ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » НЕЪМАТИ БУЗУРГ

НЕЪМАТИ БУЗУРГ

10 сентябр 2024, Сешанбе
12
0
Ман он рӯзҳои мудҳишро ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунам, балки фаромӯш кардан намехоҳам. Ба фарзандонам, шогирдонам, ки шоҳиди ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, майдоншиниҳо набуданд, такрори батакрор аз ин ҳама ёдовар мешавам. Аз бадғаразон ҳам мегӯям ва ин байти Самеъ Одиназодаро ба забон меорам:
 
Ғаразҷӯён чу бо ҳам ёр гарданд,
Азизон бе ҷиноят хор гарданд.
Ин ғаразҷӯён на танҳо душмани азизони кишвар, балки душмани миллат низ буданд. Манфиати худро болотар, муқаддастар аз ҳама чиз медонистанд. Онҳоро душманони мардуму кишвари мо харидор гардиданд ва ин афрод зуд фурӯхта шуданд. Аз ояндаи дурахшони миллат сухан мекарданд, аммо дар асл барояш гӯр меканданд. Шукр наменамуданд, ки истиқлол ба даст овардем ва онро бояд ҳифз намоему пойдор нигоҳ дорем.
Вақт собит сохт ва парда аз рӯйи ҳақиқат бардошт, ки дар хориҷи кишвар соҳиби ҷову мақому дороӣ шудаанд. Осон нест гуфтани ин сухан, ки дар ин ҷанг сабабгори куштани беш аз 150 ҳазор нафар шаҳрвандон гаштаанду беш аз як миллион гурезаи иҷборӣ. Аз оташи афрӯхтаашон қонеъ намегардиданд ва ҳар замон бар он рӯған мерехтанд. Осиёби бадтинатон, душманони моро бо хуни азизонамон дар гардиш дароварданд. Миллат дар саргаҳи нестшавӣ буд. Дарки ин фоҷиаи меомада вакилони мардумиро водор сохт, ки дар бораи сарнавишти ояндаи он биандешанд ва пеши роҳи хунрезӣ, аланга гирифтани оташро бигиранд. Дар Қасри Арбоб вакилон ҷамъ омаданд. Масъалаи интихоби Сарвари давлат, Раиси Шурои Олӣ ба миён омад. Шахсе зарур буд, ки ин масъулиятро бар дӯш бигирад ва истиқлол, миллат, кишварро наҷот бидиҳад. Бешак, он худфидоиро дар ин роҳи мақсади олӣ хостор буд. Ба муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вакилон бовар карданд ва хостор шуданд, ки дар иҷрои он ризоият бидиҳад. Ба ҷуз ӯ, агар ҳар каси дигар ҳам мешуд, барои ҳифзи ҷону ҳастияш ҳеҷ гоҳ ризо намешуд. Барояш раъй доданд ва ӯ бо боварии том изҳор дошт, ки ман ба шумо биҳишт ваъда намекунам, аммо сулҳ меорам, ҳамаи гурезаҳои иҷбориро ба Ватан бармегардонам. Самимияташ, эътимодаш дар ин гуфтаҳо ба хубӣ эҳсос мешуд. Пиру ҷавон дар ҳузуру ғайбаш дуояш доданд, ки дар ин роҳи душвор собитқадаму муваффақ бошад.
Ҳар чи гуфт, ваъда кард, иҷро намуд, балки бештар аз онро, ки дар тасаввури мо намеғунҷид. Ҳеҷ кас мисли ӯ дурбин набуд ва ба ояндаи дурахшони мамлакат дар он замон бовар надошт.
Истиқлоли давлати мо 33-сола мешавад. Чӣ гуна шукри ин неъмати бузургро, ҳифздорандаашро накунем? Ин тифли навзодро дар он замон мехостанд, ки буғӣ бикунанду бикушанд. Шукр, ки натавонистанд, чун муҳофизаш қавитар, дилсоф ва барои мардумаш ғамхор буд.
Магар метавон ин рӯзҳоро бо он рӯзҳои даҳшатбор қиёс кард? Албатта, метавон, аммо ба ин маънӣ, ки тафовут аз Замин то Осмон аст. Ободиҳо, биноҳои боҳашамату зебо ва даствардҳои бузург – ҳама худ гувоҳӣ медиҳанд, ки миллат Пешвои муаззами худро пайдо кард ва бо ӯ ояндаи ин кишвар дурахшонтар мебошад.
Оре, вақте истиқлол ҳаст ва миллат Сарвари тавонову ғамхор дорад, метавон осуда, бо умедҳову иҷрои нақшаҳои бузург кору зиндагӣ кард.
Ҳар саҳар, ки парафшонии Парчами давлатиро дар маркази шаҳр мебинам, боварам ба пойдории истиқлол, ҳастии миллат бештар мешавад ва мегӯям: “Чи неъмати бузургест истиқлол”, ки бояд чун гавҳараки чашм азизаш бишуморему ҳифзаш бинамоем.
 
А. РАҲИМ, шаҳри Душанбе
Санаи нашр: 09.09.2024 №: 173
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив