ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » БА САВГАНД СОДИҚ АСТ

БА САВГАНД СОДИҚ АСТ

04 сентябр 2024, Чоршанбе
4
0
Шариф Нуров пас аз хатми факултети муолиҷавӣ ва кӯдаконаи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон  ба номи Абуалӣ ибни Сино соли 1973 ба беморхонаи минтақавии Гумбулоқи ноҳияи Файзобод ҳамчун табиб ба кор омад. Соли 1974 барои донишомӯзӣ ба Донишгоҳи баъдидипломии табибони шаҳри Бокуи Озарбойҷон ба ҳайси ташкилотчии соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ ҷиҳати такмили ихтисос ва дониш фиристода шуд.
Баъди хатми ин Донишгоҳ ба беморхонаи ноҳияи Файзобод ба шуъбаи бемориҳои муолиҷавӣ ҳамчун табиби муолиҷавӣ корро идома дод. Соли 1975  сартабиби беморхонаи минтақавии Гумбулоқ таъин шуд.
Шариф Нуров ҳамеша савияи дониши тиббии худро баланд бардошта, дар сиҳатии мардум ва беҳтар намудани маърифати тиббии аҳолии минтақа саҳми муҳим мегузорад. Ӯ дар Донишгоҳи баъдидипломии табибони шаҳри Душанбе ҳамчун тарбодшинос, ду маротиба дар курсҳои  дилшинос, нефролог, гастроэнтолог, мутахассиси сабти дил (ЭКГ) аз 3 то 6-моҳӣ  таҳсил намудааст.
Дониши баланди касбӣ ва фаъолияташ  имкон дод, ки дар мубориза ҷиҳати бартараф кардани хуруҷи бемориҳои зардпарвин, домана,  табларза, лептоспироз, (бемории об), гулафшон, шикамдард, сил, доғию бруселёз ва зукоми солҳои 70 - 2000-ум бо ҳамроҳии шогирдони хеш саҳмгузор бошад.
Солҳои роҳбарии Шариф Нуров беморхонаи минтақавии Гумбулоқ ба яке аз марказҳои муҳими тиббию табобатии минтақа табдил ёфт ва дар он шуъбаҳои бемориҳои сироятӣ, пӯсту занбӯруғӣ ташкил гардид. Назорати бунгоҳҳои тиббии деҳоти Якабед, Шерамон, Бӯстон ва Чилучорчашмаро низ он замон бар уҳда дошт. Инчунин, аз соли 1988 то соли 2012 ҳам дар беморхонаи марказии ноҳия ва ҳам дар беморхонаи Гумбулоқ бо хизмати софдилонааш дар байни аҳолии ноҳия обрӯю нуфуз пайдо кард.
Тайи 45 соли кории бенуқсонаш дар соҳаи тиб бо чандин сипоснома ва  нишони Аълочии тандурустии Тоҷикистон қадр гардидааст.
Шариф Нуров бо вуҷуди пиронсолии худ имрӯз ҳам ба мардуми Ҷамоати деҳоти Меҳробод тибқи савганди ёдкардаи тиббиаш хизмат мерасонад ва чанд моҳ қабл курси думоҳаи такмили ихтисос аз рӯи мавзуи «ташхис ва муолиҷаи ҳолатҳои дарунӣ»-ро ба итмом расонд ва омода аст,   боқии умр дар хидмати мардум бошад.
 
Тоҷиддин ҒУЛОМОВ, мудири кафедраи таърихнигорӣ ва архившиносии факултети таърихи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
Санаи нашр: 04.09.2024 №: 170
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив