ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ТАБРИКОТИ 

ТАБРИКОТИ 

10 сентябр 2024, Сешанбе
3
0
роҳбарони кишварҳои хориҷӣ, созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ ва шахсиятҳои маъруф ба 
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Ҷашни Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Федератсияи Русия 
Владимир Путин:
“Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович!
Табрикоти самимонаи инҷонибро ба ифтихори Ҷашни миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ, қабул фармоед.
Муносибатҳои миёни давлатҳои мо дар руҳияи шарикии стратегӣ ва ҳампаймонӣ пайгирона рушд меёбанд. Русия ва Тоҷикистон дар самтҳои мухталиф ва дар доираи ИДМ, СААД, СҲШ, СММ ва дигар сохторҳои бисёрҷониба ба таври фаъол ва самарабахш ҳамкорӣ доранд. Бовар дорам, ки бо талошҳои муштарак мо тақвияти минбаъдаи тамоми маҷмуи робитаҳои созандаи Русия ва Тоҷикистонро таъмин хоҳем кард. Ин, бешубҳа, ҷавобгӯи манфиатҳои аслии мардумони ба ҳам дӯсти мо буда, дар роҳи таҳкими амният ва субот дар Осиёи Марказӣ сурат мегирад.
Ба Шумо – муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, сиҳатмандии бардавом ва комёбиҳо, ба ҳамаи ҳамватанони Шумо сулҳу шукуфоӣ орзумандам”.
 
Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин 
Си Ҷинпин:
“Муҳтарам ҷаноби Президент!
Ба муносибати 33-юмин солгарди Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷозат фармоед, то ба Шумо ва мардуми дӯсти Тоҷикистон табрикоти самимӣ ва таманниёти неки худро иброз намоям.
Таҳти роҳбарии Шумо дар кишвар Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 бемайлон амалӣ гардида, дар бунёди давлатдорӣ комёбиҳои бузург ба даст оварда шудааст. Ҷониби Чин ҳамчун ҳамсояи нек, дӯсти наздик ва шарики боэътимод аз ин раванд сидқан хушҳол аст.
Моҳи июли соли ҷорӣ ман ба кишвари Шумо сафари давлатӣ доштам. Дар ҷараёни сафар мо аз рушди робитаҳои ҳамкории ҳамаҷониба ва шарикии стратегии Чину Тоҷикистон ба марҳалаи нав хабар дода, ҷиҳати ташаккули ҷомеаи сарнавишти муштараки Чин ва Тоҷикистон дар нуқтаи оғози нав ба мувофиқа расидем.
Ман омодаам, ки бо Шумо барои таъмиқи минбаъдаи эътимоди сиёсии ду кишвар, пешбурди пайвастаи ҳамкории ҳамаҷонибаи мутақобилан судманд миёни Чин ва Тоҷикистон ва якҷоя ба сатҳи нав баровардани муносибатҳои дуҷониба талош варзам.
Ба Тоҷикистон шукуфоӣ ва афзоиши қудрат, ба мардуми он саодатмандӣ ва некуаҳволӣ таманно дорам».
 
Антониу Гуттериш, Дабири кулли 
Созмони Милали Муттаҳид:
“Ҷаноби Олӣ!
Шуморо ба муносибати Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ самимона табрик мегӯям.
Созмони Милали Муттаҳид бо тамоми мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҷлили ин рӯзи фархунда ҳамроҳ мешавад. Ин лаҳзаест, ки аҳамияти ноил шудан ба Ҳадафҳои рушди устувор, мубориза бо буҳрони иқлим, тавсеаи имконият ва оянда барои ҳамаро дар хотир дошта бошем. Акнун замони ҳамбастагӣ барои пешрафти сулҳ, шукуфоӣ, рушди устувор ва ҳуқуқи инсон барои ҳамаи одамон аст. Дар таҷлили ин санаи муҳим бо Шумо ҳамроҳам. Биёед ҷиҳати ояндаи беҳтар барои мардуми Тоҷикистон ва ҳама дар саросари ҷаҳон талош варзем. 
Лутфан, Ҷаноби Олӣ, изҳори эҳтироми олии маро қабул намоед”.
 
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон 
Шавкат Мирзиёев:
“Муҳтарам 
Эмомалӣ Шарифович!
Сидқан хушҳолам, ки ба Шумо ва мардуми дӯсти Тоҷикистон таманниёти беҳтарини худро ба ифтихори Ҷашни миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ бирасонам. Мо беандоза хушҳолем, ки зери роҳбарии хирадмандонаи Шумо мардуми бародари Тоҷикистон ин рӯзи барои худ муҳимро бо натиҷаҳои баланд ва комёбиҳо дар ҳамаи соҳаҳо истиқбол мегиранд.
Мехоҳам ислоҳоти калонмиқёс ва кори бузурги созандаро, ки ҷиҳати таъмини рушди устувори кишвар, баланд бардоштани некуаҳволии аҳолӣ,  обрӯву эътибори Тоҷикистон ва таваҷҷуҳ ба он дар арсаи байналмилалӣ анҷом дода шудааст, алоҳида таъкид намоям. Боиси қаноатмандии хоса аст, ки робитаҳои наздики бародарӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ миёни мардумони мо, ки тайи чандин садсолаҳо таҳким ёфтаанд, дар солҳои охир ба сатҳи бесобиқа расидаанд. Дар натиҷаи муҳокимаҳо ва музокироти самарабахш дар доираи сафари давлатӣ ба кишвари Шумо дар моҳи апрели соли равон, муносибатҳои мо ба сатҳи комилан нав – ҳампаймонӣ, баромаданд ва ин иқдом рӯйдоди таърихӣ мебошад.
Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович!
Итминон дорам, ки талошҳои муштараки мо, муколамаи ошкорову дӯстона дар сатҳи олӣ ва мувофиқаҳои муҳими то имрӯз бадастомада, ба шукуфоӣ ва рушди минбаъдаи мардумони ба ҳам бародари мо, таҳкими пайвастаи шарикии ҳамаҷониба ва дарозмуддат хизмат хоҳанд кард. Бо истифода аз фурсат, ба Шумо – Ҷаноби Олӣ, сиҳатмандии бардавом, саодати оилавӣ ва дар фаъолияти сермасъули давлатиатон комёбиҳои навин, ба мардуми бародари Тоҷикистон сулҳу пешрафти афзоишёбанда орзумандам”.
 
Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко:
“Муҳтарам 
Эмомалӣ Шарифович!
Аз номи мардуми Беларус ва шахсан аз номи худам ба муносибати Ҷашни миллӣ – Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, табрикоти самимона арз мекунам.
Мардуми Беларус нисбат ба кишвари Шумо, ки дар он таваҷҷуҳи хос ба мероси ғании фарҳангӣ бо рағбату умедвориҳо ба оянда ҳамоҳанг мебошад, муносибати ниҳоят гарм доранд.
 Тули солҳои соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон дар арсаи иҷтимоию иқтисодӣ, таъмини амнияти миллӣ, таҳкими ҳамкории баробарҳуқуқ ва барои ҷонибҳо судманд дар арсаи байналмилалӣ ба комёбиҳои назаррас ноил гардид.
Муколамаи чандинсолаи эътимодбахшамонро баланд арзёбӣ менамоям ва ба идомаи он дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ умед мебандам. Итминони комил дорам, ки шарикии Беларус ва Тоҷикистон, ки бар таърихи муштарак дар гузашта асос ёфтааст, минбаъд низ фаъолона рушд хоҳад кард.
Ба Шумо – муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, сиҳатмандии наку ва некуаҳволӣ, ба тамоми шаҳрвандони Тоҷикистон сулҳу субот ва шукуфоӣ хоҳонам”.
 
Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев:
“Муҳтарам 
Эмомалӣ Шарифович!
Шуморо ба муносибати Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сидқан табрик мегӯям.
Таманно дорам, ки Тоҷикистон рушди босуръати худро дар оянда низ идома дода, мардуми он бо роҳбарии Шумо ба ҳадафҳои наҷибаш ноил гардад. 
Итминон дорам, дӯстии қавӣ ва ҳамкорие, ки миёни кишварҳои мо барқарор шудаанд, минбаъд низ ба нафъи мардумонамон густариш хоҳанд ёфт. Бо истифода аз фурсат, ба Шумо – муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, саломатии бардавом ва дар фаъолияти сермасъулатон комёбиҳо, ба мардуми бародари Тоҷикистон сулҳу шукуфоӣ орзу менамоям.
Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Ҷозеф Байден:
“Муҳтарам ҷаноби Президент!
Аз номи мардуми Иёлоти Муттаҳидаи Амрико таманниёти беҳтаринро ба мардуми Тоҷикистон ба муносибати 33-юмин солгарди Ҷашни Рӯзи Истиқлолияти давлатии кишваратон изҳор медорам.
Тайи як соли охир Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳида ҳамкориашонро ҷиҳати таъмини ояндаи дурахшон барои мардумонашон ва ҷомеаи ҷаҳонӣ амиқтар карданд. Дар якҷоягӣ мо шарикиамонро дар самти мубориза бо терроризм густариш додем, ба истифодаи масъулиятнок ва ҳифзи муҳити зист мусоидат намудем ва ҳамкории бахшҳои хусусиро дар Осиёи Марказӣ дастгирӣ кардем. Талошҳои мо дар амри таҳкими амнияти энергетикӣ тавассути шарикӣ дар соҳаи маъданҳои муҳим боиси ифтихор аст.
Бо назари нек ба оянда, Иёлоти Муттаҳида ба пуштибонӣ аз Тоҷикистони тавонотар, озодтар ва шукуфонтар содиқ мемонад. Бароятон дар фазои таҷлили Иди миллӣ ҷашнгирии пурфараҳу осударо орзу дорам”.
 
Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров:
“Муҳтарам 
Эмомалӣ Шарифович!
Ба муносибати Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шуморо шахсан ва аз номи мардуми Қирғизистон табрик мегӯям.
Тули солҳои истиқлолият Тоҷикистон дар таҳкими давлатдорӣ, беҳбуди некуаҳволии мардум ва тақвияти нуфузу эътибори кишвар дар арсаи байналмилалӣ комёбиҳои назаррас ба даст овардааст. Итминон дорам, ки муносибатҳои ду кишвар дар руҳияи эътимоди мутақобила, дӯстӣ ва ҳамсоягии нек таҳкиму таъмиқ хоҳанд ёфт.
Ба Шумо – муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, саломатии бардавом, некуаҳволӣ ва дар фаъолияти давлатиатон комёбиҳо, ба мардуми Тоҷикистон сулҳу амонӣ ва рушд таманно дорам”.
 
Пешвои миллии мардуми туркман, Раиси Халқ Маслаҳатии 
Туркманистон Гурбонгули Бердимуҳамедов:
“Муҳтарам 
Эмомалӣ Шарифович!
Бародари гиромӣ!
Аз самими қалб Шумо ва тамоми мардуми кишваратонро ба муносибати Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик мегӯям!
Боиси хушҳолист, ки аз комёбиҳои кишвари Шумо, ки тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ба даст омадаанд, ҳамчунин, аз сатҳи баланди рушди муносибатҳои барои ҷонибҳо судманди миёни кишварҳои мо ташаккулёфта ёдовар шавам.
Бовари комил дорам, ки ҷонибдории пайвастаи Туркманистон ва Тоҷикистон аз тавсеа ва таъмиқи минбаъдаи муколамаи байнидавлатӣ ҷавобгӯи манфиатҳои ду халқ мебошад. Иҷозат фармоед, то ба Шумо барои саҳми бузурги шахсиатон дар таҳкими муносибатҳои дӯстиву ҳамкорӣ миёни Туркманистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон сипоси амиқи худро иброз намоям.
Бо истифода аз ин фурсати фараҳбахш, ба Шумо – муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, сиҳатии комил, саодатмандӣ ва дар фаъолияти сермасъулатон комёбиҳо, ба мардуми бародари Тоҷикистон сулҳу пешрафт ва шукуфоии минбаъда орзумандам!”.
 
Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳамедов:
“Муҳтарам 
Эмомалӣ Шарифович!
Ба ифтихори Рӯзи Истиқлолияти давлатии кишваратон бо сарфарозӣ ба Шумо ва тамоми мардуми бародари кишваратон табрикоти самимона ва таманниёти беҳтарини худро ирсол медорам.
Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи таҳкими давлатдории худ, беҳбуди рифоҳи мардум ва баланд бардоштани мақому манзалати кишвар дар арсаи байналмилалӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст.
Туркманистон ба таҳкими муносибатҳои анъанавии дӯстона ва судманд бо Тоҷикистон, ки дар заминаи мустаҳками робитаҳои ҳусни ҳамҷаворӣ, баробарҳуқуқӣ, эҳтиром ва дастгирии ҳамдигарӣ асос ёфтаанд, аҳамияти хоса медиҳад. Бовари комил дорам, ки, ба туфайли талошҳои муштараки мо, ҳамкории Туркманистону Тоҷикистон мутобиқ ба нафъи мардумони ба ҳам бародари мо минбаъд ҳам рушд ёфта, амиқ хоҳанд гардид.
Бо истифода аз ин фурсати муносиб, ба Шумо – муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, саломатии бардавом, некуаҳволӣ ва саодатмандии оилавӣ, комёбиҳои нав дар татбиқи ҳамаи иқдомҳо ва ниятҳоятон ба нафъи мардуми Тоҷикистон хоҳонам!”.
 
Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев: 
“Муҳтарам 
Эмомалӣ Шарифович!
Ба муносибати Ҷашни миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ, аз номи худ ва аз номи мардуми Озарбойҷон ба Шумо ва дар симои Шумо ба тамоми мардуматон табрикоти самимитарин ва таманниёти нек мерасонам. Таҳти роҳбарии дурандешонаи Шумо Тоҷикистон дар роҳи рушди ҳамаҷониба ва эҳёи иҷтимоию иқтисодӣ дилпурона пеш рафта, дар арсаи байналмилалӣ нуфузу эътибори баланд пайдо кардааст.
Мо ба муносибатҳои Озарбойҷону Тоҷикистон, ки бар чунин пояҳои қавӣ, ба монанди умумияти пайвандҳои таърихиву фарҳангӣ, бародарӣ, эътимод ба ҳамдигар ва дастгирӣ асос ёфтаанд, аҳамияти хоса зоҳир менамоем.
Муносибатҳои чандинасраи мустаҳками дӯстона, ки байни мардумони бародари мо барқарор гардидаанд, муколамаи фаъоли сиёсӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ имрӯз яке аз омилҳои асосии муайянкунандаи ҳамкории сатҳи баланди Озарбойҷону Тоҷикистон мебошанд.
 Сафари давлатии Шумо ба Озарбойҷон, ки моҳи майи соли ҷорӣ сурат гирифт, саҳфаи навро дар таърихи робитаҳои Озарбойҷон ва Тоҷикистон боз намуда, муносибатҳои моро ба сатҳи шарикии стратегӣ боло бурд.
Итминон дорам, ки мувофиқаҳои ҳосилшуда оид ба самтҳои минбаъдаи робитаҳо зимни сафарҳои сершумори мутақобила барои ғанӣ гардондани ҳамкории байнидавлатии мо бо мазмуну муҳтавои нав, таҳкими бештари ҳамбастагӣ миёни мардумони бародари мо, рушду шукуфоии пойдори кишварҳоямон ва тамоми минтақа саҳм хоҳанд гирифт.
Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, дар ин рӯзҳои ҷашнӣ ба Шумо сиҳативу саодатмандӣ ва дар корҳоятон комёбиҳо, ба мардуми бародари Тоҷикистон некуаҳволӣ ва рифоҳу шукуфоии пайваста орзумандам”.
 
Ходими Ҳарамайни Шарифайн, Подшоҳи Шоҳигарии 
Арабистони Саудӣ Салмон ибни Абдулазиз оли Сауд:
“Ба бародари азизам Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон!
Худо ҳифзашон кунад.
Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу.
Боиси хушнудист, ки Шуморо –  Ҷаноби Олӣ, ба муносибати Рӯзи Истиқлолияти давлатии кишваратон самимона табрику таҳният гуфта, барои Ҷаноби Олӣ беҳтарин таманниёти саломатию саодатмандӣ, барои Ҳукумат ва мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистони бародар пешравию шукуфоии пайваста орзу намоям”.
Президенти Ҷумҳурии Федеративии Олмон Франк-Валтер Штайнмайер:
“Ҷаноби Президент!
Ба муносибати Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Шумо ва мардуми тоҷик таманниёти самимии худро ирсол менамоям.
Соли гузашта муносибатҳои байнидавлатии кишварҳоямон ба сатҳи сифатан нав баромаданд. Шарикии минтақавии стратегие, ки моҳи сентябри соли гузашта ба роҳ монда шуд, аҳамият ва эътибори кишварҳои Осиёи Марказиро дар Олмон таъкид мекунад. Олмон, хусусан Тоҷикистонро, шарики муҳими худ, пеш аз ҳама, дар бахшҳои бехатарӣ, иқлим, об ва пиряхҳо, медонад.
Шумо мутмаин бошед, ки Олмон дар оянда низ шарики боэътимоди Тоҷикистон боқӣ хоҳад монд ва дар рушди сохторҳои демократӣ ва давлати ҳуқуқбунёд, инчунин, дар самти пешбурди низоми ба иқтисодиёти бозорӣ нигаронидашуда, бо Шумо минбаъд низ самимона ҳамкорӣ хоҳад кард.
Шахсан ба Шумо тамоми хушиҳо ва ба мардуми тоҷик ояндаи босуботро дар фазои озодӣ, бехатарӣ ва некуаҳволӣ таманно дорам”.
 
Президенти Ҷумҳурии Корея Юн Сок Ёл:
“Муҳтарам ҷаноби Президент!
Табрикоти гарму самимии маро ба Шумо ва мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати таҷлили Рӯзи Истиқлолияти давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул фармоед. Кишварҳои мо дар солҳои гузашта муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ барқарор намуданд. Ман ба рушди минбаъдаи онҳо ва таҳкими робитаҳои дӯстии байни халқҳоямон умед мебандам.
Ба Шумо аз сидқи дил саломатии бардавому хушбахтӣ, ба Ҷумҳурии Тоҷикистон шукуфоии пойдор орзумандам”.
 
Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ:
“Ҷаноби Олӣ!
Лутфан, табрикоти самимии маро ба муносибати 33-юмин солгарди Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул намоед.
Покистон робитаҳои таърихӣ ва бародарии худро бо Тоҷикистон хеле қадр мекунад. Ман мутмаинам, ки ҳамкории гуногунпаҳлуи ду кишвари бародари мо, ки бар пояи пойдор асос ёфтаанд, бо мурури замон ба нафъи халқҳои мо ва дар маҷмуъ, минтақа тақвият хоҳанд ёфт. Ман аз ин фурсат истифода бурда, ба Шумо орзуҳои неки саломатӣ, некуаҳволӣ ва хушбахтӣ, пешрафту шукуфоии минбаъдаи мардуми бародари Тоҷикистонро иброз менамоям. Лутфан, Ҷаноби Олӣ, эҳтироми олии маро қабул фармоед”.
 
Сарвазири Ҷумҳурии Исломии 
Покистон Муҳаммад Шаҳбоз Шариф:
“Ҷаноби Олӣ!
Бо камоли хушнудӣ самимитарин табрикоти худро ба муносибати Ҷашни фархундаи 33-солагии Рӯзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон тақдим мекунам. 
Покистон ба муносибатҳои гарму бародаронаи худ бо Тоҷикистон таваҷҷуҳи зиёд зоҳир менамояд. Ду кишвари мо, ки бо таърих, мазҳаб ва ҷуғрофияи муштарак пайвастагӣ доранд, дӯстону шарикони воқеӣ мебошанд. Бо камоли қаноатмандӣ қайд менамоям, ки равобити дуҷонибаи кишварҳо тули чандин солҳо инкишофи мусбатро идома медиҳад.
Дар иртибот ба ин, аз сафари пурсамаре, ки моҳи июли соли ҷорӣ ба кишвари зебои Шумо доштам, бо камоли майл ёдовар мешавам. Ман бори дигар ба Шумо – Ҷаноби Олӣ, барои меҳмоннавозии самимонаи ман ва ҳайати ман дар шаҳри Душанбе изҳори сипос менамоям. Ин дидор масирро барои иқдомоти оянда муайян кардааст ва ман бовар дорам, ки ин масир равобити дуҷонибаро ба ривоҷу шукӯҳи бештар мерасонад. Маҳз дар ҳамин руҳия ман аз Ҷаноби Олӣ ҷиҳати ташриф овардан бо сафари расмӣ ба Покистон дар фурсати бароятон муносиб даъват ба амал меорам.
Ба Ҷаноби Олӣ саломатӣ, умри дароз, некуаҳволӣ ва барои халқи бародари Тоҷикистон пешрафту шукуфоии минбаъда таманно дорам.
Лутфан, Ҷаноби Олӣ, изҳори ғояти эҳтироми маро бипазиред”.
 
Президенти федералии Ҷумҳурии 
Австрия Александр Ван дер Беллен:
“Муҳтарам ҷаноби Президент!
Ба муносибати солгарди Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қаноатмандии бузург табрикоти самимӣ ва беҳтарин таманниёти худро ба Шумо ва мардуми Тоҷикистон ирсол менамоям.
Ин рӯз дар таърихи кишвари Шумо марҳалаи муҳим буда, аз устуворӣ ва тавоноии мардумаш дар роҳи соҳибистиқлолӣ шаҳодат медиҳад. Ман бо ифтихор метавонам иброз намоям, ки кишварҳои мо аз соли 1991 муносибатҳои созанда ва барои ҷонибҳо судмандро роҳандозӣ намудаанд ва умед дорам, ки онҳо минбаъд низ идома хоҳанд ёфт.
Бо истифода аз ин фурсат, шахсан ба Шумо беҳтарин хушиҳо ва ба мардуми Тоҷикистон ояндаи дурахшон орзумандам”.
 
Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён: 
“Ҷаноби оқои Эмомалӣ Раҳмон, Президенти муҳтарами Ҷумҳурии Тоҷикистон!
Табрикоти самимонаамро ба муносибати фаро расидани солгарди Рӯзи Истиқлолияти давлатии кишвари дӯст, бародар ва ҳамзабони Ҷумҳурии Тоҷикистон пазиро бошед.
Густариши муносибатҳо ва ҳамкорӣ бо кишварҳои минтақа, бахусус Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҷойгоҳи аввали сиёсати хориҷии давлати чаҳордаҳуми Ҷумҳурии Исломии Эрон қарор дорад ва итминон дорам, ки равобити асосёфта бар эҳтироми мутақобил ба нафъи мардуми ду кишвар беш аз гузашта тақвияту густариш хоҳад ёфт.
Аз Худованди мутаол саломатӣ ва муваффақияти Ҷаноби Олӣ ва тадовуми рушд ва пешрафти мардуми азизи Ҷумҳурии Тоҷикистонро орзумандам”.
 
Президенти Ҷумҳурии Туркия 
Реҷеп Тайип Эрдоған: 
“Муҳтарам Президент! 
Дӯсти азизам!
Ба муносибати Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ ва мардуми дӯсти Тоҷикистонро шахсан аз номи худам ва аз номи миллатам аз таҳти дил муборакбод мегӯям.
Муносибатҳои мустаҳками ду кишвар бар пояи пайвандҳои таърихӣ ва фарҳангӣ байни мардумонамон асос ёфтаанд ва  мо Тоҷикистонро ҳамчун дӯсти дерина ва шарики муҳим дар Осиёи Марказӣ мешуморем.
Бар он боварам, ки равобити наздик ва дӯстонаи байни ду кишвар, ки аз арзишҳои муштарак неру мегиранд, бо талошҳои якҷоя боз ҳам равнақ ёфта, самту паҳлуҳои навро фаро хоҳанд гирифт.
Бо истифода аз фурсат, беҳтарин таманниёти хешро барои тансиҳативу шодкомии Ҷаноби Олӣ ва беҳбудиву осудаҳолии мардуми Тоҷикистон ирсол менамоям”.
 
Президенти Амороти Муттаҳидаи Араб Шайх Муҳаммад бин Зоид ан-Наҳаён: 
“Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон!
Боиси камоли сарфарозӣ ва хушҳолии инҷониб аст, ки ба Ҷаноби Олӣ табрикоти самимона ва беҳтарин таманниётро ба муносибати Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон арз намоям. 
Ба Шумо – Ҷаноби Олӣ, саломатии бардавом ва саодатмандӣ, ба Ҳукумат ва мардуми дӯсти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешрафти минбаъда ва шукуфоӣ хоҳонам.
Лутфан, табрикоти самимона ва қадрдонии моро бипазиред”.
 
Президенти Ҷумҳурии Арабии Миср Абдулфаттоҳ ас-Сисӣ: 
“Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон!
Мехоҳам ба Ҷаноби Олӣ ва ба мардуми дӯсти  Ҷумҳурии Тоҷикистон дуруди самимӣ ва орзуҳои неки худро ба муносибати Ҷашни Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ  расонам.
Миср муносибатҳои ҳасанаи худро бо Тоҷикистон, ки тули солҳо густариш ёфтаанд, хеле қадр мекунад. Бовари комил дорам, ки мо метавонем тавассути кори муштарак ҳамоҳангии доимии худро боз ҳам тақвият бахшем ва робитаҳои дуҷонибаро ба сатҳи нави ҳамкории мутақобилан судманд дар соҳаҳои гуногун ба нафъи кишварҳоямон бардорем.
Аз ин фурсат истифода бурда, ба Ҷаноби Олӣ саломатӣ, хушбахтию муваффақиятҳои бардавом ва ба мардуми дӯсти тоҷик пешрафту шукуфоии минбаъда орзу менамоям”.
 
Президенти Конфедератсияи Швейтсария хонум Виола Амҳерд:
“Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон!
 Бо камоли хушнудӣ аз номи Шурои федералии Швейтсария ва мардуми Швейтсария ба Шумо ва шаҳрвандони Тоҷикистон табрикоти гарму самимии худро ба муносибати Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мерасонам. Ман, инчунин, орзуҳои беҳтаринамро барои ояндаи муваффақи кишвари Шумо ва шаҳрвандони он ирсол менамоям. Эҳтиром ба ҳуқуқи байналмилалӣ, ҳуқуқи инсон ва принсипҳои умумибашарӣ, ки дар ойинномаи Созмони Милали Муттаҳид сабт шудаанд, беҳтарин қутбнамои мо дар талош ба сӯи ҷаҳони саршори сулҳу шукуфоӣ боқӣ мемонад.
Ман аз он хушнудам, ки кишварҳои мо чунин муносибатҳои некро идома медиҳанд ва бовар дорам, ки мо метавонем солҳои оянда низ онро рушд диҳем ва амиқтар гардонем. Швейтсария ҳамкориро дар ниҳодҳои молиявии Бреттон-Вудс қадр мекунад ва аз мақомоти Тоҷикистон барои баргузории ҷаласаи ҳавзаҳои интихоботӣ дар моҳи июли соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе изҳори сипос менамояд.
Ман, инчунин, мехоҳам ба Шумо барои паёми шодбошиатон ба муносибати Рӯзи миллии Швейтсария миннатдорӣ баён кунам.
Хоҳишмандам Ҷаноби Олӣ, таҷдиди ғояти эҳтироми маро бипазиред”.
 
Президенти Ҷумҳурии Сербия Александар Вучич:
“Муҳтарам ҷаноби Президент!
Аз номи шаҳрвандони Ҷумҳурии Сербия ва шахсан аз номи худам бо беҳтарин таманниёти шукуфоӣ ба кишвари Шумо ва некуаҳволии шаҳрвандони он ба Шумо табрикоти самимии худро ба ифтихори Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол менамоям.
Бовар дорам, ки дар такя ба муносибатҳои анъанавии дӯстона, мо ба рушди минбаъдаи ҳамкории дуҷонибаи миёни Ҷумҳурии Сербия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамаи соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн мусоидат хоҳем кард.
Ин фурсатро ғанимат шумурда, барои дастгирии усулии нигоҳ доштани соҳибихтиёрӣ ва тамомияти арзии Ҷумҳурии Сербия аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки баёнгари ҷонибдории кишвари Шумо аз усулҳои асосии ҳуқуқи байналмилалӣ ва муносибатҳои самимонаи миёни ду кишвари мо мебошад, изҳори сипос менамоям. 
Муҳтарам ҷаноби Президент, изҳори эҳтироми хосаи маро бипазиред”.
 
Президенти Руминия Клаус Вернер Йоханнис:
“Ба муносибати Ҷашни 33-юмин солгарди эълони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мехоҳам ба мардуми тоҷик ва шахсан ба Шумо бо табрикоту муборакбодӣ ва таманниёти сулҳу амонӣ муроҷиат намоям. Бовар дорам, ки муносибатҳои Руминия ва Тоҷикистон минбаъд ҳам ба манфиати умумии мардумони мо рушд хоҳанд кард.
Шуморо, инчунин, итминон мебахшам, ки Руминия рушди ҳамкории Иттиҳоди Аврупо ва Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба мақсади мусоидат ба рушди устувор, тавсеаи лоиҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн дар соҳаи коммуникатсия ва таҳкими суботи минтақавӣ комилан ҷонибдорӣ менамояд.
Хоҳишмандам, ҷаноби Президент, изҳори ғояти эҳтироми маро қабул фармоед”.
 
Подшоҳи Малайзия аълоҳазрат Султон Иброҳим: 
“Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон!
Дар ҳоле ки Ҷумҳурии Тоҷикистон 33-юмин солгарди Рӯзи Истиқлолияти давлатии худро таҷлил мекунад, ифтихормандам, ки табрикоти самимии худро ба Шумо ва мардуми Тоҷикистон изҳор намоям.
Нақши роҳбарии Шумо – Ҷаноби Олӣ, дар ташаккули ояндаи умедбахш, ояндае, ки дар он ормону орзуҳои мардуми Тоҷикистон зери ваҳдату ҳамбастагӣ шукуфон аст, сарнавиштсоз мебошад.
Дар ин рӯзи фараҳбахш, мехоҳам аз риштаҳои дӯстӣ ва ҳамкорие, ки ду миллатро муттаҳид месозанд, изҳори қаноатмандӣ намоям. Бигузор ин робитаҳо минбаъд ҳам ҷиҳати мусоидат ба тақвияти ҳамбастагии мардумонамон ва манфиатҳои муштараки онҳо густариш ёбанд.
Иҷозат диҳед, инчунин, ба Ҷаноби Олӣ саломатии бардавом ва ба мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон рушду шукуфоии ҳамешагӣ таманно намоям. Лутфан, Ҷаноби Олӣ, эҳтироми олии маро қабул кунед”.
 
Подшоҳи Шоҳигарии Таиланд Маҳа Ваҷиралонгкорн:
“Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон!
Бо истифода аз фурсат ба муносибати Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба Ҷаноби Олӣ табрикоти самимӣ ва орзуҳои беҳтарини худро иброз намуда, ба Шумо саломатии бардавом ва ба мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон пешрафту шукуфоӣ таманно дорам.
Давоми се даҳсолаи охир муносибатҳои дӯстонаи Таиланд ва Ҷумҳурии Тоҷикистон бо доштани заминаи қавии воқеӣ, махсусан дар ҳамкории иқтисодӣ, тақвият ёфтаанд. Итминони комил дорам, ки, бо дастгирии Ҷаноби Олӣ ва уҳдадориҳои мутақобила, мо соҳаҳои гуногуни ҳамкорӣ, аз ҷумла мубодилаи тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва техникиро, ба манфиати бештари кишварҳо ва халқҳоямон боз ҳам тавсеа дода, амиқтар хоҳем кард”.
 
Барқияҳои табрикӣ, ҳамчунин, аз номи Императори Ҷопон Наруҳито, Подшоҳи Белгия Филипп, Подшоҳи Нидерланд Виллем-Александр, Подшоҳи Шведсия Карл XVI Густав, Подшоҳи Испания Филиппи VI, Валиаҳд, Раиси Шурои вазирони Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Муҳаммад ибни Салмон ибни Абдулазиз оли Сауд, Дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай Чжан Мин, Дабири кулли Созмони ҳамкории иқтисодӣ Асад Хан, Генерал-губернатори Канада хонум Мэри Мэй Саймон, Султони Бруней-Доруссалом Ҳассанал Балкиаҳ, Президенти Алҷазоир Абдулмаҷид Теббун, Президенти Давлати Фаластин Маҳмуд Аббос, Капитан-регентҳои (роҳбарони) Ҷумҳурии Сан-Марино Алессандро Росси ва Милена Гасперони, ноиби Президент-муовини Сарвазир, Роҳбари Дастгоҳи Президенти Амороти Муттаҳидаи Араб Шайх Мансур бин Зоид оли Наҳаён,  Дабири кулли Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё Бакитжан Сагинтаев ворид гардиданд.
Воридшавии паём ва барқияҳои шодбошӣ ба унвони Пешвои миллат идома доранд.
 
Санаи нашр: 09.09.2024 №: 173
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив