ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ШУКӮҲИ ИСТИҚЛОЛ ДАР “ҶУМҲУРИЯТ”

ШУКӮҲИ ИСТИҚЛОЛ ДАР “ҶУМҲУРИЯТ”

10 сентябр 2024, Сешанбе
20
0
Бахшида ба 33-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи “Ҷумҳурият” ҷамъомади тантанавӣ доир гардид.
 
Қурбоналӣ Раҳмонзода, сармуҳар-рири рӯзнома кормандонро ба ин санаи фархунда шодбош гуфта, доир ба аҳамияти таърихии истиқлоли давлатӣ ва арзишҳои бебаҳои он ибрози назар кард. Ӯ афзуд, ки имсол барои халқи шарафманди тоҷик боиси ифтихору сарбаландист, ки Ҷашни 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар фазои сулҳу ваҳдати комил бошукӯҳ истиқбол мекунанд. Тавассути талошҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистони соҳибистиқлол дар зарфи 33 сол дар арсаи байналмилалӣ соҳиби нуфузу эътибори баланд гардида, дар ҷодаи тараққиёти хеш қадамҳои устувор гузошт.
Бояд зикр намуд, ки ҳар сол миёни кормандони рӯзномаи “Ҷумҳурият” ба хотири ин санаи фархунда мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ гузаронда мешаванд. Ин навбат низ мусобиқаҳои варзишӣ оид ба футболи хурд, тенниси рӯи миз, шашка ва нард миёни мардон ва бонувон баргузор гаштанд. 
Тибқи натиҷагирии доварон, дар мусобиқаи нард миёни мардон сардори шуъбаи иқтисод Сайфулло Ашуров ғолиб шуд. Дар қувваозмоиҳо оид ба тенниси рӯи миз байни мардон сардори шуъбаи ҳуқуқ Фирӯз Ҷумъазода, миёни бонувон мусаҳҳеҳ Нигина Раҳмонова ғолиб омаданд. Дар мусобиқаи шашка миёни бонувон хабарнигор Гулнисои Саъдоншо ҷойи аввалро гирифт. 
Сардори шуъбаи кор бо шабакаҳои иҷтимоӣ Бузургмеҳр Салимов, ки мусобиқаҳо оид ба футболи хурд байни мардони рӯзномаро доварӣ мекунад, сухан карда, оид ба натиҷаҳои тими футбол дар мусобиқаҳои байниидоравӣ маълумот дод. Изҳор дошт, ки сол ба сол кормандони “Ҷумҳурият” дар футболи хурд таҳти роҳбарии сармуҳаррири рӯзнома пешравиҳои назаррас ба даст оварда, муҳимтар аз ҳама, дар обутоби ҷисмонии худ муваффақ гардидаанд.
 
Комрон САФАР, 
“Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 09.09.2024 №: 173
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив