ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » НИШОНИ ҲАСТИИ МИЛЛАТ

НИШОНИ ҲАСТИИ МИЛЛАТ

05 сентябр 2024, Панҷшанбе
9
0
Ниёгони мо барҳақ фармудаанд, ки ба даст овардани давлат осон аст, аммо пойдор нигоҳ доштанаш мушкил. Ин суханро метавон дар мавриди истиқлоли давлатӣ, хосса давлати мо гуфт. Он ба шарҳу тавзеҳ ва овардани далел барои собит сохтан ниёз надорад. Чаро? Чунки мо ин ҳақиқатро бо ҳодисоти нангини рухдода шоҳид будем.
 
Дар оғоз истиқлолро ба даст овардем, аммо пойдор нигоҳ доштанашро натавонистем. Ба ҷуз ин, истиқлоли моро баъзе аз кишварҳо, душманони хориҷии мо намехостанд. Ин буд, ки мамлакатро ба оташи ҷанг кашиданд. Бархе аз ҳаммиллатони мо фирефтаи душманони берунӣ, бархе зархарид шуданд ва оташи ҷангро афрӯхтанду ба он рӯған рехтанд. Ҳимояву пойдории истиқлол  дар мавриди мазкур бисёр мушкил буд.
Ба бахти ин миллати куҳанбунёду мутамаддин Сарвари мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъин шуд. Гуфт, ки оташи ҷангро хомӯш мекунам ва хомӯш кард. Гуфт, ки гурезаҳои иҷбориро ба Ватан бармегардонам ва баргардонд. Имрӯз сухан гуфтан аз он рӯзгор осон мебошад, аммо ба ёд оварданаш дардовар аст.
Магар мушкилу ҳузновар нест ба хотир овардани ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, марги ҷавонону кӯдакон, ки орзуву мақсади зиндагиро доштанд? 
Сарвари давлат барҳақ мефармояд: “Аввалин ва муҳимтарин коре, ки мо анҷом додем, қатъи ҷангу хунрезӣ, барқарор кардани сулҳу оромӣ, аз кишварҳои дуру наздики хориҷӣ ба Ватан ва маҳали зисташон баргардондани беш аз як миллион нафар гурезаҳои иҷборӣ, ташкил кардани шароити зарурии зиндагӣ барои онҳо ва ба роҳ мондани раванди барқарорсозии баъдиҷангӣ буд”.
Шукр, истиқлол пойдор аст. 
Шукр, сулҳ ҳукмрон мебошад.
Президенти мамлакат кишварро на танҳо аз оташи ҷанг баровард, балки аз нестшавӣ наҷот дод. Нагузошт, ки мамлакатеро бо номи Тоҷикистон аз харитаи ҷаҳон маҳв намоянд. Ҳар нафаре, ки дар он рӯзҳои вазнини мамлакати азизамон зиставу шоҳиди ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, майдоннишиниҳо буд, ҳеҷ бовар намекард, ки кишварро аз ин вартаи ҳалокатбор баровардан мумкин аст. Ҳолиё ба Тоҷикистони пешрафта, тараққикарда, ободу зебо менигараму он рӯзҳои мудҳиш пеши назарам меоянд ва шукри ҳастии Сарвари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро мекунам, барояш тандурустӣ ва рӯзгори накутарро таманно менамоям.
Пойтахти кишвари азизамон  - шаҳри Душанбе бо пешрафту ободӣ, бунёди биноҳои боҳашамат ва гулкориву сабзкорӣ на танҳо аз соли рафта ба маънии мусбаташ фарқ мекунад, балки ҳар моҳи ояндааш ба моҳи гузаштааш монандӣ надорад.
Президенти мамлакат Тоҷикистонро аз нав сохт ва ин ҳақиқатро ҷаҳониён эътироф карданд ва дар эъмори давлатсозӣ ва давлатдорӣ ба ӯ баҳои сазовор доданд. Бешак, таърих ҳеҷ гоҳ хидматҳои пурарзишашро фаромӯш наменамояд, қадр мекунад ва дар саҳифаҳои китоби мондагораш номашро бо ҳарфҳои заррин менависад. 
Имрӯз дар тамоми соҳаҳо ба дастовардҳои бузург бо сарварии Пешвои маҳбубамон мушарраф гардидаем. Ояндаи Тоҷикистон бо Сарвари маҳбубу дурандешу маърифатпарвар дурахшон аст.
Якуми сентябри соли равон ба муносибати Рӯзи дониш зимни суханронӣ Президенти мамлакат изҳор доштанд: “Мо бояд бар зидди таҳдиду хатарҳои муосир-терроризму экстремизм, радикализм ва хуруфоту таассуби динӣ, қочоқи маводи мухаддир, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ, инчунин, ифротшавии ҷомеа мубориза барем”. Танҳо бо иҷрои ин дастури муҳим мо метавонем истиқлоли давлатиро бо ҳамаи дастовардҳо ҳифз намоем. Мавҷудияти истиқлол ва шинохти дурусту пойдории он бо тамоми арзишҳои миллӣ миллатро дар арсаи олам машҳуртар мегардонад ва боиси эътирофи бештари он мешавад.
Баъзе аз миллатҳои дунё истиқлолашонро бо баҳои ҷон ба даст оварданд, аммо мо онро бо сарварӣ, саъю талошу ҷонфидоии Пешвои муаззамамон бо баҳои ҷони шаҳрвандон пойдор намудем.
Дар Рӯзи дониш, ҳамзамон Сарвари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо таъкид изҳор доштанд: “Аҳли маорифро зарур аст, ки низоми таълиму тарбия ва мактабу маорифро дар заминаи сарватҳои бебаҳои маънавию ахлоқӣ, таърихиву фарҳангӣ, анъанаҳои деринаи тарбиявии халқамон ва бо дарназардошти тақозои замони муосир, ниёзҳои давлати соҳибистиқлоли демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ ва арзишҳои умумибашарӣ пеш баранд”.
Пас аз шунидани ин гуна дастуру пешниҳодҳо, ки ҳатман амалӣ мешаванд ва насли ояндасоз ба воя мерасад, ба Пешвои миллат сипосгузорӣ мекунем ва эътимодамон ба ҳифзи пойдории истиқлоли давлатӣ бештар аз пештар мегардад.
 
Эмомназар СИРОҶЗОДА, шаҳри Душанбе
Санаи нашр: 05.09.2024 №: 171
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив