ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » БА ОЗМУНИ “ДУОИ МОДАР”

БА ОЗМУНИ “ДУОИ МОДАР”

05 сентябр 2024, Панҷшанбе
23
0
ЁДИ МОДАР 
Тақрибан як сол қабл ба хотири зиёрати оромгоҳи волидайнам ба деҳ рафтам. Дар роҳ аз сардии ҳаво ба ронанда гуфтам: «Магар, мошинат кондитсионер надорад?». Ҷавобашро интизор нашуда, зимистони қаҳратуни солҳои 1994-1995 ба ёдам омад. 
Мо дар кӯҳистони Қаротегин зиндагӣ мекардему бояд аз шаҳр, ки ба аёдати модаркалонам омада будем, ба хона мерафтем. Аз сабаби набудани нақлиёт, ба як мошини боркаш, ки болояш бо клёнкаи фарсудае пӯшонда шуда буд, бо зораву тавалло савор шудем. Барф беист мебориду мошин ба ҳаракат даромад. Аз як тараф, резиши барф аз ҷониби дигар, шамоли сарди зимистон. Модарам кунҷи мошин худро ҷой доду маро ба оғӯш кашида, панҷаҳоямро гоҳ бо ҳавли даҳону гоҳи дигар зери бағалаш гарм мекард. Рӯямро дар қафаси синааш меҳкам медошту бо муҳаббат «сарта набардор, бачам, барф ба рӯят мезанад, хунук мехӯрӣ» мегуфт. Аз пойтахт то хонаи мо 150 километр роҳ буд. Боркаши фарсуда, дар он ҳавои сард базӯр мерафт ва ҳар гоҳ ки ба ноҳамвориҳои роҳ бар мехӯрд, модарам илтиҷоомез мегуфт: «Оҳиста ҳай кун, инсоф кун, кӯдак аст ин ҷо». Ронанда марди ҷавону паҳлавон, ки паҳлуяш хоҳараш менишаст, бо ғазаб бигуфт: «Охир намешиштӣ, хола, ман зора карда будам?». Очаам бо садои хиҷолатомез посух дод: «Охир, писарам, касалӣ дорам, рафтанам лозим». Дар он шабу рӯз падарам дар беморхона бистарӣ буду барои мавқуф гузоштани сафар илоҷ набуд. 
Ларзон-ларзон мошини боркаш лаб-лаби дарёи Хингоб ҳаракат мекарду сардӣ торафт тоқатфарсотар мешуд. Модарам дигар мадори гармкуниамро надошт. Пас аз чанд лаҳзае ҳис кардам, ки пайкараи модарам ба ларза омад, панҷаҳояш дигар қат намешуд, дандонҳояш бошиддат ба ҳам мезаданду садои ҷараққосӣ мебароварданд. Ман беист мегиристаму модарам кӯшиш мекард, оромам кунад, вале... 
Соат тақрибан 4-и бегоҳ мешуд, роҳи байни кӯҳҳоро, аллакай, ях пӯшонда буд. Ману модарам рӯи борти мошин ба ҳоли зори якдигар мегиристем. Модар даст ба дуо бардошта, бо Худо розу ниёз мекард. Дигар тоқати азобу машаққати маро дида натавонисту базӯр ба тирезаи кабини ронанда зад: «Илтимос, бачам, ҳамин духтараки маро ба даруни мошин ҷой деҳ, илтимос…»,– худро гӯё фаромӯш карда буд ӯ. Ронанда ҳам мисле чизеро намешунид, хоҳараш бошад, танг будани ҷойро баҳона менамуд. Модарам боз ба шишаи пушти шофиёр заду бо гиря садо дод: «Бачам, Худо сербачаву серкачаат кунад, умри дароз бинӣ, ҳамин духтараки маро ҳамроҳатон гиред, аз сардӣ мемирад». Ронанда бо дили нохоҳам мошинро манъ карду модарам маро аз банди дилаш канда, ба дасти онҳо супурд. Даруни мошин, пас аз чанд лаҳза, гармиро эҳсос кардам. Бетоқатона ба пасу пешам менигаристаму мехостам модарамро бубинам. Ниҳоят, аз кунҷаки шишаи пушти ронанда пайкари дар худ ҷамъшудаи модарамро дидам, ки аз  сардии ҳаво мисли барги бед меларзид. Панҷаҳоямро ба ойинае, ки ману очаамро монеъ мешуд, пахш кардам, хостам «оча, очаҷон», – гуфта дод занам, вале аз тарси зани паҳлуям хомӯшона гиристам. Пас аз чанд лаҳзае, хоҳари ронанда аз паҳлуяш чойники оҳанинро гирифта, ба пиёла чой рехтанӣ шуда, ба бародараш «оҳиста рон», – гуфт. Гумон намекард, ки модари ман пушти онҳо болои борти сард зери барф буд. Бо ҳамин ҳоли зор, мо дар дили шаб ба хона расидем. Чанд рӯз модари сармозадаам бистарӣ шуду таъсири хунукӣ то дами марг бо ӯ монд. Солҳо гузаштанду Ватани маҳбубамон орому обод шуд. Рафтуомад ба ҳар кунҷи диёр, дар ҳар мавсим бе мушкилӣ шуд, вале ин саҳна, ки модарам  ба хотири зинда мондани ман – ҷигарбанди азизаш, тайёр буд ҷонашро фидо кунад, ҳаргиз аз ёдам намеравад. Бузург аст модар ва бузургии ӯро бузургтарин сухансарое наметавонад тасвир кард. 
 
Гулнисои САЪДОНШО, «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 05.09.2024 №: 171
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив