ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » МЕЪМОРИ ИСТИҚЛОЛ

МЕЪМОРИ ИСТИҚЛОЛ

10 сентябр 2024, Сешанбе
5
0
 
Ба ҳиммат умри зеборо ҳама 
сарфи Ватан кардӣ,
Ватан гуфтӣ зи ҷону гӯш бар 
ҳарфи Ватан кардӣ,
Касонеро, ки дил ҳар ҷонибу рӯ ҳар 
тараф буданд,
Ба оғӯши Ватан хондиву ҳамтарфи Ватан кардӣ.
Ту ёрӣ бо ҳама дунё, аё эй ёри Истиқлол,
Бувад дасту дилат пайваста андар 
кори Истиқлол,
Ба ҳар ҷо мондаӣ аз хештан осори Истиқлол,
Муборак ҷашни Истиқлолат, эй 
меъмори Истиқлол!
Харидӣ борҳо бо қимати ҷон ҷони миллатро,
Ба ҷон эҳсос кардӣ мушкилу осони миллатро,
Ба муште ҷамъ овардӣ чу ангуштони миллатро,
Ҷаҳоне дид боло пуртавон дастони миллатро.
Ту ёрӣ бо ҳама дунё, аё эй ёри Истиқлол,
Бувад дасту дилат пайваста андар 
кори Истиқлол,
Ба ҳар ҷо мондаӣ аз хештан осори Истиқлол,
Муборак ҷашни Истиқлолат, эй 
меъмори Истиқлол!
Диёрат сер аз ҷон буду акнун сер аз нон аст,
Раҳо аз бастароҳӣ гаштаву пайванди 
даврон аст,
Дилаш гарму дурахшон, манзилаш гарму 
дурахшон аст,
Давоми Оли Сомон – тоҷбарсар 
Тоҷикистон аст!
Ту ёрӣ бо ҳама дунё, аё эй ёри Истиқлол,
Бувад дасту дилат пайваста андар 
кори Истиқлол,
Ба ҳар ҷо мондаӣ аз хештан осори Истиқлол,
Муборак ҷашни Истиқлолат, эй 
меъмори Истиқлол!
 
НИЗОМ ҚОСИМ,
Шоири халқии Тоҷикистон
Санаи нашр: 09.09.2024 №: 173
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив