ватандорӣ дар зеҳну шуури кӯдакону наврасон ва ҷавонон, ба масъулон дастур доданд, то Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳанӯз 3-юми марти соли 2006 ба тасвиб расида буд, бо такмил ва тағйир аз нав қабул гардад.
Ин ду ибтикори шоиста баҳри иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» мусоидат хоҳад кард.
Дар иртибот ба ҳатмӣ омӯхтани забонҳои хориҷӣ аз ҷониби тамоми қишрҳои ҷомеа, бавижа наврасону ҷавонон, Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бамаврид таъкид карданд: “Дар шароити муосир ноил гардидан ба дастовардҳои илму техника ва технологияҳои нав ва баробар бо ҷомеаи пешрафтаи башар қадам гузоштан, бидуни аз худ кардану хуб донистани забонҳои хориҷӣ бисёр мушкил ва, ҳатто, ғайриимкон мебошад”.
Дар ин росто, афзуданием, ки шуруъ аз соли хониши 2024-2025 мо – омӯзгорони забонҳои хориҷиро масъулият ва вазифаҳои нав дар пеш аст. Он барқарор ва танзим кардани муносибати хонандагон бо технологияи нав ва оянда бо шабакаи телевизионии таълими забонҳои хориҷӣ барои кӯдакон таҳияи барномаҳои ҷадид ва навогониҳои методи таълимиро мехоҳад.
 
Меҳрангез СУЛАЙМОНОВА,  
омӯзгори забони англисии Гимназияи “Кафолат”
Санаи нашр: 04.09.2024 №: 170
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив